Раиси комиссиюн В.Чуров дар мулоқот бо хабарнигорон иттилоъ дод, шумориши 99,5 дар сади баргаҳои раъйдиҳӣ нишон дод, ки Дмитрий Медведов, муовини аввали нахуствазир бо дарёфти беш аз 70 дар сади раъйи мардум баранда шуд.
Раиси Комисиюни марказии интихоботӣ ҳамчунин хабар дод, се довталаби дигар, раиси ҳизби демократ- Андрей Богданов ҳудудан якуним дар сад, раиси ҳизби либерал- демократ В.Жириновский наздик ба даҳ дар сад ва раиси ҳизби коммунист, Г.Зюганов ҳудудан 18 дарсади раъйи мардумро дарёфт карданд.
Дмитрий Медведов пирузии худро ҳамроҳ бо В. Путин дар мулоқот бо як издиҳоми 20-ҳазорнафараи ширкаткунадагони як базми мусиқӣ дар Майдони сурхи ҳошияи Кремл таҷлил кард.
Медведов дар нишасти хабарие, ки дар ситоди интихоботии худ баргузор намуд, эълом кард, барномаҳои сиёсӣ ва иқтисодиеро, ки В.Путин матраҳ кардааст, иҷро хоҳад кард. Медведов муҷаддадан таъкид кард, ки Путин пас аз анҷоми даврони президентии худ, дар мақоми нахуствазири кишвар кор хоҳад кард.
Дмитрий Медведов дар посух ба саволи хабарнигорон дар мавриди ин ки пас аз нишастан ба чавкии раёсати ҷумҳурӣ аз кадом кишвар боздид хоҳад кард, гуфт, аз яке аз кишварҳои Муштаракулманофеъ, ба ин хотир ки ҳамкорӣ бо кишварҳои Муштаракулманофеъ дар сиёсати хориҷии Русия авлавият дорад.
Комиссиюни марказии интихоботӣ хабар дод, ки натиҷаи ниҳоии интихоботи президентиии рузи якшанбе 7 март эълом мешавад. Баргузории маросими савганди раисҷумҳури тозаинтихоб ба 7 май дар назар аст. То он замон Путин даврони президентии худро идома медиҳад.
Дар ҳоле ки Комисиюни марказии интихоботи дар бораи интихоботи шаффофу озод суҳбат мекунад, Г. Зюганов, ки бори саввум дар интихоботи президентӣ ширкат кард, гуфтааст, бори дигар мардуми кишварро гумроҳ карданд ва имкон надоданд мушкилоти доғ ба дурустӣ баррасӣ шавад. Нозирони ҳизби коммунист беш аз сад ҳодисаи тақаллубкорӣ ва қонуншиканӣ дар интихоботро ба қайд гирифтаанд. Ҳизби коммунист эълом кардааст, дар ин робита ба додгоҳ шикоят хоҳад кард
В. Жириновский, раиси ҳизби либерал- демократ, ки бори панҷум барои курсии раёсати ҷумҳурӣ талоши беҳуда кардааст, натиҷаи муқаддамотии интихоботи президентии рузи якшанберо «омори дуруғин» унвон кардааст. Жириновский гуфтааст «Он чи интихобот унвон кардаанд, интихобот набуд, балки маросими таъини президенти таъиншуда буд.»
Комиссиюни марказии интихоботии Русия, соати даҳи субҳи сеюми март натиҷаи муқаддамотии интихоботи президентӣ дар ин кишварро эълом кард.