Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Барқи тоҷик»: пойтахт бо барқ бештар таъмин мешавад


Намое аз обанбори Норак
Намое аз обанбори Норак

Ба таъйиди Р. Гулов, муовини сармуҳандиси ширкати «Барқи тоҷик», НБО-и Норак шабонарӯзи гузашта 19,2 миллион кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол намуд.

Ба гуфтаи ӯ, дар таърихи 19-уми феврал сатҳи оби обанбори Норак, ки тавлидгари аслии барқ дар кишвар аст, 860 метрро ташкил намуд, ва ин баёнгари он аст, ки то сатҳи сатҳи ҳадди ақалли об ҳамагӣ 3 метр мондааст. «Ҳарчанд, ки вазъ ҳанӯз ташвишовар аст, вале ахиран бо гармшавии ҳаво вуруди об ба обанбори мазкур бештар гардидааст. Ба таъйиди ӯ, феълан ҳаҷми вуруди об 160 метри мукаъъаб дар 1 сонияро ташкил медиҳад. Рашид Гулов афзуд: «Умед дорем, ки дар чунин ҳолати мусоъиди табиъӣ ба мо имкон даст медиҳад, ки дар муддати 3-4 рӯз аз вазъи буҳронӣ раҳо шавем. Дар ҳоли ҳозир масъалаи бештар намудани ҳаҷми интиқоли барқ ба Душанбе баррасӣ мешавад».
Ёдовар мешавем, ки бино бар 7-уми феврал ворид намудани реҷаи интиқоли маҳдуди барқ дар ҷумҳурӣ пойтахти кишвар дар 24 соати шабонарӯз ҳамагӣ 10 соат бо барқ таъмин мегардад. Дар ҳамин ҳол, бисёре аз навоҳии кишвар ҳафтаи севум аст, ки аслан бе барқ мондаанд.
Дар ҳамин ҳол, дирӯз дар расми муаррифии Муроҷиатномаи изтирории давлатӣ дар дафтари Барномаи Рушди СММ вазири иқтисоди кишвар Ғуломҷон Бобозода таъйидан гуфт, ки дар оғози таърихи 18-уми феврал сатҳи об дар обанбори Норак дар нуқтаи 857,8 метр қарор гирифта, камшавии об дар 1 шабонарӯз 10 сантиметрро ташкил медиҳад (дар ҳоле, ки маъмулан ин нишондиҳанда 45-50 сантиметр будааст). Вале вазир дар мавриди сатҳи резиши об ва ҳаҷми истеҳмоли нерӯи барқ шарҳе надод.
XS
SM
MD
LG