Варзишгари маъруфи тоҷик нахуст дар рақобатҳо дар вазни то 48 кг бар ҳарифони худ аз Ҳиндустон, Афғонистон ва Жопун (Япония) пирӯз шуда, ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфт ва новобаста аз натиҷаи қувваозмоии ниҳоӣ ба Олимпиадаи Пекин роҳхат гирифт. Бад-ин тартиб, Шералӣ Достиев шарафи Тоҷикистонро барои дувумин бор дар Бозиҳои олимпӣ ҳимоя хоҳад кард.
Ёдовар мешавам, пеш аз Шералӣ Достиев боз ду муштзани дигари тоҷик – Анвар Юнусов дар вазни то 51 кг ва Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 81 кг – соҳиби роҳхатҳои олимпӣ гардидаанд.
Умуман, то имрӯз 10 варзишгари Тоҷикистон дар 6 навъи варзиш ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Пекин мушарраф шудаанд. Ба ғайр аз муштзанҳо, боз 7 нафари дигар - гурзандозҳо Дилшод Назаров ва Галина Митяева, паҳлавонон Расул Боқиев (дзюдо) ва Юсуф Абдусаломов (гуштии озод), шиноварон Алишер Чингизов ва Екатерина Измайлова, камонвар Албина Камолиддинова Тоҷикистонро дар Олимпиадаи Пекин намояндагӣ хоҳанд кард.