Тибки қонунҳои имрӯзаи Русия ҳар шаҳрванди кишвари ҳамсуде, ки дар қаламрави Русия ба сар мебарад ва бо коре таъмин аст, метавонад шаҳрванди ин кишвар шавад. Ба ин хотир давлати Русия қонунҳои худро сода тар кардааст. Барои мисол шаҳрвандони кишварҳои муштаркулманофеъ асноди заруриро таҳия мекунанд, ба хадамоти муҳоҷиратӣ месупоранд ва баъд аз 6 моҳ муҳоҷир шаҳрванди Русия мешавад. Аммо дар миёни муҳоҷирони кишварҳои ҳамсуд шаҳрвандони Қирғизистон тибқи қарордоди байни ду кишвар табаъияти ин кишварро дар мудати 3 моқ ба даст меоранд.
Эмил, корманди консулгарии Қирғизистон дар Маскав, дар ин бора чунин мегуяд: «Чунин аст, ки шаҳрвандони Қирғизистон асноди заруриро мисли дигар шаҳрвандон ҷамъ оварда, ба мо месупоранд. Аммо вақти гирифтани поспорт 6 моҳ не, балки 3 моҳ аст».
Ба гуфтаи коршиносон, ба сабаби коҳиши аҳоли давлати Русия қонунҳои ҳудро барои ҷалби муҳоҷирон осон сохтааст. Ва ҳар сол давлати Русия барои муҳочирон барои ба даст овардани табаъият ҳадди нисоби бештар ҷудо мекунад.
Ҳамчунин табаъияти Русияро донишҷӯёне, ки донишгоҳҳои олии Русияро хатм мекунанд, метавонанд ба даст биёранд ва соҳиби кори хуб шаванд. Абдулқодири Ализода, забоншинос ва муҳоҷири тоҷике, ки дар Русия кор мекунад ва табаъияти Русияро ба даст овардааст, мегуяд: «Нисбат ба дигар шаҳрвандони кишварҳои ҳамсуд барои тоҷикон ба даст овардани табаъият осонтар аст. Кас бояд поспорти худро аз Тоҷикистон аз қайд барорад, шаҳодатнома дошта бошад, аз ташхиси пизишкӣ гузарад – бо ҳамин тамом – ӯ метавонад асноди ҳудро барои дарёфти табаъият бисупорад. Агар асноди шаҳрвандро қабул кунанд, ӯ метавонад пас аз 6 моҳ шаҳрванди Русия шавад».
Аммо мушкилоти аслӣ дар ин замина, яъне ришвахорӣ, ҳамчунон боқӣ мондааст. Аз ин кормандони муассисаҳои зидахли Русия ҳам дар Маскав ва ҳам дар шаҳрҳои дигари кишвар аз ҳисоби муҳочирони хориҷӣ, ба вижа аз шаҳрвандони шӯравии собиқ, даромади зиёди ғайриқонунӣ ба даст меоранд. Муҳоҷирони тоҷик низ аз ҷумлаи онҳо ба шумор мераванд.
Корафтодагон мегӯянд, нисбат ба Маскав ва дигар шаҳрҳои бузург гирифтани шаҳрвандӣ дар вилоятҳову шаҳрҳои дурафтода ва камаҳолӣ содатар аст. Ҷумабой, як муҳоҷири тоҷике, ки дар Маскав, бозор, кор мекунад, мегӯяд, ки барои табаъияти Русияро ба даст овардан, бояд ба дигар минтақаҳои Русия биравӣ ва аз 20 000 то 30 000 рубл ришва бидиҳӣ.