Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бузургтарин намоишгоҳи мошинҳо дар Ню Йорк (Видео)


Дар пойтахти тиҷоратии ҷаҳон шаҳри Ню Йорк бузургтарин намоишгоҳи солонаи мошинҳои сабукрав ифтитоҳ шуд.

Машҳуртарин ва умдатарин корхонаҳои мошинсозии ҷаҳон маҳсули кори худ ва навтарин, босуръаттарин, беҳтарин ва аз ҷиҳати экологӣ бехатартарин навъҳои худравҳои ҳозиразамонро муаррифӣ мекунанд.

Хато намекунем, агар бигуем, ки ягон корхонаи мошинсозӣ аз Форд то Ламборҷинӣ аз ширкат дар ин маърака сарфи назар кунанд. Баъзе ширкатҳо тамғаҳои мошинҳоеро, ки ҳоло танҳо лоиҳаҳои онҳо вуҷуд доранд, бори нахустин ба маърази тамошо гузоштаанд.

Ходимони ширкатҳо бо либосҳои хоси корхонаҳояшон омодаанд дар бораи ин ё он навъи худров маълумоти пурра ва дақиқ диҳанд. Бошандагони Ню Йорку аёлатҳои ҳамсоя ҳамроҳ бо сайёҳон аз тамоми гушаву канори дунё бо шавқу ҳавас бо охирин дастовардҳои фановариҳои мошинсозӣ шинос мешаванд.

Аз ин намоишгоҳ бисёре аз амрикоиҳо ҳамроҳи хонаводаҳояшон дидан мекунанд. Ҷекобсҳо, яке аз чунин хонаводаҳоянд ва онҳо мегуянд, ҳар сол мунтазири ифтитоҳи намоишгоҳ мебошанд ва ҳатман аз он боздид мекунанд.

Ҷавондухтари тақрибан 21-сола, ки худро Линда муаррифӣ намуд, аз ҳаяҷон ҳатто гап зада наметавонад ва танҳо такрор ба такрор мегуяд, ки соли ҷорӣ ҳатман тозатарин модели “Ауди”-ро харидорӣ хоҳад кард.

Дар ҳақиқат ҳам аз баъзе навъи мошинҳо намешавад чашм канд. Мошинҳо бо шакл, ҳаҷм, ранг ва намуд аз якдигар фарқ мекунанд. Бархе мисли киштиҳои кайҳонианд, дигаре бештар ба заврақҳои ҳайратовар монанданд. Мошинҳои тамғаи “Ягуар” дар ҳақиқат монанди бабранд ва гӯё баъди лаҳзае аз ҷояшон меҷаҳанд.

Нархи мошинҳо низ гуногунанд. Дар инҷо мошинҳои арзон аз 10-12 ҳазор доллар то “Мерседес”-у “Майбах”-ҳое, ки садҳо ҳазор доллар қиммат доранд, ҷойгир шудаанд. Муштариён метавонанд озод ба кадом мошине, ки набошад савор шаванд ва бо диққат тамоми навовариҳои охиринро санҷида бинанд.

Бояд зикр кард, ки буҳрони иқтисодӣ, болоравии нархи сузишворӣ, баъдшавии вазъи эколоҷии саёра ва сермошин гаштани шаҳрҳо ба саноъати мошинбарорӣ таъсири худро низ гузоштааст.

Аксарияти ширкатҳо дар баробари муаррифии мошинҳо бо муҳаррикҳои бензинӣ мошинҳоеро ба таваҷҷуҳи муштариёнашон пешкаш кардаанд, ки ҳам аз сузишвории маъмулӣ ва ҳам аз неруи барқ истифода мебаранд.

Дар ин бахш ба хусус дастовардҳои ширкатҳои “Форд”, “Хонда” ва “Тойёта” чашмрасанд. Чунин навъи мошинҳо албатта гаронтаранд, аммо истеҳсолкунандагон мегуянд, истифодаи ин навъи муҳарикҳои ҳибрид сарфи маблағро барои бензин қариб ду баробар коҳиш медиҳад ва ин мошинҳо чанд маротиб камтар газҳои зарароварро ба фазо партоб мекунанд.

Дар муқоиса ба солҳои пеш теъдоди мошинҳои камҳаҷм зиёд шудааст ва ин ҳам бо сабаби он, ки шумораи худравҳо рӯз аз рӯз зиёд шуда мошинҳои калонҷусса дар кучаҳои сермошин наметавонанд ба роҳат ҳаракат кунанд.

XS
SM
MD
LG