Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврӯз дар Амрико


Наврузи ҳуҷастапай кайҳост ки барои ИМА иди маъмулӣ гаштааст. Теъдоди зиёди муҳоҷирон аз Афғонистону Эрон, ки ин идро ҷашн мегиранд, дер боз Амрикоро ватани дувумашон мехонанд ва дар ҳаёти фарҳангӣ ва сиёсии ин ҷо нақши намоён мебозанд.

Бо фарорасии соли нави тамоми мардуми ориёинажод, шабакаҳои сершумори радиову телевизиони форсизабони Амрико барномаҳои наврузиашонро шуруъ кардаанд, ва акнун суруду таронаҳои баҳорӣ ба забони форсӣ дар мавҷҳои фазо танинандозанд.

Раисҷумҳури кишвар Ҷорҷ Буш мисли ҳамасола онҳоеро ки ин идро таҷлил мекунанд, бо фарорасии он табрик гуфта, изҳори умед кард, ки соли нав ба сокинони кишварҳои Ховар хурсандӣ, хушӣ ва демократияро тақдим мекунад.

Ҷомеъаи ру ба афзоиши тоҷикони муқими ИМ низ аз тадобирҳои наврузӣ дар канор намондаанд. Ҳар сол ҷомеъаҳои тоҷикон дар иёлатҳои мухталифи тоҷикон ин иди фархундаро бо оростани дастурхони идона ва бо рақсу бозиву сурур пешвоз мегиранд.

Ҳамин тавр, як гуруҳ донишҷуён ва варзишгарони тоҷик, ки ҳоло дар Ню-Йорк ба сар мебаранд, тасмим гирифтаанд, Наврузро дар яке аз тарабхонаҳои беҳтарини шаҳр ҷашн бигиранд.

Фотеҳ Мухторов, паҳлавон ва гуштингири тарзи озод ва сумо, барандаи чандин сабқатҳои байналмилалӣ аз он ҷумла дар Амрико, шахсе ки обруяш миёни “бачаҳои тоҷик” хеле баланд аст, гуфт, ҳар куҷое ки ба хориҷи Тоҷикистон сафар накунад, ёди Наврузро дар дил дорад ва онро ҷашн мегирад.

“Бо вуҷуди он ки аз ватан дуртар ҳам бошем, дар куҷое набошем, ин Наврӯз иди қадимаи тоҷик, яъне ки ин соли нави бобоҳои мо бо ҳамин сар мешавад, рузу шаб баробар мешавад. Мо ҳатман ин идро ҷашн мегирем, дар куҷое ки набошем, дар Амрико дар беҳтарин тарабхона ин идро ҷашн мегирем. Дар ин Наврузи нав ба ҳамаи тоҷикистониён умри дароз, ризқи фароз, дар корҳояшон беҳбудӣ орзу мекунам. Мехоҳам бигӯям ки соли 2008, Наврузи 2008 беҳтарин сол аст. Ва азбас, ки ин сол соли Олимпиадаи 2008 дар Хитой мебошад, мехостам паҳлавонон ва варзишгарони мо дар Олимпиада натиҷаҳои беҳтаринро нишон диҳанд”.

Ҳамсуҳбати дигарамон Абдураҳмон Абдусатторов, донишҷуи яке аз коллеҷҳои Ню Йорк мегуяд, мударрисонашон ба хотири Навруз ба донишҷуёни тоҷик ҳатто рузи таътил додаанд.

XS
SM
MD
LG