Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маккормик: Арзёбии ахири СБП бадбинона аст


Як мансабдори воломақоми ИМА иддаъо кардааст, ки арзёбии Сандуқи байнулмилалии пул (СБП) дар бораи буҳрони иқтисодии Амрико нодуруст аст.

Девид Маккормик, муовини вазири молияи ИМА дар умумри байнулмилалӣ, ба хабарнигорон эълом намуд, ки бо вуҷуди чолишҳои молии мувоҷеҳшудаи Амрико, ҳукумати раисиҷумҳури кишвар Ҷорҷ Буш бо баровардҳои СБП розӣ нест.
Вай афзуд: “Дар дарозмуддат мо дар мавриди устовории иқтисоди ҷаҳон ва ҳамчунон иқтисоди ИМА назари хушбинона дорем. Мо бовар дорем, ки пешгӯиҳои ахири ин ниҳоди молӣ аз ҳад бадбинонаанд”.
Рӯзи сешанбе СБП рукуди қариб ҳамаи иқтисодҳои умдаи ҷаҳонро пешгӯӣ карда буд. Мутахассисони сандуқ дар ҳамин ҳол эълом доштанд, ки дар соли 2008 рушди иқтисоди Амрико ҳамагӣ 0,5 фоизро ташкил дода, соли 2009 ин раванд идома хоҳад ёфт, ва ин худ падидаи буҳрон мебошад.
Ҳамчунин пешгӯи шудааст, ки рушди иқтисодҳои Жопун, кишварҳои аврупоӣ ва Бритониё ҳамагӣ 3,7 дарсад хоҳад буд.
Маккормик изҳор намудааст, ки мушкилиҳо дар ИМА ва дигар қисматҳои ҷаҳон, албатта, мушоҳида мешаванд, аммо ба шакли умум вазъ ҳамон тавре ки Сандуқи байнулмилали пул онро тасвир мекунад ноумедкунанда нест. Ӯ, аз ҷумла, гуфт, ки “дар давоми чор соли охир иқтисоди ҷаҳон бениҳоят қави ва рушди миёна тақрибан ба 5 дарсад баробар буд”.
Муовини вазири молияи ИМА инчунин изҳор намуд, ки каме кунд шудани рушди иқтисодиро ҳама мунтазир буданд, аммо бо рӯи даст гирифтани чораҳои зарурӣ имконпазир гардид, то аз идомаи рукуд пешгирӣ шавад.
Маккормик мегӯяд, таъсири манфӣ ба иқтисоди ҳар як кишвар мухталиф хоҳад буд, ва эҳтимол дорад, ки баъзе тавлидкунандагони коло ва иқтисодҳои бозори ба рушдашон идома диҳанд. Дигар кишварҳо ки бо рукуд рубару мешаванд, афзуд ӯ, бояд ба рушди иқтисодӣ кумак расонанд ва хеле иҳтиёткор бошанд.
XS
SM
MD
LG