Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо ва Амрико барои иқтисодҳояшон 1.5 триллион доллар харҷ мекунанд


Cеродамтарин маҳалли Ню Йорк комилан холист. Акс аз рӯзи 23-уми март.
Cеродамтарин маҳалли Ню Йорк комилан холист. Акс аз рӯзи 23-уми март.

Маҷлиси Намояндагони Амрико барномаи тақрибан 500 миллиард долларии кӯмакӣ ба иқтисоди осебдида аз коронавирусро тасвиб кард, дар ин тарафи уқёнус раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ҳам сари барномаи азими кӯмакии бештар аз 1 триллион долларӣ ба мувофиқа расиданд.

Вируси наве, ки моҳи декабр дар Чин пайдо шуд, то рӯзи 24-уми апрел бештар аз 190 ҳазор нафарро дар саросари ҷаҳон кушт. Аз ин миён Аврупо 100 ҳазор нафарро талаф додааст ва Амрико 47 000 нафарро. Айни замон бовар меравад, ки теъдоди гирифторон ва талафшудагон аз ин ҳам бештар бошад.

Барномаи кӯмакии Иёлоти Муттаҳида дар замоне қабул шуд, ки омори тоза нишон дод, дар панҷ ҳафтаи гузашта дар ин кишвар 24 миллион нафар бекор мондаанд. Мудири Бонки Марказии Аврупо гуфт, ки мумкин аст, рушди иқтисоди кишварҳои минтақа имсол 15 дар сад коҳиш ёбад.

Маҳдудияти гаштугузор ва бастани корхонаҳо дар Аврупову Амрико, ки боиси таназзули иқтисод шуд, фишор ба ҳукуматҳоро зиёд кард, то дигарбора дари корхонаҳоро боз кунанду фаъолиятҳои иқтисодиву тиҷорат аз сар гирифта шавад. Чанде аз иёлот дар Амрико ҳаракат доранд, маҳдудиятҳои иқтисодӣ ва гаштугузорро сабуктар кунанд. Дар Аврупо, сар аз Олмон то Чехия суръати сирояти беморӣ ва талафот суст шудааст, маҳдудиятҳоро низ ба тадриҷ камтар мекунанд ва ба фаъолиятҳои иқтисодӣ иҷоза медиҳанд.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ҳушдор додааст, ки чораҳои эҳтиётӣ ва маҳдудиятҳо бояд то замони пайдо кардани роҳҳои муолиҷаи КОВИД-19 ва ваксина бояд бардошта нашаванд, чун мумкин аст, вирус дигарбора доман паҳн кунад. Дар Бритониё ва Олмон озмоиши ваксина ба зидди беморӣ оғоз ёфтааст, вале умедҳои барои муолиҷаи зуди КОВИД-19 баъди бенатиҷа анҷом ёфтани озмоиши аввали доруи Ремдесивир камтар шуд.

Дар Ню Йорк, ки бештар аз ҳама дигар иёлот дар Амрико аз беморӣ осеб дидааст, таҳқиқ нишон додааст, ки вирус тақрибан ба 2 миллиону 700 ҳазор нафар сироят кардааст, ки 10 маротиба бештар аз омори расмист. Эндрю Куомо, раиси аёлати Ню Йорк гуфт, таҳқиқи саросарии 3 ҳазор гирифтор нишон додааст, ки 14 дар сади онҳо подтанҳое доштаанд, ки собит мекунанд, вирус ба онҳо сироят кардааст.

Таҳқиқот дар дигар ҷойҳо айни натиҷаҳоро додааст ва ба ҳамин далел тахмин мешавад, ки бисёре аз одамон ба бемории КОВИД-19 гирифтор шудаанд, вале ҳеҷ аломатҳои онро надоштаанд. Мутахассисон мутмаин нестанд, ки инсон баъди сироят аз ин беморӣ масуният пайдо мекунад, вале дар умум бадани инсон ба вирусҳое, ки бемории зуком бармеангезанд, муқовим мешавад.

Дар дигар ҷойҳои ҷаҳон ба мисли Бразилия, Туркия ва Африқои Ҷанубӣ сирояти беморӣ ва талафот зиёдтар мешавад. Дар кишварҳои мусулмоннишин ҳам Рамазон оғоз ёфт ва имсол рӯзадорӣ дар замони маҳдудияти гаштугузор мегузарад.

Бисёре аз ин кишварҳо мисли Тоҷикистон масҷидҳоро бастанд ва намозҳои дастаҷамъиро мамнӯъ карданд, то монеи густариши вирус шаванд. Аммо дар баъзе аз кишварҳо ба мисли Покистон ва Бангладеш мардум даъватҳо барои ибодат дар хонаро нодида гирифтаанд, бо вуҷуди онки мақомот гуфтаанд, намози таровиҳ ва ё дастаҷамъӣ метавонад, вирусро дар миёни мардуми зиёде паҳн кунад.

XS
SM
MD
LG