Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳордаҳ корманди милисаи Хатлонро аз кор рондаанд, як нафарро дастгир кардаанд


Додситонии Хатлон аз боздошти як пулис дар ноҳияи Хуросон ва аз кор рондани шудани 14 корманди дигари Вазорати корҳои дохилӣ дар ҷануби Тоҷикистон хабар дод. Ин афрод ба қонуншиканӣ ва даст доштан дар ҷинояткорӣ муттаҳам дониста мешаванд.

​Исломбек Забирзода, як масъули шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Хуросон моҳи апрел боздошт шуда, парвандааш аз сӯи додситонӣ таҳқиқ ва рӯзҳои наздик барои баррасӣ ба додгоҳ фиристода мешавад.

Мақомоти Додситонии Хатлон рӯзи 16 июл зимни нишасти хабарӣ гуфтанд, ки нисбати ин корманди пулис бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ -- "баромадан аз ваколатҳои мансабӣ", "дидаву дониста расонидани хабари бардурӯғ" ва "ғайриқонунӣ дастгир ё ҳабс намудан", парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Миллопар Бандишозода, муовини додситони вилояти Хатлон дар ин нишасти хабарӣ кирдори корманди пулисро шарҳ дода ва гуфт, "Исломбек Забирзода, нозири хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии ҷавонон ва ноболиғон шаҳрванд Маҳмудҷон Муъминовро ба идорааш даъват намудааст, сипас дар бевақтии шаб ба хонаи онҳо рафта ба гумони он, ки ӯ даст ба дуздӣ задаааст анҷомҳои шахси номбурдаро (болгарка, мошини дарздӯзӣ, таҷҳизоти кафшергарӣ ва ғайра) гӯё чун далели шайи ғайриқонунӣ бе иштироки шахсони холис бар хилофи талаботи Кодекси мурофиаи ҷиноятии Тоҷикистон бе тартиб додани ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ ба ШВКД овардааст. Кори корманди пулис ғайриқонунӣ мебошад".

Генерал Миллопар Бандишозода дар идома гуфт, ки Исломбек Забирзода ин сокини ноҳияи Хуросонро шаби 23 ба 24 апрел дар утоқи корияш ба ҳабс гирифтааст. Ба гуфтаи оқои Бандишозода, ин ҷавон ҷиноятро ба душ нагирифта, ба латукӯби корманди пулис тоб намеорад ва худро аз ошёнаи дувуми бино ба замин меандозад. Аз додситонӣ гуфтанд, ки ин сокини Хуросон баъди ҷароҳат бардоштан дар бемористон бистарӣ шудааст.

Феълан назари наздикони пулис ва ҷавоне, ки чанд рӯз гумонбари ҷиноят буд, ба ин ҳодиса маълум нест. Раёсати корҳои дохилии Хатлон низ то кунун дар ин робита изҳори назар накардааст. Додситонӣ мегӯяд, ки бо оғози баррасии парванда дар додгоҳ, хабарнигорон ҳақ доранд онро бозтоб диҳанд.

Ҳанӯз маълум нест, ки парванда дар кадом додгоҳ баррасӣ мешавад, аммо ба Забирзода Исломбек маҳрумият аз озодӣ то даҳ сол таҳдид мекунад ва дигар ҳаққи ишғоли мансабро надорад. Ин ҳам рӯшан нест, оё парванда ба шиканҷа рабт мегирад ё на.

Дар нишасти хабарии Додситонии вилояти Хатлон ҳамчунин гуфта шуд, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 14 корманди пулис дар ин вилоят ба қонуншиканӣ даст зада, барои ин амалашон аз сафи пулис хориҷ шудаанд. "Онҳое, ки даст ба ҷиноят задаанд, аз мақом ё вазифаи ишғолкардаашон, озод шудаанд",- афзуд оқои Бандишозода.

Ин масъули додситонӣ дар рафти суҳбаташ гуфт, ки нисбати чаҳор корманди масъули шӯъбаҳои пулиси шаҳру навоҳӣ бо ҷурми баромадан аз ҳади ваколати хизматӣ парвандаҳои ҷиноӣ оғоз шуда, мавриди пурсиш қарор дода шуданд.

Дар мавриди ихроҷи 14 корманди пулис низ мавқеи Раёсати корҳои дохилӣ маълум нест. Вале додситонӣ мегӯяд, ки рӯйхати онҳоро бо роҳбарияти Раёсати ВКД дар Хатлон якҷо омода карданд ва тасдиқи айбдорияшон барои тарафҳо маълум аст.

XS
SM
MD
LG