Оё аҳолии кишварҳои пешрафтаи Ғарб дар бораи Паймони низомии Атлантикаи шимолӣ NАТО дониши комил доранд? Ба ақидаи онҳо кадом кишварҳо барояшон хатари аслиро эҷод мекунанд? Ба назари онҳо, кадом стротежии дифоъӣ қобили қабул мебошад?
Дар пешорӯи баргузоршавии маҷмаъи умумии NАТО (2 - 4-уми апрел) дар Бухарест, пойтахти Руминиё, ширкати пажӯҳишии “Ҳаррис Интерактив”, хабаргузории байнулмилалии Фаронса “24” ва рӯзномаи бонуфузи “Интернейшенл Ҳералд Трибюн” як назархоҳӣ доир намуданд.
Натиҷаҳои ин назарсанҷӣ ҳокӣ аз он аст, ки бо вуҷуди онки мардум дар бораи фаъолият ва ҳадафҳои NАТО нисбатан огаҳии кам доранд, вале онҳо ҳамоно тарафдори боқӣ мондани ин паймонанд.
Ҳамин тавр, шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо дар муқоиса ба нақшаи ИМА барои ҷойгирсозии сипари зиддимушакӣ дар Аврупои Шарқӣ ба нақшаи ташкили нерӯҳои дифоъи дастаҷамъии Иттиҳодияи Аврупо бартарии бештар медиҳанд.
Бино бар як таҳқиқот, аҳолии 6 кишваре, ки дар назарсанҷӣ ширкат намуданд (Фаронса, Олмон, Испания, Италия, Британиё ва ИМА) Эронро хатари умдатарин ҳисоб мекунанд. Амрикоиҳо дар ин феҳрист Чинро дар мақоми дувум гузоштаанд.
Назарсанҷӣ мавзӯъҳову саволҳои гуногунро дар бар гирифт – аз ҷумла, дониши ҷомиъаи ин кишварҳо дар бораи NАТО, хатарҳои эҳтимолӣ, алоқамандӣ ба нақшаи дифоъии низомии Аврупо ва алоқамандӣ ба нақшаи амрикоии насби сипари зиддимушакӣ дар Аврупои Шарқӣ.
Бино бар натиҷаҳои ин пурсиш, ба назар чунин мерасад, ки олмониҳову итолиёиҳо, дар ҳоле ки аксарияти шаҳрвандони дигар кишварҳо иқрор шудаанд дар бораи худи паймони низомӣ ва нақши он тасаввуроташон нокифоя мебошад, дар бораи NАТО дониши бештар доранд. Бо вуҷуди сатҳи пасти дониш дар бораи паймон дар ҳамаи ин кишварҳо чунин ақидаи густардае бартарӣ дорад, ки NАТО бояд боқӣ монад. Ба вижа, олмониҳо аз ин мавқеъ бештар ҷонибдорӣ мекунанд.
Дар Аврупо ва ИМА аксарияти мардум бозгашти эҳтимолии Фаронсаро ба сохторҳои низомии NАТО бо хушӣ истиқбол карданд, дар ҳоле ки дар худи ин кишвар дар мавриди масъалаи мазкур назари шаҳрвандон мухталиф аст.
Дар посух ба суъоле, ки хатари низомии эҳтимолӣ аз кадом кишварҳо метавонад ба онҳо таҳдид кунад, аксарияти ширкаткунандагон, ба хусус амрикоиҳо, Эронро дар ҷои аввал гузоштанд. Дар миёни дигар кишварҳое, ки этимол дорад ба амнияти ИМА хатар эҷод кунанд, ғолибан Ироқ, Покистон ва Афғонистон зикр шудаанд. Аврупоиҳо ва амрикоиҳо дар ин номгуй Русия ва Чинро низ ҷой додаанд, аммо дар ҳар кишвар сатҳи ин нигарониҳо гуногун буд.
Бад-ин тартиб, дар Испания ба хатар аз ин ду кишвар аҳаммияти зиёд намедиҳанд, ҳарчанд дар Бритониё 29 дарсади аҳолӣ Чинро ва 32 дарсад Русияро таҳдиди умда меҳисобанд. 48 фоизи амрикоиҳо аз Чин ва 31 дарсад аз Русия ба ҳайси хатари эҳтимолӣ ном бурданд.