Садбарг Расулова, сокини 25-солаи шаҳри Душанбе, рӯзҳои ахири бордориашро паси сар мекунад ва, ба ҳисоби пизишкон, то 25-уми май бояд тифлашро ба дунё биёрад. Вай нигарон аст, ки сиҳатии худашу тифли оянда дар зоишгоҳ то куҷо таъмин хоҳад буд. Дар ҳоле ки дар шароити кунунӣ мардум бо нигаронӣ аз эҳтимоли сирояти коронавируси нав аз рафтан ба берун ва бахусус бемористонҳо парҳез мекунанд.
Садбарг Расулова рӯзи 19-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, пизишки оилавӣ итминон додааст, ки натарсад ва танҳо эҳтиёт кунад.
"Табиби оилавӣ гуфт, ниқобу дастпӯш ва маҳлулҳои беҳдоштӣ гирам. Худо кунад, ки тифл бе мушкил ба дунё биёяд", - афзуд ӯ.
Мисли Садбарг Расулова даҳҳо зани дигарро, ки замони таваллудашон наздик аст, густариши босуръати вируси нав ва бистарӣ шудани теъдоди зиёд дар шифохонаҳо нигарон кардааст. Баъзе аз ин занон ҳатто дар шабакаҳои иҷтимоӣ мепурсанд, ки оё табибон дар таваллудхонаҳо бо либосҳои муҳофизатӣ таъмин ҳастанд ва сиҳатии модарону тифли навзод кафолат дода мешавад?
Масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯянд, "шароит дар зоишгоҳҳо фароҳам аст ва занон набояд ба воҳима афтанд". Ба қавли онҳо, фақат қоидаҳои беҳдоштиро риоят кунанд ва барои зоймон омода шаванд.
Зарина Иброҳимова, табиби занон дар зоишгоҳи рақами 2-и шаҳри Душанбе, мегӯяд, кори онҳо ба таври маъмулӣ пеш меравад, танҳо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ сахттар шудааст. Вай гуфт: "Дар таваллудхонаҳо ҳуҷраҳои махсус омода шудааст. Дар ҳолати бад шудани вазъи саломати бемор ё доштани нишонаҳои бемории дигар аз дигарон ҷудо бистарӣ карда мешаванд."
Бемории COVID-19 масъулонро водор кардааст, ки таваллудхонаҳоро аз маркази шаҳру ноҳияҳо дуртар баранд. Ҳадаф дур кардани зоишгоҳҳо аз бемористонҳое аст, ки дар онҷо беморони COVID-19 муолиҷа мегиранд.
Аз ҷумла, беш аз ду ҳафта аст, ки дар зоишгоҳи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе занонро барои таваллуд қабул намекунад ва беморонро ба таваллудхонаи рақами 2-и пойтахт мефиристанд.
Ҳамин тавр, таваллудхонаҳои марказӣ дар шаҳрҳои Турсунзодаву Ҳисор ҳам муваққатан ба “шаҳракҳои тиббӣ” ва дуртар аз маркази ноҳия кӯчонида шуданд.
Яке аз парастороне, ки дар таваллудхонаи шаҳри Турсунзода кор мекунад, гуфт, "ҳоло таваллудхонаро муваққатан ба ҷамоати Пахтаобод, дуртар аз марказ кӯчониданд ва мо корро дар онҷо идома медиҳем. Шароит хуб аст ва тамоми дастгоҳҳои зарурӣ ҳаст."
Дилноза ҳафтаи пеш аввалин фарзандашро дар зоишгоҳҳои "Навобод"-и шаҳри Ҳисор ба дунё овард. Мегӯяд, баъд аз шаш соати таваллуд ӯро ба хона ҷавоб доданд ва гуфтанд, ки сиҳатии худу тифлаш хуб аст ва беҳтар аст дар хона бошад.
Ин сокини Ҳисор афзуд, "шароити таваллудхона бад набуд. Ҳама дастпӯш ва ниқобҳои муҳофизатӣ доранд ва кӯшиш мекунанд, ки занони бордор ё таваллудкарда ҳам зуд-зуд дастонашонро бо маҳлулҳои беҳдоштӣ пок кунанд."
Мунира Ғанизода, мудири Маркази миллии солимии репродуктивии Вазорати тандурустӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, тамоми зоишгоҳҳо фаъолият доранд, ба ҷуз аз чанд таваллудхонае, ки дар онҷо гирифторони бемории нав бистарӣ шудаанд.
Ба қавли Ғанизода, "беморхонаҳои кишвар барои қабули занони ҳомила омода ҳастанд, ҳатто занони ҳомилае, ки гирифтори COVID-19 ҳастанд ё нишонаҳои бемориро доранд. Вазорати тандурустӣ дастурамали чӣ гуна қабулу бистарӣ ва табобат кардани онҳоро ба бемористонҳо фиристодааст."
Ин мақоми вазорат афзуд, "занони бордор пайваста бо пизишкони оилавӣ дар тамос бошанд, ҳеч гоҳ аз рафтан ба зоишгоҳ наҳаросанд ва аз таваллуди хонагӣ худдорӣ кунанд". Чун ба таъкиди ӯ, "таваллуд дар хона барои зани ҳомила ва тифлаш метавонад пайомадҳои вазнин дошта бошад."
Пизишкон аз эҳтимоли афзоиши таваллуд дар хона дар шароити пандемия изҳори нигаронӣ мекунанд.
Ситора Қодирӣ, пизишки занон дар Бемористони Ибни Сино, мегӯяд, занони ҳомила ҳам ба "гуруҳи хавф" шомил мешаванд, чун масунияти бадани онҳо ҳангоми бордорӣ ва баъд аз таваллуд поин мешавад.
"Аз ин рӯ, беҳтар аст, зери назорати табибон бошанд. Муҳим ин аст, ки набояд тарсанд, ҳеч гоҳ духтурон бе либосҳои муҳофизатӣ ба беморон наздик намешаванд, чун барои онҳо сиҳатии занони ҳомила ва тифлашон муҳим аст", - мегӯяд пизишки тоҷик.
Бо ин ҳама, маълум нест, ки дар замони густариши бемории COVID-19 чӣ теъдод аз занон дар хона тифл ба дунё овардаанд. Масъулони Вазорати тандурустӣ мегӯянд, танҳо баъд аз таҳлили вазъ метавонанд, дар ин бора суҳбат кунанд.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!