Дар нахустин даври мусобиқот қаҳрамони феълии футболи Тоҷикистон дастаи «Регар» ТадАЗ дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода тими CSKA «Помир»-и Душанберо бо ҳисоби калони 6:1 мағлуб намуд. Ҳамлагари 23-солаи «Регар» ТадАЗ Чарлз Накутӣ, легионер аз Гана, дар дақиқаҳои 4-ум ва 45-уми қисми аввал голҳоро ба самар расонид. Воқиъан, голи аввали ӯ нахустин голи мусобиқоти имсола ба шумор меравад. Чаҳор голи дигари ин дастаро дар қисми дувуми бозӣ Шуҷоат Неъматов (56), Маъруф Рустамов(60), Хуршед Маҳмудов (73) ва Бахтиёр Ҳасанов (75) ба ҳадаф расониданд. Як голи CSKA «Помир» ба Ҷаҳонгир Ҷалилов (дақиқаи 70-ум) марбут аст.
Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии «Регар» ТадАЗ, ба Радиои Озодӣ гуфт, феълан дар ин даста ба ғайр аз Чарлз Накутӣ, боз ду бозигари хориҷӣ – ҳамлагари 24-сола Жаилтон Оливейраи бразилӣ ва дарвозабон Фарҳод Юлдошеви узбакистонӣ – бозӣ мекунанд.
Вале сармураббӣ аз он изҳори таассуф кард, ки Оливейра ба иллати латхӯрии пояш ҳангоми тамрин дар нахустин бозии чемпионат ширкат накард.
Дар бозии дигар, ки дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қурғонтеппа сурат гирифт, «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бар соҳиби майдон дастаи «Вахш» бо натиҷаи 2:1 пирӯз гардид. Ҳисобро дар дар дақиқаи 76-ум бозигари «Вахш» Юсуф Рабиев боз кард. Вале баъди 5 дақиқа ҳамлагари «Парвоз» Ҷомихон Муҳиддинов ҳисобро баробар намуд. Ҳамдастааш Анвар Норқулов дар дақиқаи 89-ум тӯби ҳалкунандаро ба дарвозаи «Вахш» зада, ба тими «Парвоз» пирӯзӣ овард.
Се бозии дигари нахустин даври мусобиқот 6-уми апрел баргузор шуд. Дастаи «Тоҷиктелеком»-и Қурғонтеппа дар майдони худ бар тими «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо натиҷаи 1:0 пирӯз гардид. Тӯбро Мирзобек Мирзоев дар дақиқаи изофӣ (90+1) вориди дарвоза намуд.
Бозии ду дастаи шаҳри Душанбе – «Динамо» ва «Энергетик», – ки дар варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар баргузор шуд, бо натиҷаи 1:0 (Меҳроҷ Урозов, 83) бо пирӯзии «Динамо» хотима ёфт.
Дастаи «Гвардия» (Душанбе) дар варзишгоҳи «Автомобилист»-и пойтахт бар «Саройкамар» (ноҳияи Панҷ) бо натиҷаи 3:1 дастболо шуд. Голҳоро Далер Муҳаммадалиев (11), Темур Нурматов (23), Нуралӣ Бобоев (50) аз «Гвардия», ва Соҳиб Ваҳҳобов аз дастаи «Саройкамар» (90+2) ба самар расонданд.