Соҳибкорон бар ин назаранд, ки амалӣ намудани чунин иқдом кори осон нест ва қабл аз ҳама барои истеҳсоли орд бо иловаи витаминҳо, давлат бояд ба онҳо имтиёз диҳад.
ДАСТУР БАРОИ ҒАНИГАРДОНИИ ОРД
Охири моҳи сентябри имсол ҳукумати Тоҷикистон бо имзои як қарор регламент ва ё дастури техникӣ “Дар бораи бехатарии орди ғанигардонидашуда”-ро тасдиқ намуд. Барои татбиқи ин қарор Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба баъзе аз ниҳодҳои давлатӣ 6 моҳ мӯҳлат дод. Дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтанд, тибқи муқаррароти регламент, корхонаҳо ҳангоми истеҳсол бояд ба орд кислотаи фолат, оҳан, руҳ ва витамини Б12-ро илова намоянд, то истеъмоли маҳсулоташон барои сиҳатии мардум бехатар шавад.
Табибон мегӯянд, орди бе витамин боис ба бемориҳои гуногун, аз қабили фарбеҳию камхунӣ, бо нуқси модарзод таваллуд шудани кӯдакон ва қадпастии сокинон мешавад.
Тибқи иттилои расмӣ ҳудуди 41%-и кӯдакони то 5 сола ва занҳои қобили таваллуд дар Тоҷикистон аз ҳисоби камхунӣ азият мекашанд. Бар асоси маълумоти Вазорати тандурустӣ, миёни занҳои қобили таваллуд 37 фоизашон аз вазни зиёд ё фарбеҳӣ азият мекашанд. Ин ниҳод мегӯяд, қадпастӣ миёни аҳолӣ 18 фоизро ташкил медиҳад.
СОҲИБКОР: ХАРИДАНИ ВИТАМИН ГАРОН АСТ
Табибони тоҷик дар ҳоле олудани орд бо витаминро муҳим медонанд, ки Мирзоабос Охунов, раҳбари корхонаи “Ғалаи Суғд” мегӯяд, харидории витамин барои илова намудан ба маҳсулоташ барояш гарон аст.
Ӯ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ба наздикӣ бо соҳибкорони қазоқ дар мавриди истеҳсоли орд бо витамин ҳамсуҳбат шуд, вале нархи витаминҳои пешбинишуда арзон набудааст. Соҳибкор ба ин назар аст, ки анҷом додани ин кор бе кӯмаки давлат мушкил аст.
“Агар мо худамон витаминро аз Қазоқистон харем, ин гаронӣ ба арзиши орд илова шуда, нарх дар бозор боло меравад. Ин кор як сол пеш ба миён гузошта шуд, лекин боз якбора ҳама хомӯш шуд, акнун боз фаҳмидем, ки то шаш моҳ ин корро кардан даркор”,--гуфт Мирзоабос Охунов, раҳбари корхонаи “Ғалаи Суғд”.
"ОРД ГАРОН НАМЕШАВАД, БЕМОРОН КАМ МЕШАВАНД"
Масъулони Вазораи тандурустӣ гуфтанд, бо илова намудани витаминҳо нархи орд чандон гарон намешавад ва бо таваҷҷӯҳ ба он ки бо татбиқи ин иқдом шумори беморон кам мегардад, ин ба вазъи молии хонаводаҳо бештар фоида дорад. Дар ин ниҳод таъкид намуданд, ки танҳо ба орди навъи олӣ ва якум витамин илова мешавад ва таркиби орди “сиёҳ”-ро микроэлементҳояш вайрон намешавад.
Чанде аз масъулони корхонаҳои дигар гуфтанд, аз ҷузъиёти тасмими мақомот дар мавриди истеҳсоли орд бо витаминҳо хабар надоранд, вале медонанд, ки чунин таҷриба дар кишварҳои дигар ҳаст ва хараҷоти корхонаро бештар мекунад.
Шералӣ Раҳматуллоев, масъули Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, гузариш ба истеҳсоли маҳсулоти ғанигардонидашуда танҳо бар дӯши соҳибкорон набуда, дар ин раванд, шарикони рушд низ ба онҳо кӯмак хоҳанд кард.
Ӯ гуфт, ки Хазинаи кӯдакони Созмони Миллалӣ Муттаҳид ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ барои омодагии осиёбҳо, ки ба истеҳсоли орд машғуланд, кор мекунанд: “ Дар аввали кор шарикони рушд бояд ҳатман дастгирӣ кунанд, бе ин намешавад”.
ЧАРО ОРД БОЯД ҒАНӢ ГАРДОНИДА ШАВАД?
Аз қабули қонун "Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда" дар Тоҷикистон беш аз як сол мегузарад. Моҳи июни соли гузашта порлумони Тоҷикистон истеҳсол ва воридоти орди, ба гуфтаи вакилон, бе витаминро манъ карда буданд. Он замон дар Маҷлиси намояндагон гуфтанд, орде, ки дар ҳудуди Қазоқистон манъ аст, феълан дар бозорҳои Тоҷикистон бо нархи гарон ба фурӯш гузошта шудааст.
Дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтанд, мушкили молӣ, таҳияи зерсанадҳо ва дар баробари ин пандемияи COVID-19 ба амалишавии иқдоми гузариш ба ғанигардонии маҳсулот таъсир гузошт.
Ба феҳристи маҳсулоте, ки тибқи қонун бояд ғанӣ гардонида шаванд, дар баробари орд, маводи дигаре ба монанди маҳсулоти қаннодӣ, шир ва маҳсулоти ширии туршмазза, аз ҷумла шарбат ва намаки ош дохил мешаванд.
Сӯҳроб Ашурзода , корманди “Тоҷикстандарт”, ниҳоде, ки назорати сифати маҳсулотро бар дӯш дорад, ба Радиои Озодӣ гуфт, Вазорати тандурустӣ танҳо оид ба истеҳсоли орд регламенти техникӣ таҳия намудааст, ки бояд дар нисбати истеҳсоли дигар маҳсулот низ чунин кор амалӣ шавад.
Шералӣ Раҳматуллоев, масъули Вазорати тандурустӣ мегӯяд, чун орд аз маҳсулотест, ки сокинон аз ҳама бештар дар кишвар истеъмол мекунанд, бино бар ин тасмим гирифтанд нахуст истеҳсоли онро бо витаминҳо ба роҳ монанд. Раҳматуллоев таъкид намуд, ки “агар мо орди гандумиро микронутриентҳои оҳан, фолиевая кислота, тсинк, витамини Б12 илова намоем, метавонем оянда шумораи бемориҳои камхунӣ, шумораи кӯдаконеро, ки ба нуқсонҳои модарзодӣ таваллуд мешаванд, кам кунем”.
Дар маҷмӯъ вазъи бо витамин олуда кардани маҳсулот ё дастрасӣ ба ғизои солимро, бархе ғизошиносони тоҷик нокофӣ арзёбӣ намуда, мегӯянд, масъалаи ғанигардонии маҳсулот бояд барвақт ҳалли худро меёфт, вале бетаваҷҷӯҳиву таъхиркориҳои мақомот дар ин самт сурат гирифтааст. Ғизошиноси як созмони ғайридавлатӣ, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, барои таъмини аҳолӣ ба ғизои солим мақомоти беҳдоштии кишвар чандин барномаҳо дораду кӯмакҳои молиеро низ аз шарикони рушд дастрасӣ намудааст, вале кор он тавре бояд мешуд, сурат нагирифтааст.
ВАҚТЕ НАРХИ МАҲСУЛОТИ СТАРТЕГӢ ГАРОН МЕШАВАД...
Дар ҳамин ҳол, Шералӣ Раҳматуллоев, масъули Вазорати тандурустӣ мегӯяд, бо таҳияи барномаҳои пешгирии фарбеҳӣ ва ғизои солим, Стратегияи ғизо ва тарбияи ҷисмонӣ ва дигар дастурамалҳо тавонистанд вазъи дастрасӣ ба ғизои солимро беҳтар намоянд. Вай таъкид намуд, ки бори охир соли 2017 дар мавриди вазъи ғизонокии маҳсулот таҳқиқоте анҷом додаанд, ки ғизонокии маҳсулот дар кишвар дар муқоиса ба дигар кишварҳо фарқ доштааст.
“Гарчанде тамоюли беҳтаршавӣ аст, вале он чӣ ки таҳқиқот нишон дод, нисбати дигар ҳамсоякишварҳо вазъи ғизогирӣ дар Тоҷикистон мушкилоти зиёдтар дорад”,-гуфт ӯ.
Масъулони Вазорати тандурустӣ гуфтанд, пас аз тасдиқи регламенти ғанигардонии маҳсулоти орд аз сӯи ҳукумат, умедворанд ин масъала ояндаи наздик ҳали худро пайдо мекунад.
Тоҷикистон гандуму ордро асосан аз Қазоқистон ворид мекунад. Дар соли 2019 ҳаҷми воридоти гандум ба Тоҷикистон 1,1 миллион тонна ва истеҳсоли он дар кишвар беш аз 800 ҳазор тоннаро ташкил додааст.
Бо назардошти коркарди гандуми воридотӣ, тибқи иттилои расмӣ соли гузашта дар кишвар ҳудуди 1,5 миллион тонна орд истеҳсол шудааст.
Орд маҳсулоти стратегии ғизоӣ ба ҳисоб меравад ва пасту баланд шудани нархи он ба таври мустақим ба будҷаи оилаҳо таъсиргузор мешавад. Имрӯз нархи як халтаи 50-килоии орд дар Тоҷикистон аз 215 то беш аз 260 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.