Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори вазири хориҷаи Фаронса аз Душанбе


Бернард Кушнер, вазири хориҷаи Фаронса
Бернард Кушнер, вазири хориҷаи Фаронса

Б. Кушнер, вазири хориҷаи Фаронса, ҳини дидор аз Тоҷикистон аз афзоиши шумораи низомиёни Фаронса дар Афғонистон то 3 000 нафар эълом кард.

Бернард Кушнер, вазири хориҷаи Фаронса, баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Душанбе изҳор дошт, ки афзоиши шумори низомиёни Фаронса дар Афғонистон як амри зарурист, зеро Фаронса аз кишварҳои умдаи узви Эътилофи байнулмилалии мубориза бо терроризм ва тундгароии мазҳабӣ дар Афғонистон аст.
Оқои Кушнер афзуд, дар ҳоле, ки амният дар Афғонистон таъмин нашудааст, нерӯҳои байнулмилалиро зарур аст, ки дар канори давлати Афғонистон барои истиқрори субот ва оромӣ дар ин кишвар ҳузур дошта бошад.
Ба гуфтаи вазири хориҷаи Фаронса, раиси ҷумҳурии ин кишвар масъалаи афзоиши шумори нерӯҳои низомиаш дар Афғонистонро бо кишварҳои дигари узви Эътилофи байнулмилалӣ мувофиқат кардааст.
Ӯ тазаккур дод, ки 19-уми июни соли равон нишасти вузарои хориҷии кишварҳои узви Эътилофи байнулмилалӣ ва кумаккунандагони Афғонистон баргузор хоҳад шуд. Ин нишаст стротежии нави сиёсии вобаста ба Афғонистон ва шеваҳои ҷадиди мубориза алайҳи экстремизм, даҳшатафканӣ ва қочоқи маводди мухаддир дар ин кишварро мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод, ки дар кори он вазири хориҷаи Тоҷикистон низ ҳузур хоҳад дошт.
Ҳамчунин, гуфт ӯ, 18-19 сентябри соли равон як нишасти дигар дар Порис доир хоҳад шуд, ки он ба масъалаи равобити ин созмон бо кишварҳои Осиёи марказӣ бахшида мешавад.
Бернард Кушнер Тоҷикистонро аз шарики роҳбурдии кишвараш дар минтақаи Осиёи марказӣ унвон кард. Аммо ӯ таъкид кард, ки барои густариши равобит ва махсусан ҷалби сармояи Фаронса ба Тоҷикистон бояд фазои сармоягузорӣ дар ин кишвар иваз шавад: «Барои сармоягузорони фаронсавӣ, ки вориди Тоҷикистон мешаванд, эътимод ба сохторҳои маъмуриву иқтисодӣ ва молии ин кишвар бисёр муҳимм аст. Агар як чунин эътимод дар миён набошад, табиъист, ки маблағгузорӣ низ намешавад. Вақте бовар ба сохторҳо таъмин аст, сармоягузорӣ барои бунёди роҳҳо, тарҳҳои электрикиву энержӣ ва дигар барномаҳо низ сурат мегирад ва Фаронса дар ин кор омодааст. Вале бояд иқлими самоягузорӣ иваз ва низ амният ва шаффофият дар ин замина фароҳам шавад».
Дар ҳамин ҳол масъули сиёсати хориҷаи Фаронса аз вогузории фурӯдгоҳи Душанбе ва ҳарими ҳавоии Тоҷикистон ба нерӯҳои низомии Фаронса ҷиҳати кумакҳои изофӣ ба сарбозонаш дар Афғонистон дар чаҳорчӯби Эътилофи байнулмилалии зиддитерористӣ дар ин кишвар ба давлати Тоҷикистон изҳори сипос кард.
Зимнан Фаронса танҳо кишвари ғарбӣ ва узви Паймони Атлантики Шимолист, ки куллия барномаҳои кумак ва ҳамкории худ дар чаҳорчӯби Эътилофи байнулмилалии зиддитерроистӣ дар Афғонистонро тавассути қаламрави Тоҷикистон амалӣ мекунад. Дар фурӯдгоҳи Душанбе ҳудуди 400 афсар ва сарбози ин кишвар ва низ чанд адад аз ҳавопаймоҳои низомии борбари Фаронса мустақар мебошад. Ва давлати Фаронса бар ивази ин тармим ва бозсозӣ фурудгоҳи Душанберо ба маблағи 25 миллион доллар бар уҳда гирифтааст, ки, ба гуфта вазири хориҷаи Фаронса, корҳои сохтмонӣ дар ин фурӯдгоҳ авохири соли 2009 ба поён мерасад.
Вазири хориҷаи Фаронса дар доираи сафараш ба Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи бинои сафорати ин кишвар дар Душанбе ширкат кард ва ҳамчунин бо Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дидор ва мулоқот анҷом додааст.
XS
SM
MD
LG