Сарраёсати марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон рӯзи 27-уми май бо нашри як изҳорот гуфт, як шаҳрванди Тоҷикистон аз тири шаҳрванди Қирғизистон дар марзи байни ду кишвар захмӣ шудааст. Мақомоти қирғиз дар посух ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи ин қазия гуфтанд, ҳанӯз дар ин бора маълумоте надоранд ва машғули тафтиши хабар ҳастанд. Абдукарим Алимбоев, муовини фармондеҳи нерӯҳои марзбони Қирғизистон гуфт, баъд аз ин хабар марзбонони ду кишвар мулоқот доранд. Аммо тарафи Тоҷикистон номи тирандоз, Соат Бахтибеков ва ҳам зани тоҷик, Шукрона Шарофоваро, ки захмӣ шудааст, расонаӣ намуд. Пас, дар марз чӣ воқеа рух додааст?
Наздиконаш мегӯянд, Шукрона бехабар, ҳангоме ки машғули киштукор буд, тир хӯрд. Вай коргарзани бригадаи №14-уми тухмипарварии маҳаллаи Қақир (ҳоло ба номи Ибод Файзуллоев)-и Чоркуҳи Исфара аст ва ҳамроҳ бо ҳамкоронаш дар заминҳои ин бригада кор мекард. Муҳамадалӣ Назаров сардори ин бригада, рӯзи 27 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди ба гӯш расидани садои тир "ҳама якқад париданд ва вақте нигоҳ кардем, дидем, ки Шукрона ба замин афтида буд. Ман зуд давидаму ӯро руи дастонам бардошта, зуд ба мошин гузоштем ва бо суръати баланд ба беморхонаи марказӣ расондам."
Табибон мегӯянд, тири милтиқи шикорӣ аз навъи "сочма" буда, чандин пораҳои он ба тарафи рости бадани Шукронаи 25-сола расидаанд ва рентген муайян кард, ки гурдаҳои ӯ низ осеб дидаанд. Як табиб гуфт, Шукрона ҳоло дар шӯъбаи эёҳгарии беморхонаи марказии Исфара таҳти нигоҳи пизишкон аст.
Пештар Сарраёсати марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон гуфт, ба тарафи Шукрона сокини ҷамоати Оқсойи Қирғизистон Соат Бахтибеков, тир кушода, “ӯро аз қисмати рости баданаш захмӣ кардааст.” Дар ин изҳорот вазъи Шукрона Шарофова "миёнаи вазнин" номида мешавад. Маҳмадалӣ Назаров гуфт, наздикони Шукрона дар назди бемористон ҷамъ омадаанд.
Мақомоти марзбонии Қирғизистон дар ибтидо гуфтанд, дар марз ҳодисае рух надодааст, вале дертар изҳор доштанд, ки хабари тарафи Тоҷикистонро мавриди таҳқиқ қарор хоҳанд дод. То ин лаҳза ҳеч хабаре аз боздошт шудани шаҳрванди Қирғизистон Соат Бахтибеков нарасидааст. Ин дар ҳолест, ки Дафтари матбуоти Неруҳои марзбонии Қирғизистон, ки дар ҳар муноқишаи марзӣ ба таврӣ фаврӣ изҳорот медод. Пас аз ду муноқишаи ахир тарафи Қирғизистон гуфт, ки Тоҷикистон ба таври сунъӣ вазъро дар марзи байни ду давлат ноором мекунад. Тарафи Тоҷикистон, ҳарчанд ҳамеша ба муҷозот шудани сабабгорони муноқишаҳои марзӣ даъват кардааст, дар изҳороти нави худ низ гуфт, ки чунин амалҳо “метавонад вокуниши ҷавобиро аз ҷониби сокинони наздисарҳадӣ дар ин минтақаи ҳассос барангезад.”
Бо вуҷуди баёнияҳои ду ҷониб бо даъвати ҳифзи оромию субот дар марз, ҳафтаҳои охир муноқишаҳо рӯ ба афзоиш доранд. 24-уми май дар тирандозие дар ҳудуди деҳаи Пули Офтобрӯяи ҷамоати Ворух сарбози қатории Нреуҳои марзбонии Тоҷикистон Давлатёр Зоирови 19-сола аз пояш захмӣ шуд. Пеш аз он, рӯзи 8 май дар натиҷаи муноқиша дар Чоркӯҳ ду шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Қирғизистон захмӣ шудаанд. Ҳамчунин истифодаи силоҳ дар ин муноқишаҳо то рафт бештар мешавад. Ҷониби Қирғизистон марзбонони тоҷикро айбдор кард, ки аз миномет истифода бурдаанд.
Пизишкони беморхонаи марказии шаҳри Исфара гуфтанд, аз ду сокини Чоркӯҳ, Фазлиддин Фозилови 37-cола ва Айёмиддини Шарипови 49-сола, ки 8 май захмӣ шуданд, вазъи дувумӣ начандон хуб аст. Фозилов ду тир хӯрда буд ва як тирро аз баданаш берун оварданд, аммо гулулаи дигар ба шушаш таъсир кардааст, ки беҳад барои саломатӣ хатарнок аст ва барои дуруст шудани он бояд як моҳи дигар дар хона ором бихобад.
Нуриддин Фозилов падари Фазлиддин рӯзи 27 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки писараш "як моҳ дар беморхона бистарӣ буд ва як тирро гирифтанд вале тири дигар дарунтари баданаш даромадааст ва ба шуш наздик шудааст, ки барои ҳаёти фарзандам хавотир ҳастам, вай ҳоло ҷавон аст. Бо тир дар баданаш духтурҳо ҷавобаш доданду гуфтанд, ки баъди як моҳ биёредаш боз табобатро идома медиҳем. Дар хона бистарӣ аст”, -- мегуяд Нуриддин Фозилов. Вай ҳамчунин гуфт, ки дар як замини деҳқонӣ кор мекунад ва харҷи табобати фарзандашу харидану доруҳо барояш осон набуд. “Ҳамин мақомот фикр мекарда бошанд, муноқишаҳо ба фоидаи ҳеҷ тарафе нест лекин фақат кулфат меорад ба оилаҳо бадбахтӣ меорад”, мегӯяд ин падар.
Дар он муноқиша ду тараф ҳамдигарро мутаҳҳам намуданд. Дар баёнияи тарафи Тоҷикистон омадааст, ки “сабаби муноқиша аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон худсарона аз худ кардани 4 гектар замини тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқдошта мебошад.” Тарафи Қирғизистон бо нашри баёнияи расмие гуфтанд, ки ҷанҷол сари 50 сотих замине будааст, ки дар маҳали аломатгузориношуда ҷойгир аст, "вале дар амал онро шаҳрвандони Қирғизистон истифода мебурданд".
Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Ду тараф бо вуҷуди гузашти солҳо натавонистанд, сари минтақаҳои баҳсбарангез ба мувофиқа расанд ва хатти марзро бикашанд. Ҷанҷолу тирандозӣ маҳз дар ҳамин минтақаҳо ва барои обу замин ва чарогоҳ сурат мегирад ва гоҳо ба хунрезӣ меанҷомад.
Муноқишаи имсол дар замоне сурат мегирад, ки ду кишвар барои муқобила бо густариши бемории СОVID-19 даступо мезананд.