Интизор меравад дар нишасти ниҳоӣ як эъломияи муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ нашр шавад, аммо Созмони Афви байнулмилал изҳори таассуф кардааст, ки дар мулоқоти Ишқобод асосан ба равобити боимтиёзи иқтисодии Иттиҳоди Аврупо диққат дода шуд, то ба зарурати ҳимоят аз ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ.
Қабл аз оғози нишаст чунин пешбинӣ аз тарафи созмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Humаn Rights Watch садо дода буд. Ва масъули равобити берунаи Иттиҳоди Аврупо хонум Бенита Ферреро Валднер инро пинҳон надошт, ки яке аз вазифаҳои тарафи Аврупо дар гуфтушунид замонати давлатҳои Осиёи Марказист дар таъмини Аврупо бо маводи энержӣ. Ба вижа мулоқоти ӯ бо президенти Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба гуфтаи худаш хеле cамарабахш буд, зеро Туркманистон гуфтааст, омодааст, ба яке манобеъи энержии Аврупо табдил ёбад.
Хонуми Варлднер, албатта, аз масъалаҳои дигар низ ёдовар шуд, аммо ошкор аст, ки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ваъдаи кӯмакҳои Иттиҳоди Аврупо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ меҳвари иҷлоси Ишқободро ташкил додаанд. Аз ҷумла дар иҷлоси Ишқобод чанд тарҳи нави Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ эълон гардид, ки яке аз онҳо барномаи сароягузориҳои густардаи Аврупо ба бахши хусусии Осиёи Марказӣ мебошад.
Иттиҳоди Аврупо инчунин мехоҳад, муносибатҳояшро бо Узбакистон, ки зимни саркӯби хунини тазоҳургарон дар Андиҷон дар соли 2005 ба сардӣ ва ҳатто таҳримҳо гароида буд, барқарор кунад. Хонуми Валднер Узбакистонро як намояндаи муҳими минтақа номид. Ва намояндагони Қирғизистон дар иҷлоси Ишқобод хабар доданд, ки бо мадади Иттиҳоди Аврупо тарҳи истифодаи захираҳои оби Осиёи Марказӣ таҳия гашта, дар Бишкек Академияи Байнулмилалии Об таъсис хоҳад ёфт.