Дар шабонарӯзи гузашта дар Русия 10 ҳазору 559 мавриди нави гиифторӣ ба коронавирус сабт шуда, 86 кас фавтидаанд. Аз оғози пандемия дар ин кишвар шумори беморон ба 165 929 нафар расид ва аз онҳо 1537 нафар ҷон бохтанд. Як шуморе аз фавтидагонро муҳоҷирони тоҷик дар кишвар ташкил медиҳанд. Даргузашти онҳо хонаводаҳои онҳоро дар Тоҷикистон ба ҳоли сангине меафканад.
Муҳоҷири тоҷик Ҷаҳонбек Азизов 40-сола буд. Як ҳафта пеш ӯ дар Русия аз бемории COVID-19 фавтид ва танаш ҳанӯз ҳам дар яке аз сардхонаҳои шаҳри Санкт-Петербург нигаҳдорӣ мешавад. Пайвандонаш мегӯянд, ба бародараш, ки ҳамроҳаш кор мекард, танҳо либосҳои марҳумро дода, гуфтаанд, ҷасадро пас аз ташхиси дигарбора барои дафн хоҳанд дод. Эҳтимол меравад, дафн рӯзи 10 май баргузор шавад.
Марги Ҷаҳонбек аҳли хонадонашро дар шаҳри Душанбе афсурда кардааст. Онҳо бовар карда наметавонанд ва баъзеашон аз ғаму андуҳ бемор гаштаанд.
Идибек Азизов, падари Ҷаҳонбек, мегӯяд, барои замини қабристон аз онҳо 80 ҳазор рубл талаб кардаанд: "Иҷозат нест барои оварданаш. Ҳамин ҷо шиштаем нигаҳ карда, ки кай ташхис мекунанду ӯро барои гӯручӯб медиҳанд."
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Ҷаҳонгир дуним соли ахир ба Тоҷикистон наомада буд. Тасмим дошт ҳамин баҳор назди зану фарзандон баргардад, аммо роҳу марзҳо бо иллати пандемияи коронавирус баста шуд ва дар Петербург дар карантин монд.
Идибек Азизов, падари Ҷаҳонбек мегӯяд: "Панҷ фарзанд дорад, панҷ фарзандаш бесоҳиб монд. Намедонем акнун чӣ кор мекунем. Як бачаи дигарам дар Русия аст, ҷиянҳоям ва набераҳоям низ дар онҷо ҳастанд".
Ҳамсари Ҷаҳонбек бемории қанд дорад ва пас аз шунидани хабари марги шавҳар аз пой афтод ва бистарӣ шуд. Модари Ҷаҳонбек аз маризии илтиҳоби шуш азият мекашад ва дар ҳуҷраи дигар бистарӣ аст. Вай мегӯяд, як ҳафта пеш аз бемор шудани писараш бо ӯ телефонӣ суҳбат карда буд.
"Як рӯз пеш аз онки ба бемористон равад, гап зада будам. Оча, хуб ҳастам гуфт. Баъд таъкид кард, ки худотонро эҳтиёт кунед. Рӯзи чоршанбеи гузашта ба бемористон бурданд ва дигар на хат шуду на хабар. Мегуфт зуком шудааст, гулӯям дард мекунад. Дигар шикоят надошт", - нақл кард ӯ.
Падари Ҷаҳонбек мегӯяд, Ҷаҳонбек бо шариконаш дар Русия 12 нафар дар як хона зери карантин будаанд. Ҳамаи онҳо низ мариз шудаанд, "аммо вазъи саломатиашон феълан чандон бад нест".
Ӯ ба сафорати Тоҷикистон дар Русия муроҷиат кард ва гуфт, дар ҳалли қазияи писараш ба ӯ кумак кунанд: "Ман ба сафорати Тоҷикистон муроҷиат карданиам, ки ёрӣ расонанд, ки фарзанди маро гирифта, дуруст дафн кунанд дар ҳамонҷо."