Муаллифи ин матлаб мегӯяд, то ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта Тоҷикистон соҳиби яке аз мактабҳои беҳтарини геологӣ буд ва дар ҳудуди ин кишвар 400 кони маъодин, аз ҷумла волфрам, висмут, металҳои ранга ва ғайра, кашф шудаанд. Он вақт, ба таъкиди муаллиф, 50 дарсади захираи сурмаи Шӯравӣ ба Тоҷикистон рост меомад.
Дар Тоҷикистон 4 кони металли нодиртарин – стронсий – кашф шудааст, ки дар соҳоти саноати ҳастаӣ, кимиё ва доруворӣ истифода мешавад. Имрӯз ин кишвар 14 дарсади захоири ураниуми ҷаҳонро доро ҳаст.
Муаллифи «Росбалт» менависад, дар конститутсияи ин кишвар ба ихтиёри ширкатҳои ҷаҳонӣ вогузоштани манобеъи ураниум манъ шудааст.
Аз ин хотир, ишора мекунад ожонсӣ, ураниуми Тоҷикистон ба ҷуз Русия таваҷҷуҳи боз Амрикову Чинро низ ба худ ҷалб кардааст ва беҳуда нест, ки Чин имрӯз дар Тоҷикистон даст ба таҷдиди роҳҳои ин кишвар задааст. Аммо дар ҳамин ҳол то ҳанӯз ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи коркарди ураниумаш ягон иқдом накардааст. Ва муаллифи матлаб дар оянда сохтани нерӯгоҳи ҳастӣ дар Тоҷикистонро як амри воқеъӣ унвон кардааст, зеро, ба навиштаи ин бунгоҳ, «коршиносон ураниумро сарвати асосии Тоҷикистон» донистаанд.
«Росбалт» менависад, Тоҷикистон 28 кони тило дорад ва захираи кашфшудаи онҳо 400 тоннаро ташкил мекунад, аммо ҳоло фақат солона дар Тоҷикистон 2 тонна тило истеҳсол мешавад. Бунгоҳ инчунин захираи кашфшудаи нуқраи Тоҷикистонро танҳо дар Кони Мансури шимоли ин кишвар 50 ҳазор тонна овардааст ва дар ҳоли ҳозир он ба далели мавҷудияти фанноварии нав солона коркарди 1000 тоннаро имконпазир медонад.
Муаллифи матлаб аз қавли Раёсати идораи геологияи Тоҷикистон аз кашфи кони нави нуқра дар ғарби Помир ёдовар мешавад, ки захирааш аз Кони Мансур ба маротиб зиёдтар аст.
Ҳамчунин муаллифи матлаб аз кашфи захираи бузурги гилхок дар ғарби Помир ёдовар шудааст, ки, ба қавли ӯ, вобастагии корхонаи арзизи Тоҷикистонро аз гилхоки гаронқимати хориҷӣ раҳо мекунад.
Бунгоҳи «Росбалт» боз менависад, ки ҷаҳон ҳамчунин шоҳиди кашфиётҳои пурсарусадои сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон хоҳад шуд, аммо бо шурӯъи ҷанги дохилӣ ва кишварро тарк кардани беҳтарин олимон ин кашфиёт барои Тоҷикистон осон ба даст нахоҳанд омад.
Ожонсӣ ҳамчунин ба сармоягузории коркарди захираҳои зеризаминии Тоҷикистон пардохта, аз қавли коршиносон, ширкати «Норникел»-и Русияро сармоягузори захираи нуқраи Кони Мансур меномад, ки ҳаҷми сармояаш 4 миллиард доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод.
Бунгоҳи «Росбалт» ширкатҳои «Газпром»-и Русия ва «Тетис Петролиум»-и Амрикову Канадаро сармоягузорони асосии манобеъи газу нафти Тоҷикистон унвон кардааст, ки дар ихтиёрашон 12 кони нафту гази Тоҷикистон қарор хоҳад гирифт.