Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додрас ба мурофиаи "боз"-и Далер Шарифов даҳҳо нафарро роҳ надод. ВИДЕО


Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе. 13-уми апрели 2020
Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе. 13-уми апрели 2020

Ба мурофиаи рӯзноманигор Далер Шарифов, ки рӯзи 15-уми апрел дар Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор шуд, танҳо вакили мудофеъ, шоҳидон ва падару модараш роҳ ёфтанд. Тақрибан 30 нафари дигар, аз ҷумла хабарнигорону ҳомиёни ҳуқуқ, паси дар монданд. Додраси парванда ба даромадани онҳо иҷоза надод.

Абдураҳмон Шарифов, вакили мудофеи Далер Шарифов рӯзи чаҳоршанбе гуфт, мурофиа боз аст, вале бар асоси тавсияҳои Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус шахсони зиёд ба толор роҳ дода намешаванд.

Абдураҳмон Шарифов
Абдураҳмон Шарифов

Рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки барои ҳимоят ва бозтоби қазияи Далер Шарифов ба назди Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур омада буданд, аз роҳ наёфтанашон ба толори мурофиа норозигӣ карданд.

Бархе аз рӯзноманигорон пурсиданд, чаро мақомот тавсияҳои Созмони Ҷаҳонии Тандурустиро дар бораи баргузор накардани маъракаҳои сериздиҳом сарфи назар мекунанд, вале барои роҳ наёфтани рӯзноманигорон ба толори додгоҳ онро ҳамчун далел пеш меоранд?

Аз шоҳидоне, ки дар мурофиа иштирок карданд, дар бораи китоби "Муҳаммад ва терроризм"-и Далер Шарифов ва рафтори ӯ пурсидаанд.

Абдураҳмон Шарифов, вакили дифои Далер Шарифов, баъди берун шудан аз мурофиа гуфт, шоҳидон дар ҳаққи нафари зери ҳимояташ "хислатномаи хуб доданд ва гуфтанд, дар суханрониҳояш ягон бадӣ надидем".

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Оғози мурофиаи хабарнигор Далер Шарифов дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:01 0:00

Қазияи Далер Шарифовро муовини раиси Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, Баҳодур Исозода, пеш мебарад. Дар назар аст, рӯзи 16-уми апрел мурофиа идома кунад ва додситон барои Далер Шарифов аз додгоҳ ҷазо талаб намояд. Баъди ин аз рӯи муқаррарот вакили дифои Шарифов ва худи ӯ сухани охирини худро дар додгоҳ баён мекунанд ва додрас барои ҳукм баровардан ба хонаи машваратӣ меравад.

Волидони Далер Шарифов, ки дар рӯзи нахустини мурофиа иштирок доштанд, гуфтанд, рӯзноманигор худро гунаҳкор намеҳисобад.

Абдуманнон Шарифов, падари Далер Шарифов, рӯзи 15-уми апрел ба хабарнигорон гуфт: "Далер мегӯяд китобро ба хотири он навиштааст, ки пеши роҳи терроризм гирифта шавад ва ҷавонон ба терроризм ва иғвогарон шарик нашаванд".

Далер Шарифов
Далер Шарифов

Далер Шарифов наздики се моҳ аст, ки дар боздошт аст ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо аз мақомоти Тоҷикистон озодиашро талаб карданд. Парвандаи ӯ рӯзи 3-юми апрел ба Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур фиристода шуд.

Хабарнигори 32-солаи тоҷик рӯзи 28-уми январи имсол аз ҷониби маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт шуд. Мақомот Шарифовро ба барангехтани кинаву адовати миллӣ ва мазҳабӣ муттаҳам мекунанд.

Худи Далер Шарифов ва хонаводааш ин иттиҳомотро беасос номида ва гуфтаанд, ӯ ба ҳайси журналисти мустақил мақолаҳои танқидӣ менавишт, вале "узви созмоне набуд ва бо ифротгароён иртибот надошт".

Далер Шарифов дар гузашта дар телевизиони давлатии "Сафина" ва ҳафтаномаи мустақили "Озодагон" ва расонаҳои дигари мустақил кор ва ё ҳамкорӣ кардааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG