Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коронавирус ба якчанд шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия сироят кардааст. ВИДЕО, САДО


Маркази хидматрасонӣ ба муҳоҷирон дар Санкт-Петербург. Рӯзи 2-юми апрели 2020
Маркази хидматрасонӣ ба муҳоҷирон дар Санкт-Петербург. Рӯзи 2-юми апрели 2020

Дастикам 15 шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия, ки дар миёнашон муҳоҷирони корӣ низ ҳастанд, ба вируси корона мубтало шудаанд. Мақомот мегӯянд, ҷойи воҳима нест, чун дар Русия ҳазорон нафар мубталои коронавирусанд. Бархе аз муҳоҷирон аз дастрасӣ надоштан ба хадамоти тиббӣ дар Русия шикоят доранд.

Як мақоми баландпоя дар сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 14-уми апрел бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, тибқи омори эҳтимолии онҳо гирифтории дастикам 15 нафар аз шаҳрвандони кишвар дар Русия ба бемории КОВИД-19 тасдиқ шудааст.

Ин рақам ба гуфтаи масъули сафорати Тоҷикистон метавонад аз ин бештар бошад. Ба гуфтаи дипломати тоҷик, чанд нафар аз муҳоҷирони сироятшудаи тоҷик беҳбуд ёфта, чанде дигар дар беморхонаҳо бистарӣ мебошанд.

Дар рӯзҳои ахир ҳадди ақал ду нафар аз муҳоҷирони тоҷик ба Радиои Озодӣ тамос гирифта, гуфтанд, ба вируси корона мубтало шудаанд. Номи ин афрод ба Ковид-19 бар асоси қонун ва хоҳиши худашон ифшо карда намешавад.

Як муҳоҷири тоҷик мегӯяд, ӯ дар яке аз бозорҳо фурӯшанда буд ва аз сироят ба коронавирус зиёд эҳтиёт намекард.

"Аввал гулӯям сахт дард кард, баъд ҳароратам баланд шуд. Сурфа сар шуд. Даҳ рӯз дар хона табобат кардам, ягон дору фоида накард. Аҳволам аз ҳад бад шуд, ба Ёрии таъҷилӣ занг задам. Омада, маро бурданд ва ташхисҳои коронавирус мусбат баромад", - гуфт ин муҳоҷири тоҷик.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Якчанд тоҷик дар Русия гирифтори коронавирус шудаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:59 0:00

Ӯ гуфт, аз ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия дархост мекунад, дар ҳолати пайдо шудани нишонаҳои коронавирус ҳатман ба Ёрии таъҷилӣ занг зананд.

Ҳамсуҳбати мо, ки мушкили нафаскашӣ дошт ва базӯр суҳбат мекард, гуфт, ҳоло дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Маскав зери назорати пизишкон аст. Як муҳоҷири дигареро, ки бо ӯ ддар як хона зиндагӣ мекард, низ ба беморхона бурдаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо нашри як иттилоия аз муҳоҷирон хостааст, дар ҳолати пайдо шудани нишонаҳои коронавирус ба Ёрии таъҷилӣ бо рақамҳои 103 ва 112 занг зананд.

Якчанд тоҷик дар Русия ба коронавирус гирифтор шудаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:35 0:00
Линки мустақим

Бархе аз муҳоҷирон гуфтан, як сабаби муроҷиат накардан бовар надоштан ба табибон дар Русия аст.

Муҳаммад, муҳоҷири тоҷик, рӯзи 11-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди ҳашт рӯзи дард аз ҳарорати баланд ва сурфа, саранҷом тавонист падари солхӯрдаашро дар бемористон бо аломатҳои олудагӣ ба коронавирус бистарӣ кунад.

Ин муҳоҷир мегӯяд, "чанд рӯзи охир ҳарорати бадани ӯ то 40 дараҷа мерасид, се дафъа Ёрии таъҷилиро даъват кардем, вале танҳо дору навиштанду бас. Дар рӯзи аввал ваъда доданд, ки фардо тести коронавирус мегиранд, аммо наомаданд, падарамро ҳам ба беморхона бурдан нахостанд".

Таҳлилгарони дар бораи масоили муҳоҷирон мегӯянд, муҳоҷирони тоҷик дар баробари мушкили коронавирус қишри осебпазиранд.

Абдулло Давлатов, пизишки тоҷики муқими Маскав гуфт, сарфи назар аз ин муҳоҷирон бояд вазъиятро дуруст дарк кунанд. Ӯ гуфт, дармонгоҳҳои Русия мувазаффанд, ба ҳар нафар сарфи назар аз шаҳрвандиаш кумаки тиббӣ расонанд.

Вале Давлатов мегӯяд, бархе аз муҳоҷирон бо сабаби нобоварӣ ва ҳам тарс, ки ба сарашон мушкилии дигаре наояд, аз муроҷиат ба дармонгоҳҳо худдорӣ мекунанд: "Чанд нафар дар нимашаб занг заданд, гуфтам ба ёрии таъҷилӣ занг занед. Мегӯянд, мо занг задем, ёрии таъҷилӣ гуфтааст, баъди ду соат мебиёем. Аз ин чиз ранҷиданд, ҳол онки ҷойи ранҷиш нест. Мушкилоти табиӣ аст, баъзе аз ҳамватанони мо даррав меранҷанд, ки мо рус нестем ва барои ҳамон гуфтанд ду соат пас меоянд. Ҳозир барои мардуми бумии Маскав ҳам чунин аст", - таъкид кард Давлатов.

Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, то ҳол ягон мавриди гирифтор шудани сокинон сабт нашудааст. Аммо хабари сирояти чанд муҳоҷири тоҷик дар Русия метавонад боис ба нигаронии наздиконашон дар ватан шавад.

Тибқи омори ахир беш аз 21 ҳазор нафар дар Русия ба бемории ҳамагири КОВИД-19 мубтало шуда, 170 тан ҷон додаанд. Беш аз 1600 нафари дигар шифо ёфтаанд.

Дар Русия тақрибан як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Аксари онҳо дар шароити коронавирус бекор ва бе сармоя мондаанд.

XS
SM
MD
LG