Вазорати хориҷаи Амрико гузориши байнулмилалии стратегияи назорати маводи мухаддир барои соли 2008-ро ба Конгресси ин кишвар пешниҳод кард. Гузориш ба кӯшишҳои кишварҳои асосии ҷаҳон дар мубориза алайҳи тиҷорати байнулмилалӣ дар соли 2007 рӯшанӣ андохтааст. Тибқи ин гузориш, Афғонистон ва кишварҳои Амрикои Лотинӣ умдатарин тавлидгарони маводи мухаддири ҷаҳон маҳсуб мегарданд. Боливия 90 дарсади кокаин ва Афғонистон 93 дарсади героини ҷаҳонро тавлид мекунанд. Дар гузориш ҳамчунин аз ҳамкориҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо кишварҳои ҷаҳон ба хотири мубориза алайҳи қоҷоқи маводи мухаддир муфассал маълумот оварда мешавад. Амрико солона 4,5 миллиард доллар ба кишварҳои ҷаҳон кӯмак мекунад, ки 1,5 миллиарди он ба Амрикои Лотинӣ рост меояд.
Дар ин гузориш аз Тоҷикистон низ сухан меравад. Тоҷикистон дар ин гузориш кишвари умдаи интиқоли афъюн ва героини Афғонистон арзёбӣ шудааст. Тибқи гузориш, қисмати бузурги афъюну героини Афғонистон бештар тариқи роҳҳои заминии Тоҷикистон, ки Масири Шимол низ номида мешавад, ба бозорҳои Русияву Аврупо мерасанд. Маводи мухаддири Афғонистон тариқи Тоҷикистон ҳудудан 40 дарсад ба Русия, 30 дарсад ба Аврупо ва тариқи ноҳияи Мурғоб 5 дарсад ба Чин интиқол меёбад.
Ҳамчунин дар гузориш омадааст, ба Иёлоти Муттаҳида низ тариқи Тоҷикистон маводи мухаддир ворид мешавад, аммо ҳамагӣ 3 дарсадро ташкил мекунад ва гузашта аз ин, ҳамин миқдор тавассути Африқо ба Амрикои Ҷанубӣ низ интиқол меёбад.
Дар Оҷонсии мубориза бар маводи мухаддири Тоҷикистон, аз роҳи Тоҷикистон ба Аврупову Русия интиқол ёфтани маводи мухаддирро таъйид, аммо аз Амрикову Амрикои Ҷанубӣ изҳори беиттилоотӣ карданд. Бобоҷон Шафиев, масъули маркази матбуотии Оҷонсӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, бори аввал дар таърихи Тоҷикистон ахири соли 2007 дар шарқи кишвар як амалиёти муштарак алайҳи қоҷокбарон сурат гирифт:
«Аслан Чин ҳамкориҳояшро бо Оҷонси мубориза бар маводи мухаддири Тоҷикистон хеле пештар шурӯъ карда буд, аммо ҳамкорие, ки мӯҷиби боздошти қочоқбарон шуд, танҳо моҳи октябри соли 2007 иттифоқ афтод. Бар асари як амалиёти муштараки хадамоти амниятии Чин ва оҷонсӣ як гурӯҳи муташаккили байнулмилалӣ иборат аз шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Афғонистон ва Чин боздошт гардиданд, ки аз онҳо 500 грам героин мусоидра шуд»
Дар гузориши Вазорати хориҷаи Амрико бо он вуҷуд ки кӯшишҳои ҳукумати Тоҷикистон дар мубориза бар маводи мухаддир зикр мешавад, аммо коррупсия ё фасод дар сатҳи болоиро садди умдаи ин мубориза ном мебарад. Дар гузориш омадааст, раҳбарони фасодзада дар амри пеш рафтани таҳқиқотҳо ҷиҳати фош кардани гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ монеа эҷод мекунанд. Ва дар ин гузориш кӯшишҳои ҳукумати Тоҷикистон алайҳи фасод номуваффақ арзёбӣ мешавад.
Ба ҳамин минвол, Вазорати хориҷаи Амрико гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, мушкилоти иҷтимоӣ, сатҳи пасти зиндагӣ ва маош, бекорӣ, адами мутахассисин, заъфи нерӯҳои марзбонӣ, минтақаҳои назораташон душвор, муҳоҷирати корӣ ба Русия, ноамнӣ дар Афғонистон ва марзи тӯлонӣ бо ин кишварро аз авомили дигари пойдорӣ ва рушди қочоқи маводи мухаддир тариқи Тоҷикистон ном мебарад.
Вазорати хориҷаи Амрико фаъолияти ҳукумати Тоҷикистон дар мубориза алайҳи қоҷоқи маводи мухадирро дар қиёс бо дигар ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ муассиртар арзёбӣ мекунад. Дар гузориши вазорат ҳамчунин омадааст, Тоҷикистон ҳамкориҳояшро дар ин самт бо ҳамаи кишварҳо, аз қабили Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Афғонистон дуруст ба роҳ мондааст.
Тибқи иттилоъи Оҷонси мубориза бар маводи мухаддири Тоҷикистон, ин кишвар аз рӯйи мусодира ва боздошти афъюну героин миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои муштаракулманофеъ ва Осиёи Марказӣ мақоми аввалро гирифтааст. Аз рӯйи боздошти героин дар ҷаҳон баъд аз Хитой, Покистон ва Туркия дар мақоми саввум қарор дошта, дар боздошти афъюн баъд аз Эрону Покистон дар мақоми саввум меистад.