Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шиорҳои гирдиҳамоии барпонашуда


Тазоҳуроти доирнашудаи сотсиал-демократҳо дар маркази вилояти мухтори Бадахшон, анҷоми мурофиаи додгоҳии Маъруф Орифов -раиси силсилафурӯшгоҳҳои Орима ва баҳси миёни Сандуқи байналмилалии пул ва Бонки миллии Тоҷикистон дар мавриди гузориши носаҳеҳи масрафи қарзҳои Тоҷикистон дар баробари ин муассисаи молии байналмилалӣ аз мавзӯоти аксари нашрияҳои чопи Душанбе дар ин ҳафта қарор гирифтааст.

Чунончи, ҳафтаномаи «Миллат» таҳти унвони «Бадахшон: Митинг нашуд, аммо мушкил боқист» мушовирин ва расонаҳои расмии кишварро дар беҷуръатӣ ва нотавонии тавзеҳи мавқеи ҳукумат дар баробари иддаои асосии митингчиёни Бадахшон интиқод кардааст. «Миллат» навиштааст, ки давлат сухангӯ надорад. Вагарна мебоист иллати аслии додани пораи замин, ки баҳси бозмонда аз замони Шӯравӣ бо Чинро ба мардум дуруст ташреҳ мекард. Масъала, менависад «Миллат», фоҷиа набуд ва бояд бо баррасии умум ва иттифоқи орои миллат ва бидуни ҳангома ҳал мешуд. «Миллат» ин корро иштибоҳи мушовирони давлат хонда ва афзудааст, президент аз нашрияҳои расмӣ дуруст интиқод кардааст, ки дар амри расонидани иттилоъи воқеӣ заъиф ва беҷуръат ҳастанд.

Нашрия бо такя ба суханони Давлати Худоназар менависад, бархе аз ҳизбҳои сиёсии номуваффақ низ хостанд аз ин фурсат баҳраи сиёсӣ бигиранд, вале ин ба хайр аст, агар ин гурӯҳҳои сиёсӣ ба асбоби бозии манфиатдорони хориҷӣ қарор нагирифта бошанд.

Ҳафтаномаи «Факти и комментарии» дар як матлабе қазияи ба 8,5 соли зиндон маҳкум шудани Маъруф Орифов – раиси силсилафурӯшгоҳҳои Оримаро ба баррасӣ гирифтаааст. Ин нашрия менависад, муҷозоти сангини Орифов ҷомеаи тоҷирон ва соҳибкорони тоҷикро ба таври ҷиддӣ нигарон кардааст. Дар ҳоле, ки сармоягузори аслии ин тоҷир созмонҳои молии байналмилалӣ буданд, муҷозоти ғайришаффофи вай боварӣ ва эътимоти сармоягузоронро ба Тоҷикистон бамаротиб коҳиш медиҳад. Аз тарафи дигар, навиштааст нашрия, моҳияти ҳукми додгоҳ, яъне, мусодираи молу мулк сарусадоҳоеро, ки ҳадафи қазияи мазкурро забти бизнеси Маъруф Орифов аз сӯи ҷониби сеюм меҳисобиданд, тасдиқ кардаст.

«Нигоҳ» - яке дигар аз нашрияҳои чопи Душанбе таҳти унвони «Муродалӣ Алимардон маҷбурӣ маълумоти дурӯғомез додааст», масъалаи ироаи иттилоъи носаҳеҳи Бонки миллии Тоҷикистон ба Сандуқи байналмилалии пулро ба баррасӣ гирифтааст.

Муаллифи матлаб навиштааст, ширкате бо номи Кредит Инвест, ки қарзҳои хориҷӣ ба бахши кишварзиро мутамарказ мекард, 80 то 90 дар садди бозори пахтаро контрол мекард. Вале ҳоло маълум нест, ки чаро ин қарзҳоро бояд Бонки миллӣ бозпас бигардонад. Ба навиштаи «Нигоҳ», ҳоло на танҳо шаҳрвандон, балки ҳукумати Тоҷикистон низ аз ҳисоботҳои Бонки миллии Тоҷикистон иттилои дақиқ надоранд.

«Наҷот» - нашрияи ҲНИТ мусоҳибаеро бо Муҳиддин Кабирӣ, раис ва вакили ин ҳизб дар порлумони кишвар аз натоиҷи мулоқотҳояш бо интихобкунандаҳо ба нашр расонидааст. Оқои Кабирӣ гуфтааст, бархурди масъулони аксари навоҳии кишвар, ба истиснои навоҳии Ашту Истаравшан ва Кӯлоб хуб будааст. Аммо замоне онҳо ба ноҳияи Истаравшан мераванд, касе аз мақомотро пайдо намекунанд, вале баъди бозгашт ба Душанбе аз як корманди Маҷлиси намояндагон мешунаванд, ки як масъули ҳукумати ноҳияи Истаравшан занг зада мегуяд, ки «Кабирӣ омада истодааст, чӣ кор кунем...».

Ин нафар, ки як шахси шӯхтабъ будааст, мегӯяд, идораҳо, яъне утоқҳои кориро холӣ монда, ҳамагӣ гурезед. Масъули ноҳия ин ҳарфро ҷиддӣ пиндоштаааст.

XS
SM
MD
LG