Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба кишоварзони тоҷик тухмии ҳолландӣ доданд, то "нони дуввум" фаровон шавад


Картошка дар Тоҷикистон ҳамчун "нони дуввум" ҳисоб мешавад
Картошка дар Тоҷикистон ҳамчун "нони дуввум" ҳисоб мешавад

Созмони Ҷаҳонии Ғизо ва Кишоварзӣ ба картошкапарварони ду ноҳия 60 тонна тухмии картошкаи ҳолландӣ тақсим кардааст, то кишварзон тавонанд ҳосили баланд ба даст оранд. Ин кӯмаки Иттиҳодияи Аврупоро кишоварзони тоҷик дар шароити маҳдудиятҳои марбут ба бемории COVID-19 муассир арзёбӣ мекунанд.

Картошка дар Тоҷикистон "нони дуввум" хонда мешавад ва камбуди ин навъ маҳсулот ба буҷаи аксар хонаводаҳо таъсир дорад.Тақсими тухмии картошкаи навъи "Ред Скарлетт"-и ҳолландӣ ба 120 кишоварзи ноҳияи Нуробод ва Шаҳристони вилояти Суғд оғоз шудааст.

Бунафша Азимова, масъули дафтари ин созмон дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, дар зудтарин фурсат ба ин кишоварзон боз 80 тоннаи дигар тухмӣ тақсим карда мешавад.

Ба гуфтаи вай, коршиносони созмон интизор доранд, кишоварзон аз ин миқдор тухмӣ як ҳазор тонна ҳосил хоҳанд гирифт. Далер Абдуллоеви 38-сола, сокини ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд дар канори 40 гектар чарогоҳ як гектар замини корами обӣ дорад ва ҳамасола дар он картошка кишт мекунад.

Ҳарчанд аз ҳосили соли гузашта барои кишти баҳорӣ тухмии картошкаро захира кардааст, аммо фикри хариди нуриҳо барои гирифтани ҳосили хуб азияташ медиҳад. Зеро, дар пайи хуруҷи бемории COVID-19, мушкилоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон ва коҳиши ҳаҷми пулҳои интиқолии муҳоҷирони корӣ вай барои хариди миқдори зарурии нуриҳои минералӣ пули зиёде дар даст надорад.

Аммо, вай ба умед аст, ки аз кишти навъи нави картошка имсол ҳосили хуб ба даст меорад: "Ин навъи нави картошка дар минтақаи мо аст ва ҳоло хуб намедонем, ки ин зироатро чӣ гуна нигоҳубин кунем. То ҳол картошкаи маҳаллӣ кишт карда, аз як гектар замин аз 20 то 40 тонна ҳосил мегирифтам."

Дар намояндагии Созмони Ҷаҳонии Ғизо ва Кишоварзии Тоҷикистон мегӯянд, ки баъд аз тақсими тухмии картошка, мутахассисон ба кишоварзони тоҷик парвариши ин навъи картошкаро меомӯзанд. Ҳамчунин бо сармоягузорони ин тарҳ музокирот барои ройгон фароҳам кардани нуриҳои минералӣ идома дорад.

Аммо, Абдусаттор Нарзуллоев, мутахассиси картошкарпарварӣ аз ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд мегӯяд, сокинони ин минтақа ба парвариши навъҳои маъмулии картошка, ки дар бозорҳо харидори зиёд доранд, одат кардаанд. Ба эътиқоди вай, интихоби ноҳияи Шаҳристон барои озмоиши парвариши ин навъи нави картошка чандон дуруст нест.

Ба гуфтаи Нарзуллоев, "мавзӯи асосӣ ин аст, ки картошкаи ин навъи ҳолландӣ чӣ қадар ҳосил медиҳад? Дар солҳои 90-уми асри гузашта як навъи картошкаи сурхи ҳолландиро кишт мекардем, ки ба сабаби таркиби хоки замини мо дохилаш сурх мешуд ва харидоргир набуд. Аммо, агар ҳоло навъи хуберо оварда бошад, имкон дорад, ин тухмӣ ҳосили хубе диҳад."

Соли гузашта кишоварзони тоҷик беш аз 33 ҳазор гектар картошкат кишт кард, зиёд аз 650 ҳазор тонна ҳосил ҷамъ карда буданд. Аммо, дар баҳори соли ҷорӣ дар пайи эълони хуруҷи бемории COVID-19 дар Тоҷикистон нархи ин навъи ғизо дар бозорҳо бамаротиб чанд баробар боло рафт. Барои мисол, агар зимистони имсол нархи як килограмм картошка се сомонӣ буд, дар моҳи гузашта арзиши он то 10 сомонӣ барои як килограмм афзоиш ёфт.

Ҳамасола дар фасли баҳор мақомот нархи картошка дар бозорҳоро аз тариқи воридоти он аз Покистон танзим мекард. Аммо, ҳоло марзҳо баста аст ва мақомот фавран бо вуруди картошка аз Русия талош карданд нархи "нони дуввум"-ро пойин баранд.

Созмони Ҷаҳонии Ғизо ва Кишоварзӣ аз солҳои 90-уми асри гузашта, замони ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон ба кишоварзон дар рушди ин соҳаи иқтисоди миллӣ мусоидат мекунад.

XS
SM
MD
LG