Аз соли 2017 корманди Радиои Озодӣ дар Душанбе аст.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, танҳо дар нуҳ моҳи имсол тақрибан 9 ҳазор зан аз ҷабри шавҳар ва бекориву бехонагӣ шикоят кардаанд. Занони даъвогар гуфтаанд, ки мардҳо онҳоро зери шатта мегиранд ва озори равонӣ медиҳанд.
Аз сокинон пурсидем, ҳуқуқи истироҳати онҳоро кӣ вайрон мекунад
"Беш аз 700 нафар ҷон бохта ва беш аз 2300 тани дигар маҷруҳ шудаанд". Ин омори майдонҳои ҷанг не, балки натиҷаи садамаҳои нақлиётиест, ки тайи як соли охир дар гӯшаҳои Тоҷикистон ба вуқуъ пайвастааст.
Сокинони шаҳри Душанбе мегӯянд, бо вуҷуди талошҳои ҳукумат, таассуби динӣ дар Тоҷикистон зиёд аст. Ҷавонон дониши қавӣ надоранд, бинобар ин зери таъсири воизони ифротӣ қарор мегиранд.
Маоши баланд, мошин ва хона- тақозои духтарон аз домод. Камбуди иқтисодӣ оиларо вайрон мекунад, меандешанд сокинони шаҳри Душанбе.
Дар Душанбе баъзе аз занону духтарон барои ҳимояи худ аз ҳамлаи дуздону авбошон ва дастдарозии бархе мардон воситаҳои дифоъ, аз ҷумла, "электрошокер" ва ё балончаҳои газӣ истифода мекунанд.
Аз соли нави 2019 дар Тоҷикистон муҳлати имтиёзи муассисаҳои хӯроки умумӣ ба поён мерасад ва моликони ошхонаву қаҳвахонаҳо муаваззаф хоҳанд буд ба ҷои 5 фоиз, 18 дарсад НДС супоранд.
Дар Душанбе бархе занону духтарон барои ҳимояи худ аз ҳамлаи дуздону авбошон ва дастдарозии мардон воситаҳои дифоъ, аз ҷумла, электрошокер ва ё балончаҳои газӣ истифода мекунанд.
Пратипҳа Метҳа, раиси дафтари Бунёди рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон гуфт, ки бадрафторӣ бо занон ҷиноят аст ва касе ҷиноят кардааст, бояд ҷазо гирад. Метҳа ин нуктаро дар суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ баён кард.
Мақомоти Тоҷикистон қасд доранд, ки барои ҷалби кӯмак ва сармояи тоҷикони бурунмарзӣ, бахусус муҳоҷирон дар Русия, сандуқ ё фонди махсус ташкил кунанд. Ин хабар дар нишасти рӯзи 16-уми октябр дар Душанбе бо ҳузури мақомот ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ эълон шуд.
Мақомоти Тоҷикистон қасд доранд, ки барои ҷалби кӯмак ва сармояи тоҷикони бурунмарзӣ, бахусус муҳоҷирон дар Русия, сандуқ ё фонди махсус ташкил кунанд.
Дар Тоҷикистон рӯзҳои фарҳанги Туркманистон бо ҳузури беш аз 350 ҳунарманду овозхон баргузор шуд. Аммо он чизе, ки аз ин чорабинӣ ба хотири бисёриҳо мондааст, ин мадҳу санои Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон буд, ки бархе тамошобинони тоҷикро дар ҳайрат гузошт.
Он чизе, ки аз ин чорабинӣ ба хотири бисёриҳо мондааст, ин мадҳу санои Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон буд, ки бархе тамошобинони тоҷикро дар ҳайрат гузошт.
Беш аз 350 ҳунарманд ва санъаткори Туркманистон баъд аз зуҳри 14 октябр бо ҳадафи баргузории рӯзҳои фарҳанги ин кишвар дар Тоҷикистон ба Душанбе омаданд.
Мерилин Йосефсон, раҳбари нави намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон, се ҳафта пеш ба Душанбе омад. Ӯ дар ин мақом Ҳидоят Бишчевичро иваз кард.
Даҳҳо муштарии "Тоҷиксодиротбонк" субҳи 12-уми октябр дар назди бинои марказии ин бонк дар Душанбе ҷамъ омада, хостори бозпас гирифтани пасандозҳояшон шуданд.
Даҳҳои муштарии "Тоҷиксодиротбонк" субҳи 12-уми октябр дар назди ин бинои марказии ин бонк дар Душанбе ҷамъ омада, хостори бозпас гирифтани пасандозҳояшон шуданд.
Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт баррасии парвандаи Диловар Гулов, писари Гул Шералӣ, собиқ вазири энергетикаро шуруъ кардааст. Вакилони мудофеи Диловар Гулов мегӯянд, ӯ ҳангоми боздошт ва ҳабси пешакӣ мавриди шиканҷа қарор гирифтааст.
Ёфтҳои бештар