Боло рафтани қимати Интернету гуфтугӯҳои телефонӣ ва даъво сари он, бозорҳои беодаму кори кам дар Русия бо видео ва назарҳои Шумо таркиби барномаи имрӯз аст.
Боло бурдани қимати гуфтугӯ ва истифодаи Интернет аз тарафи "Мегафон" ва "Тселл" дар Тоҷикистон зоҳиран ба бисёре аз муштариён хуш наомад, ки қарори ҳардуро ба шиддат танқид кардаанд. Таърифаҳои ҳарду ширкат аз аввали моҳ тағйир ёфт ва ҳоло муштариёнашон барои Интернету гуфтугӯҳо пули бештар медиҳанд.
Яке аз муҳоҷироне, ки аз хидмати ин ширкатҳо истифода мебарад, видеое ба мо фиристоду назарашро гуфт.
Баҳс дар бораи ин қарори ду ширкат дар вебсайти мо зиёд аст ва корбаре бо номи Замира чунин навиштааст: "Ман соҳиби 4 фарзандам, барои ман хеле мушкил. Моро гӯсфанд ҳисоб мекунанд, ғорат мекунанд. Барои чӣ таърифаҳои беинтернет нест?"
Корбари дигаре, ки худро "демократия" муаррифӣ кардааст, навиштааст, бо назардошти бӯҳрони коронавирус мумкин аст, вазъи иқтисодии мардум бадтар шавад ва боло бурдани қиматҳо дар ин замон кори дурусте нест.
Ӯ мегӯяд: "Дар ин рӯзҳои сахт, ки дар пеш аст, ба ҷойи арзон кардан, гарон мекунанд. Асоси зиндагии халқи тоҷик аз муҳоҷират мебошад. Дар Русия то 30-юми апрел карантин эълон шудааст. Нархи интернетро арзон кунанд, ки мардум бекоранд, маблағи кофӣ барои хӯрдан надорад."
Иддае аз корбарон гуфтаанд, ки ширкатҳои телефонӣ аз пеши худ қимати Интернету гуфтугӯҳои телефониро боло набурдаанд ва нақши мақомот ҳам дар чунин тасмимгирӣ ҳаст. Аз ҷумлаи онҳо, корбаре бо номи "Сад" ҳаст, ки чунин навиштааст: "Баланд бардоштани нархи таърифаҳо, аз тарафи Хадамоти алоқа ва Кумидаи андоз сурат мегирад. Ин ташаббуси бевоситаи ҳарду муассиса мебошад. Фаромӯш накунед, чанд бор Кумитаи андоз нияти гирифтани андоз аз мессенҷерҳоро карда буд. Ширкатҳои мобилиро бисёр гунаҳкор накунед."
Азим ном корбари дигар низ гуфтааст, мақомот хостаанд, ба ҳамин васила ба буҷаи давлат, ки дуруст пур намешавад, пули бештар ворид кунанд. Ӯ менависад: "Ин қиматшавӣ барои он аст, ки даромади буҷаи давлат кам шудааст, чунки муҳоҷирон дигар буҷаи Тоҷикистонро пур карда наметавонанд. Мехоҳанд, аз ҳисоби халқ андози иловагии бе эълон ситонанд. Давлати мо бо ҳамин андози халқ зинда аст."
Худи ширкатҳои телефонӣ мегӯянд, азбаски дар таърифаҳои нав Интернети бештар аст, қимати он назар ба таърифаҳои пешин болотар аст.
Дар охири барнома ба як бозори шаҳри Қазони Русия меравем, ки онҷо тоҷирони тоҷику узбек зиёданд ва маҳдуд шудани гаштугузор дар шаҳр ба кори онҳо чӣ гуна таъсир гузоштааст.
Ташаккур ба онҳое, ки видеову назарҳои худро ба мо мефиристанд. Шумо ҳам истиҳола накунед ва хабару видеоҳои худро бифристед. Вотсаппу Телеграм ва Вайберу ИМО дорем. Аз тариқи Радиои Озодӣ ҳам фиристода метавонед.
То дидор дар барномаи дигар.