"Агар 1 миллион доллар медоштам... авлодамро сер мекардам"

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Хабарнигори Радиои Озодӣ аз роҳгузарони хиёбонҳои Душанбе пурсид, ки агар як миллион доллар медоштанд, онро барои чӣ коре сарф мекарданд?

Ҷавоби раҳгузарон дар хиёбонҳои Душанбе ба пурсиши хабарнигори Радиои Озодӣ дар бораи он ки "агар як миллион доллар медоштед, барои чӣ сарф мекардед?" мухталиф буд, вале бисёриҳо гуфтанд, ки дар ивази як миллиони доштаашон тиҷорати худро ба роҳ мемонданд, хонаву дар месохтанд, худрав (мошин) мехариданд ваатрофиёнашонро ҳам сер мекарданд. Иддае дигар дар фикри роҳандозии нашри асарҳои худу бархе ҳам дар андешаи кумак ба беморону бесарпарастон буданд.

Аниса, як сокини ҷавони Душанбе, мегӯяд, агар бахт ба рӯяш хандад ва ӯ соҳиби як миллион доллар гардад, ҳатман тиҷорати шахсияшро роҳандозӣ хоҳад кард. Гулрӯ, ҷавони дигар, гуфт, "агар соҳиби ин қадар пули калон шавам, як хонаи боҳашаммат ва як мошини гаронбаҳо мехарам. Ба хориҷа меравам ва тамоми авлодамро сер мекунам."

Мусоҳиби дигари мо он қадар орзуи зиёд надорад ва дар ҳолати "бой" шудан пулашро ба нашри асарҳояш сарф мекунад. Ӯ мегӯяд, "10 ҷилд китоби чопнашуда дорам. Агар соҳиби маблағи бузург шавам, он асарҳоямро аз чоп мебарорам. Ман, ки бознишаста ҳастам, боз кор ҳам мекунам. Дар сурати пулдор шуданам аз кор меравам ва танҳо китоб мехонам ва менависам."

Посухҳои муфассали раҳгузарони дигари хиёбонҳои Душанберо дар ин навор бубинед ва аммо навиштани назару орзуҳои худро ҳам фаромӯш накунед.