Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки ҷаҳонӣ ҳушдор медиҳад


Бонки ҷаҳонӣ ҳушдор медиҳад, ки таҳти таъсири рукуди иқтисодӣ дар ИМА ва мамолики ғарбӣ суръати рушди иқтисоди кишварҳои Аврупои шарқӣ ва Осиёи Марказӣ заифтар хоҳад шуд.

Бонки ҷаҳонӣ пешниҳод кардааст, ки барои ҳифзи мардуми осебпазир ва камбизоати ин минтақа аз болоравии нархи озуқа ва энержӣ иқдомҳои саривақтӣ андешида шаванд.

"Ислоҳот, ки солҳост дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ идома дорад, беҳбуди зербинои иқтисод ва афзоиши даромади аҳолии минтақа, вале дар айни замон вобастагӣ ба иқтисоди ҷаҳониро ба бор овардааст" -мегӯяд Шигео Катсу, ноиби раиси Бонки ҷаҳонӣ дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ.

Ӯ меафзояд, болоравии нархи маводи ғизоӣ ва энержӣ, ки дар саросари минтақа мушоҳида мешавад, имкон дорад ба афзоиши таваррум ё худ инфлятсия ва зери фишор қарор гирифтани қобилияти харидории мардум шавад. Катсу илова мекунад, ки дар чунин ҳол рушди иқтисодӣ суст шуда, ба хусус мардуми камбизоат осеби зиёд мебинанд.

Бонки ҷаҳонӣ аз ҳукуматҳои минтақаи Аврупо шарқӣ ва Осиёи Марказӣ даъват кардааст, барои ҳифзи мардуми камбизоаттарин чора бияндешанд.

Бар пояи омори Бонки ҷаҳонӣ дар байни солҳои 1999-2006 афзоиши тавлиди нохолиси миллӣ дар ин минтақаи бузург ба беш аз 6 дар сад баробар буд. Дар натиҷа, даромади кишварҳои минтақа ба ҳар сари аҳолӣ солона аз 5592 доллари соли 1998 то 8605 доллари Амрико дар соли 2005 мусовӣ шуд. Хуллас, аз дар як минтақае, ки 460 миллион аҳолӣ дорад, беш аз 50 миллион нафар аз қашшоқӣ раҳо гаштанд.

Вале Бонки ҷаҳонӣ пешбинӣ мекунад, ки дар соли 2007 (ҳанӯз натиҷагирии ин сол анҷом наёфтааст) ва 2008 дастовардҳои кишварҳои минтақа ба қадри назаррас коҳиш меёбанд.

Прадип Митра, раиси бахши иқтисоди минтақаи Аврупо ва Осиёи марказии Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, нооромӣ, ки дар паи бӯҳрони қарзи хона дар ИМА оғоз ёфтааст, боис мешавад, ки дар кишварҳои минтақа тақдими қарз коҳиш ёфта, шароити бозгардони он душвортар гардад. Ба қавли Митра, дар чунин ҳол, барои ҳифзи тавозун ва рушди иқтисод сиёсати шадидтари молӣ, беҳбуди низоми назорати фаъолияти бонкҳо ва ислоҳоти сохторӣ зарур аст.

Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, дар кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ ё худ СНГ дар солҳои 2006-2007 таваррум ба ҳисоби миёна аз 10 то каме беш аз 17 дар садро ташкил дод.

Сабаби асосии афзоиши нархи озуқа хушкии соли гузашта, афзоиши тақозо ба ғалла дар гӯшаҳои дигари дунё ва рӯ овардани баъзе кишварҳои олам ба истифодаи маводи сӯхти биологӣ унвон дода шудааст.

Бонки ҷаҳонӣ тахмин мекунад, ки дар кишварҳои камбизоат ҳатто то 5% боло рафтани нархи маводи ғизоӣ шумораи мардуми қашшоқро 2-3 дар сад афзоиш медиҳад.

Бонки ҷаҳонӣ таъкид мекунад, ки сиёсатмадорон бояд ҳалли кӯтоҳмуддати поин бурдани нархҳоро андешида, дар айни замон дар фикри ҳалли миёна ва дарозмуддати ин мушкилӣ бошанд. Ба ақидаи Бонки ҷаҳонӣ афзоиши ҳосилнокии меҳнат яке аз унсурҳои асосии ҳалли дарозмуддати камбуди озуқаву энергия мебошад.

XS
SM
MD
LG