Агар ба ширкатҳои тавлидкунандаи абзорҳои электронӣ бовар кунед, чунин ба назар мерасад, ки мизоҷони онҳо бесаброна мунтазири соати ҳушманде ҳастанд, ки паёмакҳои телефониро нишон медиҳад ва ё дигар иттилооти заруриро ҳамон лаҳза ба шумо мерасонад.
Самсунг ва Сони аз ҳоло чунин соатро сохтаанд ва ширкати Куалком низ якеро ба зудӣ муаррифӣ хоҳад кард. Бовар меравад, ки ширкати Аппл ҳам соати ҳушманд месозад ва бино ба гузоришҳо, Гугл ҳам саргарми сохтани як чунин абзори нави электронист.
Ҷонатан Гау, пажӯҳишгари ширкати бозоршиносии Ай Ди Сӣ мегӯяд, ин хоҳиши муштариён нест, ки ширкатҳои компютерсозӣ ба инобат гирифта ва мехоҳанд, соати ҳушмандро мисли ҳадяи наве ба онҳо пешниҳод кунанд, балки саъйи худи ширкатҳост, ки мехоҳанд бозорашон васеътар шавад. Компютерсозон таҳти фишор қарор гирифтаанд, то бо тавлиди чизи наве дар байни муштариён ғавғои тоза барпо кунанд, зеро дигар мардум аз телефонҳои ҳушманду лавҳҳои электронӣ ба ваҷд намеоянд. Мардуми зиёде ин телефонҳоро доранд ва ҳар навъи нави он ки ба бозор меояд, танҳо такмилёфта аст ва на чизи нав, ки муштарӣ бо иштиёқи тоза онро истифода барад.
Ба гуфтаи Ҷонатан Гау, бисёре аз тавлидкунандагони абзорҳои электронӣ саъй доранд, қабл аз он ки ширкати Аппл АйВоч бисозад, соатҳои ҳушманди худро вориди бозор кунанд. Моҳи гузашта ширкати Самсунг Галакси Геарро ба фурӯш баровард, ки ҳамроҳ бо телефони ҳушманди Самсунг кор мекунад ва имейлу дигар паёмҳоро нишон медиҳад. Соати мазкур дурбини хурд дорад ва метавон бо он занг ҳам зад. Ин соати ҳушманди Самсунг 300 доллар аст. Ширкати Сони ҳам Смарт Воч-2 дорад, ки 200 доллар аст ва ҳамроҳ бо телефонҳои андроидӣ кор мекунад. Аммо шумо бо ин соат наметавонед занг бизанед. Агар касе ба шумо занг зад, метавонед посух диҳед ва агар нахоҳед, ки соатро пеши гӯшатон нигаҳ доред, бояд абзори Блутусро дошта бошед ва аз тариқи он сӯҳбат кунед. Куалком ҳам ба зудӣ соати ҳушманди Токюро ба фурӯш мегузорад, ки он ҳам бо телефонҳои Андроид кор мекунад. Ширкати тозатаъсиси Пеббл ҳам телефони ҳушманд офаридааст, ки шуморо аз зангҳои телефонӣ ва омадани смс-у номаҳои электронӣ огаҳ мекунад. Ширкати Аплл зоҳиран ба ин зудиҳо Айвочи худро ба бозор намеорад, зеро ҳангоми муаррифии Айфону Айпадҳои наваш дар ҳафтаи гузашта ҳеҷ чизе дар бораи он нагуфт. Бино ба гузоришҳо, ширкати Гугл ҳам дар марҳилаи ниҳоии такмили як телефони ҳушманд аст ва шояд то чанд моҳи дигар онро барои тавлиди оммавӣ омода кунад. Мудирони Самсунг ва Сони мегӯянд, ки соатҳои ҳушманди онҳо фақат барои он офарида шудааст, ки ба корбарон иҷоза диҳад, иттилооти омадаро ҳар лаҳза бубинанд ва зарурат ба берун кашидани телефон аз ҷайб камтар шавад. Танҳо Куалком эътироф кардааст, ки ҳоло тақозои воқеъӣ барои соатҳои ҳушманд вуҷуд надорад ва онҳо ин абзори электрониро барои он офаридаанд, ки ширкатҳои дигар, бо истифода аз тарҳи он маҳсулоти беҳтар биёфаранд. Мудирони Самсунг моҳи сентябр дар мусоҳибае ба Ассошейтед Пресс гуфтанд, ки ширкати онҳо дар тавваккул кардан таҷриба дорад. Масалан дар аввал мардум бовар надоштанд, ки телефонҳои Самсунг Ноут бо лавҳи бузург харидори зиёд пайдо мекунанд, аммо ҳоло на танҳо ин ширкат балки ширкатҳои дигар низ ҳар сол телефонҳои ҳушманди бузургу бузургтар тавлид мекунанд.