Аз соли 2017 корманди Радиои Озодӣ дар Душанбе аст.
Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бо нархҳои гарон чӣ бояд кард?
Бархе аз назардиҳандагон дар хиёбонҳои Душанбе аз муҳоҷирати занони тоҷик дар Русия ҳимоят карданд. Вале баъзеи дигар гуфтанд, ки муҳоҷирати корӣ машғулияти хоси мардон аст ва занон набояд ба корҳои мушкил ва он ҳам дар мулки бегона ҷалб шаванд.
Сокинони шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, чаро мехоҳанд кӯдак шаванд ва ҳам чаро намехоҳанд ба он даврон баргарданд?
Созмони бритониёии “Saferworld” (“Ҷаҳони бехатар”) талош дорад, ки ҳамкории милисаи тоҷик бо ҷомеаро қавитар кунад.
Генерали маҳкумшуда ба ҳабси абад мегӯяд, ки дар ҳукми 11 соли пеши ӯ "хиёнат ба давлат" вуҷуд надорад.
Сокинони шаҳри Душанбе ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд,ҳангоми мушоҳидаи амалҳои ғайриқонунӣ, чаро ба милиса хабар намедиҳанд?
Як назарсанҷӣ дар Тоҷикистон нишон додааст, ки 59 дар сад аз афроди сигоркаш мехоҳанд, “дар ояндаи наздик” тарки одат кунанд. Назарсанҷӣ дар миёни беш аз ҳазор нафар аз тарафи Маркази таҳқиқотии “Зеркало” анҷом шуда ва натиҷааш рӯзи 30-юми май эълон гардид.
Сокинони шаҳри Душанбе аз рӯзҳои аввали моҳи шарифи Рамазон ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд.
Радиои Озодӣ аз сайёҳони хориҷӣ пурсид, ки ба ватан аз Тоҷикистон чӣ мебаранд?
Бархе аз сокинони Душанбе хотираҳои ҷолибу ба ёдмондании худро бо Радиои Озодӣ дар миён гузоштанд.
Радиои Озодӣ аз мардум пурсид,ки таваллуди кӯдак метавонад монеи пешрафти фаъолияти зан шавад?
Баъзе аз роҳгузарон дар хиёбонҳои Душанбе гуфтанд, ки аз ғайбату туҳмат ва бархеи дигар аз парвози ҳавопаймо, бефарҳангӣ ва пизишкони камсаводу бетаҷруба ҳарос доранд. Иддае ҳам ҷангҷӯиву ифротгароиро мояи тарси худ донистанд. Шумо дар ин шабу рӯз бештар аз чӣ меҳаросед ё тарс доред?
Мунаққидон мегӯянд, дар кишваре, ки 70 дар сади аҳолиаш ҷавонҳои то 30-сола мебошанд, маъракаҳои идона ва тарғиботи сиёсии давлатӣ роҳҳали мушкили ҷавонон буда наметавонад.
Пурсиши Радиои Озодӣ дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе.
Як пурсиши сарироҳии Радиои Озодӣ дар Душанбе муайян кард, ки бисёре аз сокинон мехоҳанд, дар як моҳ ҳадди ақалл се ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан чаҳорсад доллар, маош ё даромад дошта бошанд.
Сокинони Душанбе дар бораи Умари Хайём ва ҷойгоҳи ӯ дар зиндагиашон ба Радиои Озодӣ гуфтанд.
Аз марги Умари Хайём зиёда аз 900 сол гузаштааст, вале нигоҳи ӯ ба зиндагӣ ва марг ҳанӯз ҳам мавзӯи баҳс аст. Ҳанӯз касе аз шоирони форси тоҷик дар навиштани чортоӣ ё рубоӣ ба андозаи Умари Хайём шӯҳрат наёфтааст.
Ахиран порлумони Тоҷикистон Кодекси тандурустиро қабул кард, ки бар асоси он табибон ҳақ надоранд, беморро аз марги ногузир бохабар кунанд.
Ёфтҳои бештар