Имрӯз муроҷиати муҳоҷиронро аз дохили боздоштгоҳу таҳхонаҳои Русия мешунавем, сели харобиовар дар Панҷакент ва талоши мардум барои эмин монданро мебинем ва ҳам дар бораи тақсими кумак ва ё ҳадяҳои президент гап мезанем, ки ба як баҳси дароз табдил шуд.
Баъзе аз муҳоҷироне, ки дар боздоштгоҳи Егоровскийи вилояти Маскав ҳастанд, мегӯянд, тақрибан ним сол боз дар шароити ногуворе нигаҳ дошта мешаванд. Бақияро худи муҳоҷирон мегӯянд:
"Ҳамаи инҳо тоҷиконанд, се моҳ шудааст, дар боздоштгоҳи Егоровский хобанд, ягон ёрдам нест. Зану кӯдаки моро кӣ мехӯронад, кӣ мепӯшонад, ҳама зиқ нишастааст. Аз чаҳор то шаш моҳ аст, ки инҷоем. Ягон ҳавопаймои чартерӣ нест, ки моро баранд, чаро моро намебаранд. Зану кӯдакони мо гурусна ҳастанд."
Видеои дигаре, ки дар барнома мебинед, ба гуфтаи як хоҳаре аз Тоҷикистон дар дохили таҳхонае дар Маскав сабт шудааст. Ӯ мегӯяд, ки азбаски карантин аст, аз тарси маъмурони милиса берун намеоянд, чун мумкин аст, онҳоро дастгир кунанду ба боздоштгоҳ баранд.
Ӯ ба раҳбарони Тоҷикистон чунин муроҷиат кард: "Салом ба халқи Тоҷикистон. Саломи моро ба президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонед. Мо дар Маскав ҳастем, азоб мекашем. На ба мағоза рафта метавонем, на хӯрок харида метавонем. Дар ин таҳхона гуруснаву ташна нишастем. Як ҳамроҳамон 500 рубл дорад, меравем, тухм харида меорему мехӯрем" (мегиряд).
Зимнан ин ҳафта, баҳс дар бораи кумакҳое, ки аз номи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба шифохонаву мардуми муҳтоҷ тақсим карданд, баҳси зиёдеро барангехт. Кумакҳоеро, ки чанд рӯзи гузашта ба чанд вилоят тақсим шуд, мақомот туҳфаи президент номиданд ва ин ба баъзеҳо хуш наомадааст.
Як корбаре, ки нахост, номашро бигӯем бо ирсоли видео назарашро чунин баён кард: "Ҳамин рӯзноманигорон, барандагон дар хабарҳо бисёр зиёд пешвои миллатро таъриф мекунанд. Гӯё, ки пешвои миллат президенти ягон кишвари дигар бошаду омадааст, дар Тоҷикистони мо хидмат мекунад. Ингуна нест бародарон, президенти худамон аст, вазифаашро иҷро мекунад, ягон кори дигар, кори зиёдатӣ намекунад. Бас кунед, ҳамин чоплусиро. Дар давоми барнома 10 бор мегӯянд, як гапро. Гӯё, ба ғайр аз пешвои миллат ва Рустами Эмомалӣ, дигар ягон кас кор намекунад, дар Тоҷикистон. Ҳама хоб аст, ҳамин ду кас кор мекунад."
Барномаро дар инҷо бинед:
Воқеан Радиои Озодӣ ҳам дар ин бора гузорише дошт ва баҳси зиёде дар ин бора дар вебсайти мо идома дорад.
Корбаре бо номи Карим навишт, "барои ман як чиз аҷиб аст. Чӣ тавр президенти Тоҷикистон аз номи худаш ба шаҳрвандон кумаки башардӯстона мекардааст? Магар Эмомалӣ Раҳмон ягон соҳибкор ва миллиардер аст, ки аз ҷайби худаш сарф кунад? Дар ихтиёри ӯ буҷаи давлат аст, ки аз ҳисоби андози мардум пур мегардад. Пас, магар, дуруст аст, ки кумакҳои башардӯстонаро раисҷумҳур аз номи худаш тақсим кунад?"
Корбаре бо номи Адолат мақомоти Тоҷикистонро танқид кардааст, ки хуруҷи бемории СOVID-19-ро якуним моҳ пинҳон карданд ва, ба қавли ӯ, мунтазир шуданд, ки беморӣ доман занад ва сипас ба онҳо кумак расонанд. Адолат навиштааст: “Аввал ин ки ҳукумат бояд тақсимоти ёриҳои башардӯстонаро пеши мардум ҳисобот медод, на ин ки ёрии башардӯстонаро аз номи ҳукумату ширкатҳои худӣ тақсим мекард."
Корбаре бо номи "Ба Халқ", бо ҳимоят аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, бояд дар ин замони душвор мардум дар атрофи ӯ сарҷамъ шаванд. Шарҳи ӯро мехонем: “Ӯ худаш ҳам фаҳмида истодааст, ки баъзе аз атрофиёнаш нодуруст кор мекунанд. Дар баробари аз байн бурдани коронавирус эҳтимол ӯ ин шахсонро ҳам аз мансаб дур кунад. Барои ҳамин, мо ба иғвогарӣ роҳ надода бо мақсади солимии миллатамон якҷоя пеши роҳи вирусро гирем."
Корбаре, ки нахостааст, номашро бигӯяд, дар зери гузориши Радиои Озодӣ ва дар саҳифаи мо чунин шарҳ гузоштааст: "Барои чӣ мутасаддиён, мушовирон, забондонхо ва дигару дигар навиштаҷоти корвони мошинҳоро, ки аз номи президент ба сокинон тақсим мешавад, аз назар намегузаронанд? Магар "тӯҳфа" гуфтан дуруст аст, бахусус дар ин шабу руз?"
Шарҳу назарҳо зиёданд, вале вақти барномаи мо кам, аз ин рӯ зуд баъзе аз видеоҳои фиристодаи корбаронр ҳам мебинем, ки дар чанд рӯзи гузашта ба мо расид.
Як наворро аз деҳаи Майкатта фиристоданд ва гуфтанд, ки сел рӯзи 15-уми май омад, вале хушбахтона ба касе осеб нарасонд. Мардум ҳам саъй доранд, маҷрои обро тағйир диҳанд, ки то ба хонаву роҳҳо зиёни зиёдтар нарасонад.
Видеои дигар аз ноҳияи Рӯдакӣ ба мо расид ва муаллифаш гуфт, сел дар деҳаи Табибон роҳҳоро хароб кард ва худи мардум якҷо шуда, роҳҳои вайронро ҳамвор мекунанд, то ҳаракату зиндагӣ дар деҳа осонтар шавад. Сел дар чанд рӯзи гузашта дар Тоҷикистон дар чандин деҳа хонаву роҳҳу киштзорҳоро вайрон кард.
Бо умеди ободии деҳаву хонаву осудагии Шумо барномаи имрӯзро ба поён мебарем. Фиристодани назару видеоҳоятонро фаромӯш накунед. Вотсап, Вайбер, Телеграм ва Имо дорем. Агар суоле доред ё хабари тоза мехоҳед, пас, ба инҷо биравед.