Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба қотилони Шурпаев айбнома эълон шуд


Илёс Шурпаев
Илёс Шурпаев

Ба афроди муттаҳам дар қатли хабарнигори Шабакаи аввали телевизиони Русия Илёс Шурпаев айбномаи расмӣ эълом шудааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, қотилони эҳтимолии журналисти рус танҳо дар қаламрави Тоҷикистон ба муҷозот кашида хоҳанд шуд, ҳарчанд ин ҷиноят дар Маскав, пойтахти Русия, рух додааст.

Додситонии кулли Русия парвандаи мазкурро ба ҳамтоёни тоҷики худ ироа хоҳад кард, чун бар асоси қавонини Тоҷикистон, истирдоди шаҳрвандони ин кишвар ба хориҷа номумкин аст. Ва ҳамзамон, мақомоти додситонии кулли Русия низ ба расонаҳои хабарӣ гуфтаанд, дар истирдоди муттаҳамин аз Душанбе ба Маскав пофишорӣ нахоҳанд кард.

Ду шаҳрванди Тоҷикистон – Масрурҷон Ятимови 24 ва Наҷмиддин Муҳиддинови 20-соларо додситонии кулли кишвар дар қатли хабарнигор Илёс Шурпоев муттаҳам дониста, ва ба онҳо бар тибқи ду банди Кодекси ҷиноӣ - куштори бераҳмона ва роҳзанӣ айб эълом кардааст. Ҳарду дар яке аз боздоштгоҳҳои муваққати Душанбе нигаҳдорӣ мешаванд.

Хабарнигори Шабакаи аввали телевизиони Русия шаби 21-уми март дар манзили зисти худ дар Маскав ба ҳалокат расидааст. Ҷасади ӯро пас аз як соати берун рафтани ду ҷавон аз манзили ин хабарнигор пайдо кардаанд. Тавре ки маълум шуд, Илёс Шурпоев ихтиёран қотилонашро ба манзилаш роҳ дода, ва баъд аз бадар рафтани онон, дар ҳуҷраи хабарнигор оташсӯзӣ сар задааст. Зимнан, кормандони милиса ҷасади хунолудаи Шурпоевро дар рӯйи дивани сӯхтаистода дарёфтаанд.

Пайдо намудани муттаҳамин дар қатли Илёс Шурпоев сарфи вақту нерӯи зиёдро талаб накард, чун амалкарди қотилон ғайрикасбӣ буд ва дар маҳалли ҳодиса изҳои бешумори ҷиноят боқӣ монда буд. 29-уми март мақомоти интизомии Тоҷикистон ҳамроҳ бо ҳамтоёни рус дар Душанбе Масрурҷон Ятимов ва Наҷмиддин Муҳиддиновро боздошт карданд. Андаке баъд онҳо гуноҳи худро иқрор намуданд. Бар асоси далелҳои гирдоваришуда, мақомоти интизомӣ ҷузъиёти ошноии Илёс Шурпоев бо ин ду шаҳрванди Тоҷикистон ва қатли хабарнигорро рӯшан карданд.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон бо нашри як баёния гуфт, ки куштори хабарнигори ОРТ ба фаъолиятҳои касбии вай ҳеҷ иртибот надошта, ва бо ҳадафи ғорати ӯ сурат гирифтааст. Маҳмадалӣ Шафоатов, мушовири вазири дохилаи Тоҷикистон: «Рӯзи содиркунии ҷиноят Ятимов бо хоҳиши Шурпоев ҳаммаслаки худ Наҷмиддин Муҳиддиновро ба хонаи журналист меорад. Ва дар идомаи муносибатҳои бадахлоқонаи ҷинсӣ миёни онҳо муноқиша бармехезад ва баҳонаи кушта гардидани Шурпоев мегардад».

Ба қавли Маҳмадалӣ Шафоатов, мушовири вазири дохилаи Тоҷикистон, Масрурҷон Ятимов ва Наҷмиддин Муҳиддинов баъд аз рабудани 150 ҳазор рубли русӣ ва телефони ҳамроҳу соати тиллоии хабарнигори марҳум ба Душанбе фирор кардаанд. Ҳангоми тафтиш аз афроди боздоштшуда телефони мобил, соати тиллоӣ ва миқдоре пули русӣ кашфу забт гардидааст. Ҳамроҳ бо ин ду нафар ҳамчунин бародари Муҳиддинов – Зиёвуддин низ боздошт гардидааст. Ҳарчанд вай дар қатли хабарнигор Шурпоев даст надорад, аммо, ба қавли мақомоти интизомӣ, аз вуқӯъи ин ҳодиса бохабар буда ва тибқи қонун мебоист мақомотро хабардор мекард. Аммо бар асоси қавонини Тоҷикистон, Зиёвуддин ҳақ дорад, бар зидди бародараш Наҷмиддин ҳеҷ гуна баёнот надиҳад.

Мақомот ёдрас мекунанд, ки муттаҳами аслӣ дар қатли хабарнигори рус Масрурҷон Ятимов дар соли 2005 бо иттиҳоми дуздӣ дар Русия маҳкум ба зиндон гардида ва наздики се соли умри худро дар яке аз зиндонҳои Русия сирапӣ кардааст.

Дар сурати собит шудани гуноҳи Масрурҷон Ятимов ва Наҷмиддин Муҳиддинов дар додгоҳ, онҳоро ҷазои то 25 соли зиндон ва ё ҳабси абад интизор аст.

XS
SM
MD
LG