Аз соли 2017 корманди Радиои Озодӣ дар Душанбе аст.
Бархе аз сокинон дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, хуб мешуд, симкортҳо то охир бепул ваё нархи рамзии 5 ё 10 сомонӣ боқӣ мемонд. Дигарон чӣ назар доранд, дар ин навор бинед.
Падари Давлатқадам Давлатқадамов, ҷавони муттаҳам ба авбошӣ дар ҳавопаймои Маскав-Душанбе дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки писараш бемори рӯҳист.
Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе аз санҷиш ё аттестатсияҳои зиёд дар идораҳо шикоят доранд. Онҳо мегӯянд, бар илова, ин санҷишҳо баъзан ба кору тахассуси онҳо рабт надорад. Шумо дар ин бора чӣ назар доред?
Баъзе аз сокинони деҳот аз хубӣ ва мушкилот дар шаҳри Душанбе гуфтанд.
Ҷӯяндаи Google нишон медиҳад, ки ибораи "зиракии сиёсӣ" дар мақола ва маводи тарғиботии ҳукумати Тоҷикистон фаровон истифода мешавад. Танҳо дар як моҳи охир 58 мақола, яъне рӯзе то ду матлаб, дар мавриди "аз даст надодани зиракии сиёсӣ" нашр шудааст.
Хабарнигори Радиои Озодӣ аз роҳгузарон дар Душанбе пурсид, ки фарзандашонро чӣ гуна тарбия мекунанд? Баъзеи мусоҳибони мо гуфтанд, ки тарафдори танбеҳ додани кӯдакон ҳастанд, махсусан агар онҳо хатое содир кунанд. Шумо чӣ мегӯед? Фарзандро чӣ гуна бояд хуб тарбия кард?
Кевин Коверт, кордори сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар вокуниш ба мавзӯи то 250 сомонӣ нархгузорӣ шудани арзиши сим-кортҳои телефонҳои мобил гуфт, дар ингуна ҳолатҳо бояд "қонуни бозор амал кунад".
Як зани кишоварз аз ноҳияи Ёвон барандаи озмуни соҳибкорзанҳои Тоҷикистон эълон шуд. Бар асоси натиҷагирӣ аз озмуни "Фараҳ-2018", Зулайхо Тиллоева, раҳбари хоҷагии деҳқонии "Зулайхо" беҳтарин бонуи соҳибкор эълон шуд.
Шурӯи соли нави таҳсил бозори манзилҳои иҷораро дар Душанбе гарм кардааст. Донишҷуён, ки мӯҳтоҷи иҷораи хона ҳастанд, роҳи дигаре ҷуз розӣ шудан бо нархҳои гарони соҳибхонаҳоро надоранд.
Як довталаби нобино аз болои раҳбарияти Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба Додситонии кулл шикоят кардааст. Мавзун Ғафурзода мегӯяд, раҳбарияти Консерватория бо баҳонаи онки барои таълими нобиноҳо мутахассис надоранд, аз қабули ӯ худдорӣ кардааст.
Бархе аз роҳбарони собиқадор дар Тоҷикистон ба ин назаранд, ки дар шароити Тоҷикистон, бидуни садобаландкунӣ, муштзанӣ рӯи миз ва лаҳни тунд идора кардани коргарон душвор ва гоҳе номумкин аст. Назари Шумо дар ин бора чист?
Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе аз тасмими боло бурдани маоши кормандони идораҳои давлатӣ, низомиҳо, нафақаи сокинон ва стипендияи донишҷӯён истиқбол карданд. Аммо айни замон гуфтанд, аз 10 то 15 дарсад афзудани маош дар ин шабу рӯз ба дарди халқ марҳам намешавад.
Чанд сокини Душанбе тасмими мақомотро то 250 сомонӣ боло бурдани арзиши сим-корти телефонҳои мобилӣ танқид карда гуфтанд, ки дар ниҳояти амр аз ин тасмим сокинони оддӣ, бавижа муҳоҷирон зарар мебинанд. Мақомот мегӯянд, бо ҳадафҳои амниятӣ бояд ин муқаррарот роҳандозӣ шавад
Ҳафтаи ҷорӣ дар бисёр шаҳру манотиқи Эрон эътирозҳои сартосарӣ сар зад: мардум дар баробари норизоиятҳои иқтисодӣ ва сангинтар шудани шароити зиндагӣ, шиорҳои сиёсӣ ба забон оварданд. Дар Тоҷикистон аз таҳаввулоти ахир дар ҷомеаи Ҷумҳурии исломӣ пайгирӣ мекунанд
Дар як пурсиши сарироҳӣ бархе сокинони Душанбе дар посух ба ин савол гуфтанд, ки пасандозҳои худро дар бонкҳо нигоҳ медоранд, вале дар баробари онҳо шумори нафароне, ки ба нигаҳдошти пасандоз дар хонаашон бартарӣ медиҳанд, кам нестанд
Сокинони Душанбе дар як пурсиши сарироҳӣ ба ин савол посух медиҳанд, ки чаро дар бисёр хонаводаҳо баъди оиладор шудан бародарон аз ҳам дур мешаванд.
Шӯрои уламои Тоҷикистон аз ҳодисаҳои зиёди ташхиси бакорат дар кишвар изҳори нигаронӣ карда, ҳушдор дод, ки бо ин баҳона набояд шаъну шарафи занон поймол шавад. Масъулини Шӯро мегӯянд, бакорат масъалаи хусусӣ аст ва аз ин роҳ бо обрӯи занон бозӣ кардан дуруст нест.
Сокинони Душанбе ҳодисаи ҳамла ва қатли сайёҳони хориҷӣ дар ҷануби Тоҷикистонро маҳкум карданд. Дар як ҳамла ба ҳафт сайёҳи хориҷии велосипедсавор дар ноҳияи Данғара чор нафар кушта ва се нафар захмӣ шуданд.
Cокинони маҳаллаи Навободи боло дар ноҳияи Синои пойтахт шикоят доранд, ки назди хонаашон ба партобгоҳе табдил шудааст ва ин ба солимии фарзандонашон зарар дорад.
Ёфтҳои бештар