Муаллифони ин гуна энсиклопедияҳо Википедиаро масхара мекунанд, ки аз энсиклопедияҳои сермуштарӣ дар Интернет ба ҳисоб меравад. Масалан, сомонаи интернетии олмонӣ “Cameliopedia.org” 10 ҳазор мақолае дорад, ки дар онҳо тасаввури шутурҳоро доир ба корҳои ҷаҳон навиштаанд.
Сомонаҳои интернетии stupidedia.org ва falsipedia.org низ саршор аз чунин мақолаҳои пучу бемаънӣ ҳастанд. Аз ҷумла, stupidedia.org хонандагони худро ҳушдор медиҳад, ки рӯзи 32 декабр қиёмат фаро мерасад ва агар касе ба сектаи дилхоҳи мазҳабиаш кӯмак кунад, аз балои қиёмат наҷот хоҳад ёфт. Фалспедиа доир ба ҳодисаҳои имрӯза навиштааст, ки шаҳри Рум суқут кард ва барбарҳо онро талаву тороҷ мекунанд, ки хабарест дурӯғ ва хоҳиш мекунам, ба он бовар накунед.
Баъзе аз мақолаҳои ин гуна энсиклопедияҳои интернетӣ бо пажӯҳишҳои бофтаву, иқтибосҳои дурӯғ ба қавле оро дода шудааст, ки хонандагонро гумроҳ мекунанд. Масалан, ҳар мақолаи хандаовари сомонаҳои Uncyclopedia.org бо иқтибосҳои дурӯғе, ки ба адиби маъруф Оскар Уайлд иртибот дода мешаванд, оро ёфтаанд.
Ин гуна сомонаҳо асосан Википедиаро масхара мекунанд ва дар нигоҳи аввал ҳамон сомонаи интернетии Википедиаро ба ёд меоранд, аз ҷумла Uncyclopedia.org ва ё Illogicopedia.org. Аммо девонагиҳое, ки ин сомонаҳо мекунанд, паёмадҳои ҷиддӣ ҳам доранд, зеро хонандагони ҷавони зудбовар мақолаҳои бофтаи дурӯғро ҳамчун иттилоъи дурусту воқеъӣ мепазиранд.
Масалан, як пажӯҳиши соли 2007 дар Олмон нишон додааст, ки аз ҳар шаш нафар ҷавонони 19 сола бештар аз беш аз ними онҳо ба кӯркурона ба Википедиа бовар мекардаанд, ки ҳар нафари дилхоҳ метавонад дар он мақола гузорад ва ё таҳрир кунад. Ва ин ҳам дар ҳоле, ки танҳо 40 дар сади онҳо ба манбаъи хабарии боэътимоде ба мисли Шпигел бовар мекардаанд.
Аммо энсиклопедияҳои масхараомези интернетӣ танҳо барои гумроҳ кардани корбарон набудааст, балки барои баланд бардоштани огаҳӣ аз истифодаи Википедиа, ки аз тарафи ҳар фарди дилхоҳ таҳрир мешавад ва аз хатоҳо холӣ нест.