Агар дар як рӯзи пеш, 28-уми феврал, тибқи муқаррароти Бонки миллии Тоҷикистон, 1 евро 5 сомониву 13 дирам арзиш дошт, ҳоло он 6 нуқта боло рафта, ба 5 сомониву 19 дирам баробар шудааст. Ин дар ҳолест, ки қимати доллари амрикоӣ, чун дар тамоми ҷаҳон, дар Тоҷикистон низ коҳиш ёфтааст.
Оё ин ҳама, ба истилоҳ, уфтухезҳои асъори хориҷӣ чи маъно доранд ва ба иқтисоди Тоҷикистон чи таъсире хоҳанд расонид?
Коҳиши талабот ба доллари амрикоӣ боиси поин рафтани қимати он дар Тоҷикистон шудааст. Бонки миллии Тоҷикистон дар тавзеҳи иллатҳои коҳиши баҳои доллар ва афзоиши евро дар баробари сомонӣ гуфт, ин ҳама қурби асъори хориҷиро бозор муайян мекунад ва беқурбшавии доллар дар ҷаҳон, боиси қавитар шудани қурби евро шудааст.
Раҳматшо Додихудоев, сухангӯи Бонки Миллӣ гуфт: «Бозори байнибонкии асъор муайян мекунад қурби пули хориҷиро. Танҳо дар ҳоле, ки вазъ номуътадил шавад ва уфтухезҳои асъори хориҷӣ дар кишвар аз меъёр афзун гардад, Бонки миллӣ ҳаққи мудохила кардан дорад».
Дар ҳамин ҳол, 29-уми феврал дар саррофиҳои Душанбе ва марокизи маъмурии вилоёти Тоҷикистон қимати доллари амрикоӣ якбора то 4 нуқта поин рафт. Барои мисол, 100 доллар ба 343 сомонӣ баробар шуд, дар ҳоле ки як рӯзи пеш 100 доллар ба 347 сомонӣ иваз мешуд. Аммо дар баробари ин, имрӯз Бонки миллӣ баҳои евроро то 6 нуқта боло бурд.
Таҳлилгарони масоъили иқтисодӣ сабабу пайомадҳои уфтухези асъори хориҷӣ дар Тоҷикистонро ҳаргуна шарҳ медиҳанд. Академик Нуриддин Қаюмов, раиси пажӯҳишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон, мегӯяд, коҳиши қурби доллар бар манфиъати иқтисоди кишвар аст ва ба эҳтимоли қавӣ, он ба коҳиши нарху навои маҳсулот дар бозорҳо мусоадат хоҳад кард: «Қурби доллар, ки паст шуд, қурби пули миллӣ дар баробари боло рафтани ЕВРО боло меравад ва ин ҳол боиси мӯътадил ва паст шудани нарху наво дар бозори Тоҷикистон хоҳад шуд».
Ва аммо Давлат Усмон, иқтисоддони тоҷик, бар ин назар аст, ки бо якбора ворид намудани доллари амрикоӣ аз хазинаи Бонки миллӣ ба бозори асъори Тоҷикистон ва кам намудани ҳаҷми пулии миллии дар муомилотбуда қурби доллари амрикоӣ дар нисбати сомонӣ коҳиш ёфтааст: «Азбаски иқтисоди фазоянда ва босуръат надорем, уфтухезҳои доллар дар Тоҷикистон таъсири чандон ба иқтисоди кишвар нахоҳад дошт, сатҳи беқурбшавиро бознамедорад ва барои поин рафтани нарху навои молу коло дар бозорҳои Тоҷикистон таъсир нахоҳад дошт».
Ба андешаи оқои Усмон, ояндаи наздик қимати доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон дубора боло хоҳад рафт. Ба гуфти ӯ, шурӯъи мавсими муҳоҷирати корӣ ба Русия, афзоиши воридоти молу коло ба Тоҷикистон ба ин сабаб хоҳад шуд.