Солҳои ахир дар шаҳрҳои бузургтарини Амрико ҳузури русзабонон ба таври чашмрас афзоиш ёфтааст. Дар рӯзи интихоботи Русия танҳо дар Ню Йорк се ҳавзаи интихоботи ташкил шуда буд: дар Бронкс, Манҳеттен ва дар Бруклин. Бруклин ва махсусан минтақаи Брайтон бичро маъмулан қалби русии Амрико мехонанд. Ин ташбеҳ беҳуда нест чунки дар инҷо кас худро гӯиё дар як шаҳри русӣ ҳис мекунад. Номҳои мағозаҳо, эълонҳо, гуфтугӯи раҳгузарон ҳама бо забони русист. Маркази раъйдиҳӣ дар бинои театри “Миллениум” ҷойгир шуда буд ва дар зарфи тамоми рӯз пуриздиҳом ба чашм мерасид. Масъули интихобот, муовини консули генералии Русия Филип Рибин ба бахши тоҷикии родиои озоди мегӯяд: “Дар Бруклин теъдоди аз ҳама зиёди шаҳрвандони Русия ба сар мебаранд. Минтақаи зери масъулияти Консулгарии Ню Йорк хеле бузург аст. Тамоми аёлатҳои Англияи нав ва аёлати Пенсилвания ба он шомиланд, ба ҳамин хотир мо ба хулоса расидем ки як ҳавзаи интихоботи дар бинои консулгарӣ кофи нест. Ин ҳавзаҳои иловагӣ ба хотири осон кардани раъйдиҳӣ ташкил шудаанд”.
Мария Гинтова, як донишҷӯи рус, гуфт, медонад, ки раъйи ӯ ба натиҷаҳои ниҳоӣ ягон таъсире нахоҳад дошт, аммо бо ин вуҷуд дувуним соатро дар роҳ сарф карда, барои раъй додан омадааст: “Натиҷаҳои интихобот ба ҳама маълуманд. Вазъи сиёсии Русия ба ман маъқул нест ва ман танҳо ба ҳамин сабаб ба инҷо омадам ва мехоҳам, ки ҳеч набошад кушиш кунам ба тағийри вазъ таъсир расонам, ва мехоҳам виҷдонам пок бошад.”
Аммо ба сурати умум шореҳони амрикои интихоботи Русияро манфӣ арзёбӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, корзори интихобот ғайримунсифона буд ва рақобати ҳақиқӣ дар он вуҷуд надошт. Номзадҳои аслии мухолифин аз имкони ширкат ва мубориза маҳрум шуданд ва ба интихобот роҳ наёфтанд. Шореҳон мегӯянд, натиҷаҳои интихобот аз қабл маълум будаанд ва интихобот дигарбора нишон дод, ки Русия ҳаракаташро ба ақиб ба сӯи замони шӯравиро идома медиҳад.
Мавзӯъи интихоботи раёсатҷумҳурии Русия дар ҷараёни корзори интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико низ матраҳ мешавад. Ҳамин тавр, номзади эҳтимолии ҳизби демократ сенатор Ҳилларӣ Клинтон ҳангоми пахши зиндаи барномаи телевизионӣ натавонист номи Медведевро ба ёд орад. Ба эътиқоди таҳлилгарон, ин ҳам як намунаи барои ҷомиъаи байнулмилалӣ ношинос ва ғайрихаризматикӣ боқӣ мондани Медведев аст.