Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи Made in China бастааст. Тоҷикистон ба камбуди CD дучор шуд. ВИДЕО


Ширкатҳои сабти овоз ва студияҳое, ки ба тарҷумаву дубляжи силсилафилмҳои туркӣ машғуланд, аз камбуди дискҳои холии CD ва DVD дар Тоҷикистон шикоят доранд. Ба сабаби короновирус, марз бо Чин бастааст ва дискҳо ба Тоҷикистон ворид карда намешаванд.

Талабот ба дискҳо дар Тоҷикистон ба фарқ аз кишварҳои дигар хеле зиёд аст. Чун суръати пасти Интернет ва нархи гарони он ба сокинон имкон намедиҳад, ки навору филмҳои писандидаашонро онлайн тамошо кунанд.

Ин аст, ки ширкатҳои тарҷума ва дубляж, ки ба баргардони силсилафилҳои туркӣ машғуланд, асосан филмҳоро дар дискҳои CD ва DVD сабт карда, ба фурӯш мегузоранд.

Студияи "Шаҳноз медиа", ки ба тарҷумаи силсилафилми туркии "Ҳидоят" (машҳур бо номи "Муллои замонавӣ") машғул аст, эълон кард, ки бинобар камбуди дискҳо наметавонад идомаи силсилафилмро нашр кунад. Масъулони "Шаҳноз медиа" дар як изҳороте дар Youtube гуфтанд, бинобар баста будани марз, CD дискҳо камчин шудаанд ва нашри идомаи филм ҳам ба таъхир уфтодааст.

Аз камбуди дискҳо тоҷирон низ зиён мебинанд ва маҷбуранд дари дӯконҳоро банданд. Абдулло Раҳмонов, яке аз чунин дӯкондорон аст. Вай баъди се соли дискфурушӣ акнун маҷбур аст дари дӯконашро муваққатан бандад.

"Пештар дискҳоро яклухт ба 55 сомонӣ мегирифтем, ҳоло 60 сомонӣ шудааст. Фоида намемонад, барои ҳамин маҳкам мекунем", - афзуд ӯ.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Холаи Шарофат барои тамошои сериалҳо диск надорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:21 0:00

Ба мисли Абдулло Раҳмонов савдогарону ширкатҳои сабти овоз ва студияҳое, ки ба тарҷумаву дубляжи силсилафилмҳои туркӣ машғуланд, аз камбуди CD дискҳо дар Тоҷикистон шикоят доранд.

Музаффар, яке аз тоҷирони дигари дискҳо дар Душанбе гуфт, "диск камёфт шудааст. Баъзеаш мегӯянд, бо пули сомонӣ харед, гарон аст, агар бо доллар гиред, арзонтар".

Сирояти короновирус дар ҷаҳон ва баста шудани марзҳои кишварҳои ҳамсоя заъфи иқтисоди Тоҷикистон ва вобаста будани кишварро аз воридоти оддитарин молу маҳсулот бармало кард.

CD диск яке аз ашёест, ки Тоҷикистон дар зарфи 29 соли истиқлол ҳанӯз ҳам онро аз хориҷа ворид мекунад ва он дар дохили кишвар тавлид намешавад.

Ба ҳамин монанд аз сӯзану ришта гирифта, то қаламу дафтар ва худкор ва маҳсулоти хӯроквории ниёзи аввал аз хориҷа ворид карда мешавад.

Шамсиддин Ҷалолов, номзади илмҳои иқтисод, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуф, "вақте асъори миллӣ дар бозори дохилӣ ба воситаи саноат ва гардиши мол асос карда мешавад, аз ин чолишҳо метавонад давлат эмин бимонад, аммо ин сиёсат пиёда карда нашудааст".

Тоҷикистон солона бо беш аз 3 миллиард доллар аз хориҷа мол ворид мекунад, аммо мизони содироти кишвар аз 1 миллиард доллар камтар аст. Яъне, кишвар се баробар аз оне, ки аз хориҷа мол мехарад, худ маҳсулот тавлид мекунад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG