Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бепарвоии одатӣ ё нақшаҳои сиёсӣ? Чаро Тоҷикистон сирояти вирусро пинҳон кард?


Кӯчаҳои шаҳри Хуҷандро зиддиуфунӣ мекунанд
Кӯчаҳои шаҳри Хуҷандро зиддиуфунӣ мекунанд

Таъхир ва эътирофи ногузири мавҷудияти коронавирусро дар Тоҷикистон бисёре аз сокинону соҳибназарон хатои ҳукумат дар бархӯрд ба бӯҳрони беҳдоштӣ меноманд. Ин дар ҳолест, ки тарафдорони ҳукумат мегӯянд, ҳадаф наангехтани воҳима ва ҳифзи эътидол буд.

Коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон ба камияш 4 моҳ вақт дошт ва ин фурсат кофӣ буд, ки ба сирояти эҳтимолӣ омодагӣ бинад. Чӣ чиз сабаб шуд, ки "стратегияи бепарвоӣ ва пинҳонкорӣ" пеш гирифта шавад?

"Вазири пешин гунаҳкор"?

Як узви ҳукумати Тоҷикистон бо собиқаи сисолаи кор дар ин низом гуноҳи асосиро ба дӯши вазири собиқи тандурустӣ Насим Олимзода ва кураторҳои ӯ дар ҳукумат мегузорад. Ин мақомдор, ки рӯзи 11-уми май ба шарти ифшо нашудани номаш бо Радиои Озодӣ суҳбат мекард, гуфт:

"Вазир дар ҷаласаҳои ҳукумат ба президент гузориш медод, ки ҳама чиз зери назорат аст, чанд ҳазор духтур ва чанд ҳазор рахти хоб дар бемористонҳо омодаи қабули беморонанд. Ҳама гапи ӯро ҷиддӣ қабул карданд. Вале аз назари ман, ин ҷо ҳамон беэътиноӣ ба ҷиддияти масъала ва дурӯғе нақш дорад, ки гоҳе бархе мақомдорон дар гузашта роҳ медоданд ва одат кардаанд, ки як дурӯғ мегӯӣ, гузашта меравад. Вале ин тавр нашуд. Аз сӯи дигар, “бале”- гӯиҳои раҳбари намояндагии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба чашми мақомдорони дигари огоҳ аз вазъи воқеӣ ҳам хок пошид. Ман медонам, агар як кас пайдо шуда ба президент ҷиддияти вазъро тавре ҳаст мефаҳмонид, он кас ҳеч гоҳ гапи ӯро нодида намегирифтанд."

Насим Олимзода рӯзи 5-уми май аз мақомаш барканор шуд
Насим Олимзода рӯзи 5-уми май аз мақомаш барканор шуд

Талошҳои Радиои Озодӣ барои тамос бо Насим Олимзода барои дарёфти посухи ӯ ба ин танқидҳо то лаҳзаи нашри мақола натиҷа надод, вале расона омодааст, ҳар гоҳе ки вай хост, назари ӯро ба масъала мунташир кунад.

Узви дигари ҳукумат – раиси вилояти Бадахшон Ёдгор Файзов мегӯяд, дар ин минтақа омодагиҳо барои пешгирӣ аз коронавирус “ҳанӯз пеш аз эълони расмӣ оғоз шуда буд", чун, ба гуфтааш, “ҳама медонистем дер ё зуд ин касалӣ меояд”.

Аз ӯ пурсидем, пас, чаро мақомоти марказӣ аз оғоз вуҷуди коронавирусро дар Тоҷикистон пинҳон карданд? Ёдгор Файзов чунин посух дод: “Гуфта наметавонам, ки пинҳон карданд ё не. Вале чизе, ки дар дунё рух дод ва он чорабиниҳо (маҳдудиятҳое), ки роҳандозӣ шуд, барои одами боақл кофӣ буд. Ана ҳозир эълон кард, баъд чӣ! Ҳамин гапу кор ҳамон шабонарӯз ҳам буданд."

Ақидаи "хуб, ана ҳоло эълон карданд, баъд чӣ?" дар шарҳи хонандагони Радиои Озодӣ низ ба нзар мерасад. Аммо таҷрибаи кишварҳои дигар нишон додааст, ки эълони саривақтӣ ҳолатеро ба миён овард, ки аз маргумири зиёд пешгирӣ шавад. Узбекистони ҳамсоя омадани корнавирусро 15-уми март эълон кард ва ҳоло дар садади итмоми он аст. Қирғизистон 18-уми март, Қазоқистон аз ҳама пештар -- 13-уми март. Тоҷикистон ба будани ин беморӣ рӯзи 30-юми апрел қойил шуд.

Ва омори дигар: аз 15-уми март то ҳоло, яъне қариб дар ду моҳ дар Узбекистон 10 кас мурд, дар Қирғизистон 12 нафар, аммо дар Тоҷикистон танҳо дар ду ҳафта 23 кас ҷони худро аз даст доданд. Омори Қазоқистон бештар аст (32 нафар), вале аҳолии он низ аз Тоҷикистон ду баробар зиёдтар аст. Ин ҳам дар ҳоле, ки омори расмии Тоҷикистон аз тарафи бисёриҳо зери шубҳа гузошта мешавад.

“Қурбониёни амалиёти “Валиаҳд”

Рӯзноманигори мустақил Иршод Сулаймонӣ мегӯяд, “мақомот мехостанд нақши ҳаводиси сиёсии ин рӯзҳоро камранг накунанд... Чун ин кор хоси ҷомеаҳои худкомаву қудратгарост. Аммо ин пинҳонкорӣ то ҳол идома дорад. Оморе, ки ба ҷомеа дода мешавад, хеле ночиз аст. Мардум ва ҷомеа умқи ҳодиса ва фоҷиаро намедонад, ки бо назардошти он тасмим бигиранд... Ин эътимоди бе ин ҳам ками мардумро ба низом камтар мекунад”.

Аксари коршиносон дар як назарсанҷии кӯтоҳи Радиои Озодӣ бархӯрди ҳукумат ва пинҳонкории онро на як саҳлангории бюрократӣ, балки нақшаи огоҳона ва пешакӣ барои пиёда кардани ҳадафҳои муҳим медонанд ва мегӯянд, хатои ҷиддӣ аз барпо кардани ҷашни Наврӯз дар вилояти Суғд шурӯъ шуд. Ба ақидаи онҳо шаъну шукӯҳи ҷашни Хуҷанд мебоист пасманзари нишастани Рустами Эмомалӣ ба курсии дувуми мамлакат мешуд.

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари сиёсӣ ба ин бовар аст, ки “дар байни онҳое, ки президент Раҳмон ба ҳарфашон гӯш медиҳад, мутаассифона, касе пайдо нашуд, ки дидгоҳи як марди давлатдорро дошта бошад, то президентро муътақид созад, алҳол вақти рақсу бозӣ нест. Бояд ба авзои ҷаҳон аҳамият дод ва чораҳое барои пешгирӣ кардани бемории ҳамагир андешид.

Рустами Эмомалӣ, писари раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 17-уми апрел раиси Маҷлиси миллӣ шуд
Рустами Эмомалӣ, писари раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 17-уми апрел раиси Маҷлиси миллӣ шуд

Баъдан, президент Раҳмон кайҳост, ки дар фикри интиқоли қудрат ба писараш Рустам аст ва тасмими ба “шахси № 2” ё худ “валиаҳд” табдил додани ӯ хеле пештар аз шурӯи эпидемияи коронавирус гирифта шуда буд ва ҷадвали чорабиниҳои ин “амалиёт” ба лаҳзае рост омад, ки беморӣ дар мо авҷ мегирифт ва эълон кардани эпидемия ба амалишавии ин нақша халал мерасонид. Ба ибораи дигар “эпидемия қурбони амалиёти “Валиаҳд” шуд”.

Собиқ раиси дафтари Би-би-сӣ дар Тоҷикистон Исфандиёри Одина ҳам дар тасмими пинҳонкории мақомот омилҳои, ба гуфтааш, фанниву сиёсиро мебинад. Ӯ мегӯяд: "ҷанбаи фанниаш ин аст, ки мақомҳои беҳдоштии Тоҷикистон дар хоби ғафлат буданд ва натавонистанд худро бамавқеъ омода кунанд. Аз ҷумла, ҳеч гуна протоколи ташхис ва дармон дар бораи COVID-19 дар ихтиёри пизишкон бамавқеъ гузошта нашуда ва онҳо муддати зиёде намедонистанд ин навъи зотуррияе (пневмония), ки аз вируси куруно баҳам мерасад, чи биноманд”.

Ба иттилои Радиои Озодӣ, “Дастурамали муваққатӣ оид ба муоина, ташхис ва табобати бемории сироятии коронавирусӣ COVID-19” барои табибон рӯзи 13-уми апрел аз ҷониби вазир Олимзода тасдиқ шуд. Ин дар ҳоле буд, ки ҳанӯз рӯзи 6-уми апрел пас аз хабари фавти марди 60-сола дар Бемористони марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва бо нишонаҳои эҳтимолии коронавирус бистарӣ шудани 11 табибу парасторе, ки ӯро муолиҷа мекарданд, сарусадо дар заминаи вуҷуди пневмонияи ғайримаъмулӣ дар Тоҷикистон доғ шуд. Вазорати беҳдошт он замон мисли ҳодисаҳои баъдии дигар сабаби марги беморро пневмония номид.

Исфандиёри Одина мегӯяд, пинҳон кардани вуҷуди коронавирус дар сатҳи мақомот ҷанбаи сиёсӣ ҳам дорад: “Мардум бояд дар заминҳо (мазореъ) кор кунанд ва нахустин мавориди бемории ба истилоҳ зотуррия (пневмунӣ) ҳам замоне буд, ки замони авҷи кори мазореъ буд. Ҷудо аз ин, барномаҳои наврӯзӣ, интихоботи маҷлиси миллӣ ва раис шудани писари Раҳмон дар ин маҷлис. Инҳо ҳама ҳамзамон ё пуштисари ҳам омада буд. Дар мавриди ҳамаи ин дар Тоҷикистон фақат як нафар тасмим мегирад, ки худи Раҳмон аст, вузаро ва раисҳо шуҷоати ба чолиш кашидани ӯ ва андарз ё мушовара додан ба ӯро надоранд”.

Таъкид ба киштукор дар фазое садо медиҳад, ки баста шудани марзҳо ва коҳиши воридот ба Тоҷикистон боиси камии ғизо ва ҷаҳиши нархи он шудааст. Барои пешгирӣ аз бадтар шудани ин буҳрон ҳукумат аз мардум хостааст, ҳар порча замин барои кишт истифода шавад ва президент Раҳмон рӯзи 2 май ба густариши "киштукори баҳорию такрорӣ" даъват кард.

Ба андешаи таҳлилгарони берунӣ, бӯҳрони беҳдоштии сарзада дар Тоҷикистон натиҷаи як иштибоҳ аст, вале, ба қавли Ҷон Ҳизершоу, муҳаққиқи масоили Осиёи Марказӣ дар Лондон, “кишварҳои худкома... ба эътирофи хатову заъфи худ моил нестанд”. Ӯ мегӯяд, “диктатураҳои шахсӣ, мисли оне, ки Тоҷикистон дар беш аз 20 соли гузашта табдил шудааст, бахусус ба чунин кор намеравад. "Падари миллат" иддао мекунад, ки ҳамаро зери назар дорад ва ҳамоно намехоҳад масъулияти таъмини некӯаҳволии шаҳрвандонро бар дӯш гирад. Фикр намекунам, ки мо рӯзе омори воқеии марги инсонҳо дар Тоҷикистон бар асари COVID-19-ро мефаҳмем”. Ҳизершоу мегӯяд, ба эҳтимоли ғолиб омори воқеӣ ба маротиб бештар аз арқоми расмист. Ин нуктаи ӯро феҳрасти ғайрирасмии маргумир, ки ба 150 нафар расидааст, то андозае тақвият медиҳад, ҳарчанд он аз камбудӣ ва иштибоҳҳо орӣ нест.

Коршиносон мегӯянд, баҳои хатои пинҳонкории мақомот дар ниҳоят барои мардум ва иқтисоди кишвар гарон меафтад ва бо назардошти омодагии заифи низоми беҳдоштӣ, эҳтимоли вахимтар шудани вазъ дар оянда зиёд аст. Инро дар арзёбии куллии худ аз кишвар шоми 12-уми май ҳайати СҶТ дар Тоҷикистон ҳам таъкид кард ва гуфт, авҷи беморӣ ҳанӯз тай нашудааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG