Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Густариши кишти хашхош дар Афғонистон


Мазореъи кишти хашхош дар Афғонистон тавсеъа пайдо карда ва ба ин тартиб, имкони тавлид ва қочоқи он дар соли равон вуҷуд доштааст.

Ин ҳарф зимни муаррифии гузориши солонаи СММ дар мавриди вазъи гардиши маводи мухаддир дар минтақа аз ҷониби мақомоти Оҷонсии назорат бар гардиши маводи мухаддири Тоҷикистон ва намояндагии Идораи мубориза бо маводи мухаддир ва ҷароими созмонёфтаи СММ гуфта шуд.

Бино ба гузориши идораи мубориза бо маводи мухаддир ва ҷароими СММ ва Оҷонси назорат бар маводи мухадири Тоҷикистон, парвариши хашхош дар ҳоле дар бархе вилоёт коҳиш пайдо карда, ки дар бархе дигар чандин дарсад афзоиш доштааст. Вайсиддин Азаматов, муовини раиси Оҷонси назорат бар гардиши маводи мухаддири Тоҷикистон дар ин маврид аз ҷумла гуфт, дар соли 2006 дар Афғонистон дар 165 ҳазор ҳектор замин хашхош кишт шуда буд. Ин мазореъ ба суръат густариш пайдо кард ва дар соли 2007 ба ба 193 ҳазор ҳектор расид, ки 27 дарсад бештар мебошад. Ҳамчунин шумори воҳидҳои кишоварзии парваришкунандаи маводи мухаддир низ афзоиш ёфтааст. Дар соли 2006 шумори онҳо 447 воҳид буд, ки феълан ба 509 адад расидааст.

Дар ҳамин ҳол, Азҳар Рашидхон, ҳамоҳангсози минтақаии тарҳи идораи назорат бар маводи мухаддир ва ҷароими созмонёфтаи СММ гуфт, афзоиши кишти хашхош тибқи бар асоси таҳқиқоти анҷомдодаи ниҳодҳои марбутаи байналмилалӣ умдатан дар манотиқи бесубот ва ё камбизоат мушоҳида мешавад. Ӯ гуфт, бинобар авзои бесуботи манотиқе, ки кукнор кишт мешавад, созмонҳои байналмилалӣ имкони онро надоранд, ки фаъолият кунанд ва кишти ҷойгузини хашхошро пешниҳод намоянд, то кишти хашхош коҳиш пайдо кунад.

Ба гуфтаи оғои Рашидхон, дар манотиқе аз Афғонистон, ки созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои давлат имкони мубориза бо хашхошро доштанд, мазореъи кишти он коҳиш пайдо карда ва барномаи ҷойгузини хашхош кардани зироатҳои дигар муваффақият пайдо кардааст. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки дар ҷануб ва ғарби Афғонистон кишти хашхош шаш баробар афзоиш, дар шарқ ва шимол шарқи он кишвар даҳ дарсад коҳиш дошта ва дар панҷ вилояти дигари ҷануб бидуни тағйир назар ба солҳои пешин боқӣ мондааст.

Мақомоти Оҷонси назорат бар гардиши маводи мухаддири Тоҷикистон ҳамчунин гуфтанд, ки бино ба ахборе, ки аз афсарони робити худ дар Афғонистон дарёфт кардаанд, сармои имсол эҳтимолан ҳосили кишти хашхош дар бархе манотиқро коҳиш диҳад. Аммо, боз ҳам афзуд муовини Оҷонси назорат бар гардиши маводи мухаддири Тоҷикистон, ин коҳиши қобили мулорҳизае нахоҳад буд.

XS
SM
MD
LG