Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки бо Тоҷикистон наздики 11 ҳазор километр роҳи ҳавоӣ дорад, барои ин кишвари Осиёи Марказӣ дар ҳамсоягии Афғонистон нақши муҳим дорад.
Дар интихоботи президентии Амрико, ки 3‑уми ноябр баргузор мешавад, Ҷо Байден, аз ҳизби Демократ ва Доналд Трамп, раисиҷумҳури амалкунанда аз ҳизби Ҷумҳурихоҳон ҳамчун номзад миёни ҳам рақобат доранд.
ЧАРО НАТИҶАҲОИ ИНТИХОБОТИ АМРИКО БАРОИ ТОҶИКИСТОН МУҲИМ АСТ?
Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик, ки баҳсҳои ин ду номзад ба мақоми президентиро пайгирӣ дорад, мегӯяд, интихоботи раиси ҷумҳури Амрико метавонад ба Тоҷикистон ба таври мустақим ва ғайримустақим таъсир расонад.
Қодиров афзуд, вобаста ба сари қудрат омадани яке аз номзадҳо муносибати Амрико ба Тоҷикистон метавонад каме тағйир ёбад.
“Чун ки дар давраи Барак Обама, намояндаи ҳизби Демократ, сафорати Амрико дар Тоҷикистон хеле фаъол буд, вобаста ба ин ё он ҳодиса зуд-зуд изҳорот дода, муносибати худашонро баён мекарданд. Дар давраи президентии Доналд Трамп ҳамин фаъолият хеле суст шуд, яъне ин ба он вобаста аст, ки сиёсати худи президент чӣ гуна аст”,‑гуфт коршинос.
Ҳамсуҳбати мо таъкид намуд, ки таъсири ғайримустақими интихоботи Амрико ба Тоҷикистон аз тариқи Русия ва Чин метавонад сурат гирад. Ӯ шарҳ дод, ки “агар Трамп сари қудрат бимонад, фишори Амрико ба Русия коҳиш ёфта, вазъи иқтисодии Русия камтар хароб мешавад, ки ин метавонад барои бештар кор пайдо намудани муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар ин кишвар таъсир расонад”.
УМЕДВОРӢ БА РУШДИ МУНОСИБАТҲО
Амрико дар бахшҳои гуногун, аз қабили иқтисод, амният, сарҳад, кишоварзӣ, маводи мухаддир ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ бо Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад ва баъзе коршиносон хушбинанд, ки пас аз интихоботи президентӣ дар ин кишвар, ҳамкориҳо бештар мешавад.
Ин хушбиниҳо, ба гуфтаи Сайфулло Сафаров, муовини собиқи раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, бар пояи он ҳастанд, ки Амрико дар Афғонистон, кишвари ҳамсояи Тоҷикистон ҳузури низомӣ дорад ва дар остонаи гуфтугуҳои сулҳ ба ҳамкориҳои бештар бо ҳамсояҳои ин кишвари ҷангзада ниёз дорад.
Аз ин рӯ, ӯ бар ин назар аст, ки новобаста аз натиҷаҳои интихоботи президентӣ дар Амрико муносибатҳои минбаъдаи ҳарду кишвар бештар рушд хоҳад кард.
Ба ҳар ҳол, ба гуфтаи ӯ, Ҷо Байден одами нав аст, вале сиёсат ва мавқеи Трамп барои Тоҷикистон шинос аст.
Коршиносон мегӯянд, тамошои баҳсу мунозираҳои Ҷо Байден ва Доналд Трамп аз сӯи корбарони шабакаҳои иҷтимоиву доираҳои дигар дар Тоҷикистон ба тарз ва усули баргузории интихобот дар Амрико рабт дорад.
АМРИКО‑‑КИШВАРИ ОРМОНҲО БАРОИ ТОҶИКОН
Ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов бар ин назар аст, ки сокинон бо пайгирии интихоботи Амрико назди худ муқоиса ва хулосабарорӣ мекунанд.
Ӯ гуфт, он чизе, ки дар Амрико ҷараён дорад, шаҳрвандони кишварҳое мисли Тоҷикистон орзу мекунанд.
“Ормонҳои қишри иҷтимоӣ, бахсус фаъолон ва ҷомеаи шаҳрвандиро амалӣ мекунад ва аз ин хотир орзуи на танҳо мардуми Тоҷикистон, балки аксаряти кишварҳо баробар шудан то сатҳи муайян ба низоми сиёсии Амрико аст. Аз ин хотир ҷиҳатҳои омӯзишии интихоботи Амрико барои Тоҷикистон аҳамияти зиёд дорад, шаҳрвандон кӯшиш мекунанд, ки раванди интихоботро тамошо кунанд, қиёс кунанд, хулоса бароранд ва баҳо диҳанд”,‑‑гуфт Шокирҷон Ҳакимов.
Бо таваҷҷӯҳ ба он ки ҳамасола ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла ҷавонон барои зиндагии беҳтар талоши рафтан ва иқомат дар Амрикоро мекунанд, огоҳони умур бар ин назаранд, ки интихоботи президентӣ дар Амрико метавонад барои сокинони одӣ низ аҳамият дошта бошад.
Бархе таҳлилгарон мегӯянд, раиси ҷумҳури ояндаи Амрико, агар сиёсати муҳоҷиратро бозбинӣ кунад, ин ба ҳаёти сокинони кишвар метавонад таъсир расонад.
ДЕБАТИ БАЙДЕН ВА ТРАМПРО ДАР ДУШАНБЕ НИЗ МЕБИНАНД
Дар як пурсиши хабарнигори Радиои Озодӣ дар кӯчаҳои Душанбе бархе ҷавонон гуфтанд, дебат ё мунозираи Доналд Трамп ва Ҷо Байденро тариқи интернет тамошо мекунанд ва аз барномаву сиёсатҳои онҳо огоҳӣ доранд.
Баъзе ҷавонон гуфтанд, чун таҳсил ва муҳоҷират ба Амрико сурат мегирад, бино бар ин барояшон интихоботи президентии ин кишвар муҳим аст.
Таҳлигарони тоҷик мегӯянд, Амрико дар сиёсати имрӯзаи ҷаҳонӣ ҳамчун як кишвари абарқудрат нақши калидӣ дорад, бино бар ин интихоботи президентӣ дар ин кишвар барои ҳамаи кишварҳо қобили таваҷҷуҳ аст. Интихобот президентӣ дар Амрико як маъракаи бисёр муҳим ба ҳисоб рафта, дар чаҳор сол як маротиба баргузор мешавад.