Дафтари матбуоти сафорати Амрико дар Душанбе рӯзи сешанбеи 15 сентябр ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки ҳудудан 200 низомии амрикоӣ ба хотири ширкат дар трениги ситодии солона дар чорчӯби ҳамкориҳои минтақавии ИМА ва шариконаш дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ба Тоҷикистон омадаанд. Ба иттилои ин манбаъ “низомиёни амрикоӣ аз Фармондеҳии марказии артиши ИМА ҳастанд, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони худ дар тренинги ситодии минтақавӣ иштирок мекунанд ва маҳорату тавонмандии низомии худро сайқал медиҳанд". Ин манбаъ ҳадафи машқҳои минтақавиро тақвияти ҳамкорӣ миёни низомиёни амрикоӣ бо шариконашонон дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ ба манзури омодагӣ дар ҳолатҳои изтирорӣ унвон кард. Ба ин тартиб дар машқҳои минтақавӣ - низомиёни Амрико, Тоҷикистон, Покистон ва Муғулистон ширкат мекунанд. Ин дарсҳо хусусияти назариявӣ дошта, дар меҳмонхонаи "Шератон"-и Душанбе ҷараён хоҳанд гирифт.
Дар ҳамин ҳол, Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон, зимни тасдиқи ин хабар дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “тренинги муштараки минтақавӣ аз 16 то 26 сентябр дар қаламрави Тоҷикистон баргузор мешавад”. Ба гуфтаи ҷаноби Маҳмадалиев, бо баргузории ин дарсҳои омӯзишӣ ҳамоҳангӣ ва ҳамкории низомиёни кишварҳои ИМА ва Тоҷикистон ва шариконашон густариш хоҳад ёфт. Масъулони вазорати дифоъ ҳам мегӯянд, давраҳои омӯзишии минтақавӣ тактикӣ набуда, бештар назариявӣ мебошанд ва низомиён аз рӯи нақшаи аз пеш тарҳрезишуда амал хоҳанд кард.
Трениги минтақавӣ бо ширкати низомиёни амрикоӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳоле баргузор мешавад, ки амалиёти сохторҳои қудратии Тоҷикистон ба хотири безарар гардонидани гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистон дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат ҷараён дорад. Тибқи иттилои расмӣ дар муддати даҳ рӯзи шурӯи амалиёт 100 тарафдори Абдуҳалим Назарзода боздошт ва беш аз 20 нафари онҳо кушта шудаанд. Мақомоти вазорати умури дохилаи мегӯянд, ки Назарзода бо тарафдоронаш дар кӯҳҳои дараи Ромит панаҳ бурдааст.
Ҳанӯз амалиёти таъқиби онҳо идома дорад ва мақомот ҳамарӯза дар бораи боздошт ё кушта шудани шуморе аз тарафдорони ӯ хабар медиҳанд. Аз ҷумла, вазорати умури дохила аз саҳми сокинони маҳаллӣ дар ошкор ва боздошт кардани гумонбарони узвият дар гурӯҳи Назарзода изҳори сипос карда, дар як гузорише ҳафтаи гузашта хабар дод, ки 18 тарафдори генерал бо кӯмаки сокинони маҳаллӣ дастгир шуданд.
Зимнан, машқҳои минтақавӣ сол е як маротиба дар кишварҳои ширкаткунандаи он баргузор мешавад. Соли гузашта ин машқҳо дар аёлати Массечусеси ИМА доир шуданд, ки иддае аз низомиёни тоҷик дар ин размоишҳо ширкат карданд.