Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон имсол дар Тоҷикистон дар муқоиса ба солҳои пеш, ором ва бидуни баргузории чорабиниҳои тафреҳӣ гузашт. Қабл аз пандемияи коронавирус маъмулан дар ин рӯз дар Тоҷикистон барномаву маъракаҳои мухталифе баргузор мешуд ва гурӯҳе аз кӯдаконро сарҷамъу хушҳол дидан мумкин буд.
Волидон ҳам аксарият ин рӯзи худро барои атфолашон бахшидаву якҷо ба сайри шаҳр мебаромаданд. Аммо коронавирус имсол ин ҷашнро дар баробар дигар иду ҷашнҳо ба ҳам зад. Кӯдакон як моҳ боз дар таътил ҳастанд ва волидон ҳам дар хона нишастани фарзандонро дар чунин шароит бартарӣ медиҳанд. Дар кишвар барномаҳои омузишӣ онлайнӣ барои наврасон имконнопазир аст ва волидон мегуянд, маҷбур ҳастанд, аз ҳар роҳе кӯдакони худро дар ин шароит машғул нигоҳ доранд.
Дар Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон Радиои Озодӣ бо се наврасе суҳбат кард, ки ин рӯзро дар чордевори хона таҷлил карданд. Азиз 10-сола аст ва мехоҳад, кайҳонавард шавад. Дар рӯзҳои таътил, ки ҳатто ба кӯча баромадан номумкин аст, ӯ бо кумаки модараш дар бораи ҷирмҳои осмонӣ маълумот мекобад. Азиз мегӯяд, ҳар сол дар Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон ба сайругашт ва тамошои шаҳр мебаромаданд, аммо ин субҳ модар гуфт, имсол аз хона берун намераванд ва ҳамроҳ идро дар хона таҷлил мекунанд.
Азиз китоб мехонаду кайҳонро меомӯзад
Ситора модари Азиз мегӯяд, кӯдаконашро аз ҳар роҳе машғул медорад, чун баъди давутозу бозӣ дар мактабу боғча онҳо наметавонанд, дурудароз дар муҳити хона орому роҳат нишинанд. Ва гуфтаи ӯ, кӯдаконаш рӯзона то ду соат китоб мехонанд ва баъдан ба бозиҳои гуногун машғул мешаванд.
Ҳоло Ситора дар хона як роҳи машғул нигоҳ доштани кудаконро дар шароити каронавирус роҳандозӣ кардааст. “Ҳоло ба онҳо мегӯям, ки ман имрӯз фалон шириниро мепазам. Агар шумо ҳам бо ман ин корро кунед, метавонед ёд гиред. Ман ба онҳо коғазҳои ранга мехарам онҳо аз он ҳар чиз месозанд. Рӯзона як соат аз Интернет дар бораи ҷирмҳои осмонӣ бо писарам маълумот мегирем”.
Дар Тоҷикистон аз як моҳ аст, ки кӯдакон ба сабаби таътил дар мактабу боғча дар хона ҳастанд. Набуди дарсҳои онлайнӣ ва барномаҳои вижаи фосилавӣ барои аксар кӯдакон таълиму тарбияи онҳо дар хонаводаҳоро сахт кардааст. Марҷона Ҳалимзода, хонандаи синфи 4-ум дар шаҳри Ваҳдат аст. Миҷгона модари Марҷона мегӯяд, набуди иртибот бо дӯстону ҳамсинфон духтарашро зиёд гӯшанишин кардааст.
Ӯ мегӯяд, тамошову сайругашт бо духтараш дар Рӯзи ҷаҳонии кудакон як баҳонаи хубе буд, аммо имсол он ҳам номумкин аст. “Дуруст аст, ки шояд Тоҷикистон ин шароитро надорад, вале як тарзе мешуд, ки хонандаҳо тариқи онлайнӣ танҳо ҳамин рӯз ҳамсинфони худро медиданд. Чунки шахсан духтари ман доим аз ҳамсинфонаш ёд мекунад ва зиёд мегӯяд, ки ба хонаи фалон дугонааш равем. Ҳарчанд мефаҳмонам, ки бояд эҳтиёт кард.»
Амина ба модараш дар кори хона мадад мерасонад
Аммо ба фарқ аз Азизу Марҷона, Аминаи 13-сола дар ин рӯз дар яке аз деҳаҳои дурдасти Ховалинг саргарми бозӣ бо хоҳаронаш аст ва гоҳи дигар модараш дар кори ҳавлӣ кӯмак мекунад. Падараш мисли садҳо муҳоҷири дигар дар Русия аст. Аминаро парвои Рӯзи кудакон нест ва танҳо бесаброна омадани падар ва тӯҳфаи ваъдагии ӯро интизор аст.
Шарифгул модари Амина мегӯяд, кӯдаконаш баъди эълони карантин дар хона ҳастанд ва ягона машғулияти онҳо бозӣ дар саҳни ҳавлӣ ва кумак ба ӯ аст. Ӯ гуфт: “Баъзан бо падарашон бо телефон суҳбат мекунем. Ваъда карда буд, ки ин дафъа ки омад як планшет мебиёрад ва ҳамдигарро аз ин пас дар ИМО мебинанд. Лекин баъди ин беморӣ қариб се моҳ мешавад кор надорад ва маош ҳам намегирад. Ба кӯдакон фаҳмонидам, ки ҳамааш хуб шуд, баъд падарашон планшетро худаш гирифта меорад.»
Амина аз насли кӯдаконест, ки бе ҳузури падар ва дар баъзе маврид дар ғайби падару модар ва дар тарбияи бобову бибӣ ба воя мерасанд. Ӯ хуб медонад, ки падар барои таъмини онҳо ва беҳбуд бахшидани вазъи иқтисоди хонавода дар муҳоҷират аст, аммо боз ҳам мисли ҳар кӯдак намехоҳад, падар аз наздашон дур бошад.
Равоншиносон мегӯянд, аз ҳама роҳи хуби машғул доштани кӯдакон дар шароити феълӣ ин аст, ки волидон дар бораи эҳсоси нигарониву мушкилоташон бо ӯ ҳарф бизананд ва дарду нигарониҳояшро бишнаванд. Тақрибан нисфе аз 9 миллион аҳолии Тоҷикистонро кӯдакон ва наврасони зери синни балоғат ташкил медиҳанд. Ҳазорон нафар аз ин атфол аз замони кӯдакӣ, ки овони “ чун гул ба чаман сар кашидани онҳост,” кашидани бори аробаи зиндагии хонаводаҳои худро бар дӯш мегиранд.