Маъмулан, паёми аслии машъали олимпӣ, ки аз шаҳрҳои мухталиф гузар мекунад, ташвиқи милёнҳо нафар ба тамошои ин бозиҳои муҳимми варзишии сайёра гуфта мешавад.
Рӯзи душанбе, зимни шурӯъи маросими машъалбардорӣ дар хиёбонҳои марказии Париж, навиштаҷоти азиме ба чашм уфтод, ки дар он ин ҷумла иншо шуда буд: "Париж ҳуқуқи башарро дар саросари ҷаҳон ҳимоят мекунад".
Ҷумлаи мазкур бешак ба саркӯби тазоҳургарони тибетӣ моҳи гузашта дар Чин иртибот дорад, ки шадидан мавриди интиқоди гурӯҳҳои ҳуқуқи башар қарор гирифт. Фаъъолони ҳуқуқи инсон дар аксар давлатҳо аз Пекин тақозо карданд, ки дар пешорӯи бозиҳои тобистонаи олимпӣ вазъи ҳуқуқи башарро дар Чин беҳбуд бахшад. Дар ин роҳ, бархе фаъъолон, ки талош доранд ба маросими машъалбардорӣ халал ворид кунанд, мекушанд бо як роҳе ин оташро хомӯш кунанд ва ё онро аз дасти нафари машъалбардор бигиранд. Аммо полис ба ҳамаи инҳо монеъ мешавад.
Дар хиёбонҳои марказии Париж, ки гурӯҳи машъалбардорон дар ҳалқаи сахти амниятӣ убур мекарданд, сокинони маъмулии Фаронса ва тарафдорони Чинро дидан мумкин буд, ки барои тамошо омада буданд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар дохили Аврупо на ҳама гурӯҳҳои наздик ба ҳукумат дар мавзӯи Чин ва эҳтимоли таҳрим шудани бозиҳои олимпии тобистона аз ҷониби раҳбарони давлатҳо иттифоқи назар доранд. Николя Саркозӣ, раиси ҷумҳурии Фаронса, нахустин раҳбаре буд, ки моҳи гузашта аз мақомоти Пекин даъват кард, то масъулият нишон диҳанд: "Вақте генерал Чарлз Де Гол Чинро эърироф кард, вай давлати Чини дорои минтақаи Тибетро ба расмият шинохт. Ҳатто худи Далай Лама дар суханрониҳояш ба истиқлолият даъват намекунаду таҳрими бозиҳоро ҳам намехоҳад. Чун раҳбари давлат, ман ба раиси ҷумҳурии Чин Ҳу Ҷинтао нигаронии амиқи худро баён кардам ва аз ӯ хостам, ки масъулият нишон дода музокиротро ба роҳ монад".
Зимнан, ба саволи ин ки оё худи Саркозӣ аз таҳрими бозиҳо тарафдорӣ мекунад ё на, ӯ гуфт, ки "дарҳо барои ҳама имконот боз аст".
Дар миёни раҳбарони дигари аврупоӣ Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, гуфт, ки аз ширкат дар бозиҳои олимпӣ даст мекашад. Ин дар ҳолест, ки нахуствазири Бритониё ва раиси ҷумҳурии Амрико гуфтаанд, ки дар маросими ифтитоҳи Олипиада ҳозир хоҳанд шуд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Кумитаи байнулмилалии олимпӣ талош кардааст, то бо ҳар роҳ ҳама гуна ихтилофҳои сиёсиро аз мусобиқаҳои варзишӣ ҷудо кунад. Президенти кумитаи байнулмилалии олимпӣ Жак Рог, ки рӯзи душанбе дар Пекин буд, гуфт, хушунатҳо бо арзишҳои машъали олимпӣ ҳеҷ умумият надорад ва, аммо бо изҳори нигаронӣ аз нооромиҳои Тибет, даъват кард, ки қазияи мазкур ба зудтарин фурсат ҳалли худро пайдо кунад.
Дар ҳамин ҳол, ширкатдорони намоишҳои эътирозии зиддичинӣ мегӯянд, ки ба даври нави раҳпаймоиҳои худ, акнун дар қаламрави Амрико, омодагӣ мебинанд.