Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷирон: Агар мошинҳоямонро надиҳанд, "хонахароб" мешавем


Соҳибони садҳо автомобили санаи истеҳсолашон то соли 2005, ки баъди қарори манъи воридоти ин гуна мошинҳо, ба кишвар ворид карда шуданд, мунтазири ҳалли мушкили худ мебошанд. Мақомот автомобилҳои ин тоҷиронро 3 моҳ боз дар шаҳри Бӯстони нигоҳ медоранд ва бо гузашти ҳар рӯз, зарари молии онҳо меафзояд.

Ҳукумати Тоҷикистон охири моҳи январ бо қароре воридоти автомобилҳо ва васоити нақлиёти соли тавлидаш то 2005-ро ба қаламрави кишвар манъ кард ва аз 15-уми феврал ин қарор ба ҳукми иҷро даромад. Ҳудуди 1300 автомобили кӯҳнаро, ки дертар ворид шуданд, мақомот ба соҳибонашон надода ва нигаҳ медоранд.

Бар пояи маълумоти Раёсати гумруки Суғд, соли 2017 ба ин минтақа наздики 10 ҳазор автомобилҳои тавлидашон то соли 2005, ворид карда шудааст.

Соҳибони ин автомобилҳо ҳар рӯз ба умеди шунидани ҳалли мушкилу гирифтани мошинҳои худ ба ҷои нигаҳдорӣ ё таваққуфгоҳ меоянд. Ғайратҷон Ғанизода, сокини шаҳри Хуҷанд мегӯяд, хабари манъи воридоти мошинҳои соли тавлидашон то соли 2005-ро охири моҳи январ вақте шунид, ки дар Олмон 8 автомобил харида, ба Литва интиқол дод ва аз он ҷо бо роҳи оҳан ба Тоҷикистон равон мекард.

"То ҳуҷҷатҳои гумрукиро тахт кардем ва вагон ба Хуҷанд расида омад, ки дер шуд. Акнун 3 моҳ боз мунтазирем. Ҳар рӯз ба инҷо меоем, "имрӯз, фардо ҳал мешавад", мегӯянд. Ҳеҷ кас чизи аниқ намедонад. Зарар дидем. Ба умедем, ки ақаллан пули худи мошинҳоямонро гирем."

Маблағи нигаҳдории як автомобил дар шабонарӯз 10 сомониро ташкил медиҳад ва он бар дӯши соҳиби худравҳо аст. Афзудани ин маблағ низ соҳибони мошинҳоро нигарон кардааст.

Фозил -- як тоҷири дигар, ки 12 автомобилаш дар гумрук дармондааст, мегӯяд, барои харидани онҳо аз бонк ба муддати 3 моҳ қарз гирифта буд ва агар гирифтани мошинҳояш тӯл кашад ё аслан иҷозаи фурӯш дар Тоҷикистонро надиҳанд, "хонахароб" хоҳад шуд. Ӯ мегӯяд, ширкаташ ӯву шариконашро дилпур кардааст, ки то охири моҳ мушкилашон ҳал шуда, автомобилҳои онҳо ба расмиёти гумрукӣ дароварда хоҳад шуд.

Вале аз раёсати гумруки Суғд рӯзи 28-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ инро тасдиқ накарданд ва як корманди ин ниҳод бидуни ифшои номаш гуфт, ки дар ин бора хабари наве гуфта наметавонад.

Ва ин дар ҳолест, ки мақомоти раёсати гумруки Суғд моҳи феврал гуфтанд, ки ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии тоҷироне, ки автомобилҳои харидаи онҳо замони қабули қарори манъи воридоти автомобил ва воситаҳои нақлиёти соли бароришашон аз 2005 поин ба кишвар дар роҳ буд, "ҳама чораҳои заруриро меандешад."

Бо ин ҳам, мақомоти гумрук гуфтаанд, ки ҳалли ин мушкил ба дасти онҳо ё мақомоти дигаре нест, балки дар ихтиёри ҳукумати Тоҷикистон аст, ки охири моҳи январ қарори мазкурро қабул кард. Феълан бо гузашти 3 моҳ мушкил ҳалношуда боқӣ мондааст ва соҳибони садҳои автомобили "маҳбус" дар шаҳри Бӯстон мегӯянд, ки ба номаву муроҷиатҳои онҳо унвонии мақомоти гуногуни кишвар то ҳол расидагӣ нашудааст.

Қаблан тоҷирони тоҷик ба Тоҷикистон умдатан мошинҳои кӯҳнаро ғолибан аз Олмон ворид мекарданд, ки нархи он ба сокинон дастрас буд. Масалан, як автомобили "Опел" соли истеҳсолаш 2000 наздики 30 ҳазор сомонӣ, муодили 3-3,5 ҳазор доллар арзиш дорад.

Бар пояи маълумоти Раёсати гумруки Суғд, соли 2017 ба ин минтақа наздики 10 ҳазор автомобилҳои соли тавлидашон то 2005 ворид карда шудааст. Дар қиёс, шумораи мошинҳои воридгардидаи нав, 4 баробар кам аст.

XS
SM
MD
LG