Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмакҳое, ки кӯмак намерасонанд


Таҳқиқоти тозае мегӯяд, ки ҳудуди 10 миллиард доллар кӯмакҳои ваъдагии байналмилалӣ ба дасти Афғонистони ниёзманди шадиди ин ёриҳо нарасидааст.

Оҷонсии ҳамоҳангсозии кӯмакҳо мавсум ба ACBAR аз сӯи дигар мегӯяд, ки кӯмакҳои то ҳол расида мувофиқи талаб истифода нашудааст.

Таҳқиқоти Оҷонсии ҳамоҳангсозии кӯмакҳо ё ACBAR мегӯяд, ки аз замони суқути режими Толибон дар охирҳои соли 2001 ҷомеаи байналмилалӣ ӯҳдадор шудааст, ки ҳудудан 25 миллиард доллар кӯмакҳоро ба Афғонистон ироа мекунад. Ва аммо то ҳол, тибқи арзёбиҳои ACBAR, дар маҷмӯъ танҳо дар ҳудуди 15 миллиард доллари ин кӯмакҳо ба дасти мардуми ин кишвар расидаасту халос. Ҳисоб шудааст, ки дар айни замон 90 дар сади масрафоти Афғонистонро кӯмакҳои башардӯстона ташкил медиҳад. Гузорише бо исми "Нокомӣ" инчунин ҳокӣ аз он аст, ки 40 дар сади кӯмакҳо, ки тавассути барномаҳои ёрирасону тарҳҳои башарӣ вориди ин кишвар шудааст, дубора ба шакли молиёт ва ё маоши ҳамшарикони ғарбӣ ба ин давлатҳо баргардонида шудааст. Рамазон Башардӯст як узви парлумони Афғонистон ва собиқ вазири барномарезӣ аст. Ӯ мегӯяд, аксар маблағҳое, ки тавассути кӯмакҳои башарӣ вориди ин кишвар шудааст, амалан беҳуда сарф шудааст:

"Шумо бубинед, мардуми Амрико, Инглистон, Фаронса, Олмон, Ҷопон кор мекунанд, заҳмат мекашанд, молиёт медиҳанд ва аз молиёти онҳо ба Афғонистон кӯмак мешавад, ки роҳҳо, хати барқ сохта шавад, зиндагии мардум оромтар шавад. Ҷомеаи байналмилалӣ дид, ки дар Афғонистон ба касоне, ки кӯмак дода мешавад, барои мошинҳои 60 ҳазор долларӣ масраф мешавад, барои хонаҳои люкси 15 ҳазор долларӣ масраф мешавад, яъне ба масорифе меравад, ки 90 фисадаш масорифи лоҷистикӣ ва идорӣ мебошад".

Таҳқиқоти мазкур мегӯяд, ИМА, Комиссиюни Аврупо ва Олмон аз донорҳои бузургтарини Афғонистон мебошанд, аммо маҳз ҳаминҳо дар иҷрои тааҳҳудоти худ дар баробари ин кишвари ниёзманд ноком шудаанд. ACBAR навиштааст, ки ИМА аз маблағи куллии ваъдагии 10,4 миллиард доллар то соли 2008 амалан танҳо нисфи ин маблағҳоро ироа кардаасту халос, дар ҳоле, ки Комиссиюни Аврупо ва Олмон аз се ду ҳиссаи ваъдаҳояшонро ба сомон расонидаанд.

Дар ҳамин ҳол, як мудири Бонки Ҷаҳонӣ Марям Шерман дар сӯҳбат бо хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, ки бо вуҷуди ин, ҳамин 50 дар сад иҷро шудани тааҳҳудоти байналмиалӣ ҳам дар муқоиса бо ин ки маъмулан сохторҳои молӣ моҳҳову солҳо ироаи кӯмакҳои пулиро баррасӣ мекунанд, бад нест.

Дар идомаи гузориши тозанашри Оҷонсии ҳамоҳангсозии кӯмакҳои Афғонистон омадааст, ки кӯмакҳо ва пулҳои то имрӯз ироашуда ба ин кишвар низ дар аксар ҳолатҳо берун аз мақсад истифода шудааст ва ё аслан барҳадар рафтааст. Ҳошим Майёр, муовини раиси ACBAR дар сӯҳбат бо радиои Афғонистони Озод мегӯяд, таҳқиқоти онҳо собит кардааст, ки зимни ироаи кӯмакҳо аз рустоҳову манотиқи дигари амни кишвар сарфи назар шудааст.

"Агар ироаи кӯмакҳо дуруст сурат нагирад, амният харобтар мешавад, сулҳ хубтар шуда наметавонад ва вақти зиёдро дар бар хоҳад гирифт. Тарс аз ин аст, ки беамниву норизоиятии бештар ба миён меояд, чароки давлат ваъда карда буд. Чун ҷомеаи байналмилалӣ кӯтоҳ омад дар кӯмакҳояш, аз ин лиҳоз норизоиятӣ бештар мешавад".

Дар идома гуфта мешавад, ки миқдори номутаносиби кӯмакҳо бо ҳадафҳои низомӣ масраф шудааст, дар ҳоле, ки бояд барои муқобила бо фақру нодорӣ равона мешуд. Гузориш ҳокист, дар ҳоле, ки низомиёни ИМА рӯзона ба ҳисоби миёна 100 миллион доллар сарф мекунанд, шурӯъ аз соли 2001 ҳаҷми миёнаи кӯмакҳои аз ҷониби куллия ҷомеаи байналмиалӣ ироашуда дар маҷмӯъ рӯзона танҳо 7 миллион долларо ташкил додаасту халос. Оқои Майёр меафзояд, ки хулосаҳои гузориши онҳо дар воқеъ эҳсосот ва нигарониҳои мардуми оддии Афғонистонро аз пешрафтҳои нокофӣ дар зиндагиашон инъикос мекунад:

"Кӯмакҳо бештар ба шаҳрҳо сурат мегирад, то ба рустоҳо. Ба рустоҳо камтар таваҷҷӯҳ шудааст, дар ҳоле, ки бештари мардум дар рустоҳо зиндагӣ мекунанд. Дар ҷоҳое бештар сурат мегирад, ки дар он ҷо амният хуб нест, ба умеди ин ки ин ҷо вазъи амниятӣ хуб шавад. Аммо дар асл баръакс шуд: мо дидем, ки амният беҳбуд наёфт, амният бештар хароб шуда рафт. Дар ҷоҳое, ки имкон дорад кор сурат гирад, дар он ҷоҳо кор сурат намегирад".

Гузориш инчунин мегӯяд, ки эҳтимолан камбудиҳо дар роҳи ироаи кӯмакҳо аз мушкилоти мисли шароити сахти ироаи кӯмакҳо ва вуҷуди фасоду ришвахорӣ маншаъ мегирад. Ва ин мушкилот, меафзояд гузориш, инчунин метавонад сабаби ин бошад, ки аз се ду ҳиссаи кӯмакҳои хориҷӣ роҳи ҳукумати Афғонистонро сарфи назар мекунад ва дар ниҳоят сабаби баҳам зада шудани талошҳои бунёди сохторҳои қавии давлатӣ мешавад. Ба ҳайати оҷонсии ҳамоҳангкунандаи кӯмакҳо мавсум ба ACBAR 94 созмони кӯмакрасон шомил ҳастанд, ки дар миёни онҳо OXFAM, CARE, созмони Кӯмаки масеҳиён, Наҷоти Исломӣ ва Наҷоти кӯдакон мебошанд.

XS
SM
MD
LG