Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар натиҷаи санҷиш ё аттестатсия даҳҳо кормандашро аз кор озод ва чанд мансабдорашро ҳамчун ҷазо ба вазифаҳои поинтар таъин кардааст. Охирҳои соли гузашта шуморе аз чунин кормандон барканориашонро дар пайи аттестатсия беасос хонда буданд.
Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, рӯзи 30-юми июл дар нишасти хабарӣ гуфт, пас аз санҷиш 118 корманди ин ниҳод аз кор ронда ва 36 нафари дигар ба вазифаҳои пасттар таъин шуданд. Вай афзуд, онҳое, ки "сатҳи кофии дониши худро нишон дода натавонистанд", ё "санҷиш камбудҳоеро дар кори онҳо ошкор намуд", аз кор дар ин мақомот маҳрум шуданд.
"Дар инҷо аз корманди одӣ сар карда, то сардорони дидбонгоҳи марзӣ буданд. Дар аттестатсия аъзои комиссия аз дастгоҳи раисиҷумҳур ҳам ҳузур дошт. Мо ба кори аттестатсия ягон эрод надорем", - гуфт ӯ.
Санҷиши касбии кормандони гумрук ҳоло танҳо дар раёсатҳои минтақавӣ анҷом ёфта, бемории ҳамагири корона ин барномаро дар дастгоҳи марказӣ ба таъхир гузоштааст.
Хадамоти гумрук яке аз ниҳодҳои муҳим барои пур кардани буҷаи Тоҷикистон аст. Коршиносон мегӯянд, ҳар қадаре кор дар ин бахш шаффоф сурат гирад, ҳамон андоза буҷа фоида мебинад. Раҳбари ин ниҳод гуфт, кормандони нав танҳо ба воситаи озмуне, ки аз чанд давра иборат аст, ба кор гирифта мешаванд, вале ёфтани кормандони арзанда бо мушкил рӯбарӯст.
"Дар озмуни ахир 69 воҳиди корӣ эълон карда будем. 105 нафар ҳуҷҷат супорид, аксарияташ гардонида шуд, чун сатҳи дониши довталабон паст буд ва аз озмун нагузаштанд. Бори аввал дар як озмуни гумрук ҷойҳои холии корӣ пур нашуданд", - гуфт Хуршед Каримзода.
Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:
Аттестатсия дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон баъд аз интиқоди президент аз кори маъмурони он дар моҳи майи соли гузашта оғоз шуд. Яке аз пурсарусадотарин хабар аз ин маҷлис мавриди бозпурсии президент қарор гирифтани Шаҳбоз Раҷабзода, сардори дидбонгоҳи гумрукии Душанбе буд. Раиси ҷумҳур гуфт, ин корманди гумрук дар тақрибан ду соли кораш 16 бор ба хориҷа рафта, соҳиби хонаву мошинҳо шудааст, вале афзуд, ӯро ба хотири ҷавонияш ба зиндон намеандозад, бояд аризаашро нависад ва аз кор равад.
Мақомот дертар гуфтанд, ки ӯро аз кор рондаанд. Баъдан дар бораи ба кори нав таъйин шудани Шаҳбоз Раҷабзода хабарҳои гуногун нашр шуд, вале мақомот онҳоро шарҳ надоданд. Ин қазия сабаби баргузории санҷиши саросарии кормандони гумрук шуд, ки ҳадафаш, ба гуфтаи мақомот поккории ин ниҳод аз шахсони олуда ба фасод ва ба кор гирифтани мутахассисони росткор аст.
Аммо бархе аз кормандоне, ки аз санҷиш нагузаштаанд, ба додгоҳ шикоят карда аз кор ронда шуданашонро беасос хондаанд. Баҳси шаффофияти аттестатсияҳо аз масъалаҳоест, ки борҳо мавриди интиқоди таҳлилгарон қарор гирифтааст.
Коршиносон чунин санҷишҳоро роҳи ҳалли мушкил намедонанд. Яке аз онҳо, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ санҷиши кормандони Хадамоти гумрукро як амали зоҳирӣ донист ва гуфт, бо маоши паст ҷорӣ кардани "тартибот" ғайриимкон аст.
"Барои мисол, агар афродеро, ки барои кор дар мақомоти гумрук омадааст, пурсед онҳо ҳатман мегӯянд, ки танҳо барои пул ба инҷо ба кор омадаанд. Маоше, ки онҳо мегиранд, шояд барои рӯзгузаронӣ кофӣ бошад, аммо барои он ки онҳо даромади бештаре гиранд, ҳатман даст ба фасод мезананд", -- афзуд ӯ.
Шореҳ бар ин аст, ки танҳо дар ҳолати қабули санадҳои меъёрии ба ҳақиқат наздик дар мавриди пардохтҳои гумрукӣ ва шаффофияти кори ин ниҳод якҷо бо музди баланди кормандон метавон ба натиҷа даст ёфт. "Бояд дар ҳама ҷой тартибу адолат ҷорӣ бошад, дар ин ҳол мешавад ниҳод ва коргари идеалии гумрукро пайдо кард, вагарна қаллобию бесаводӣ ва фасодкорӣ дар ниҳодҳои муҳиме чун Хадамоти гумрук аз байн намеравад", - гуфт ӯ.
Ин дар ҳолест, ки раҳбари ин ниҳод аз қонуншикании 33 зердасташ дар шаш моҳи охир хабар дод. Хуршед Каримзода гуфт: "Инҳо асосан барои сохтакории ҳуҷҷатҳо, мусоидат кардан ба интиқоли молҳои қочоқӣ, тақаллуби ҳуҷҷатҳо барои гурез аз пардохтҳои гумрукӣ ё ҳамдастӣ бо тоҷироне, ки аз пардохтҳо гурез доранд мавриди пажуҳиш ё муҷозот қарор гирифтаанд."
Нигарониҳо аз вуҷуди фасоду ришва дар Хадамоти гумрук дар ҳолест, ки ахиран Палатаи ҳисоби Тоҷикистон гуфт, дар шаш моҳ дар ин ниҳод 3,6 миллион сомонӣ зиёни молиявиро ошкор кардааст. Ҳамчунин раҳбари Хадамот иқрор кард, ки бозрасии дохилӣ ҳолатҳои нодуруст ситондани пардохтҳои гумрукиро ба маблағи он беш аз 28 миллион сомонӣ ошкор кардааст.