Як додраси амрикоӣ шоми 13 июл маҳдудияти сафар барои хешовандони шаҳрвандони шаш кишвари умдатан мусалмониро, ки аз ҷониби маъмурияти президент Доналд Трамп ҷорӣ шуд, рад кард.
Додраси ноҳиявии Ҳонолулу Деррик Вотсон гуфт, шаҳрвандони дорои падару модаркалон, амаку амма ва дигар хешутабор дар ИМА, ки ҳоло аз ҳақи сафар манъ шудаанд, бояд ба кишвар роҳ дода шаванд.
Аз Вотсон хоста шуд, ки қарори Додгоҳи олии ИМА дар бораи манъи вуруди 90-рӯзаи муҳоҷирон ва шаҳрвандони Эрон, Сурия, Сомалӣ, Либия, Яман ва Судонро, ки дар ИМА хеши наздик надоранд, шарҳ диҳад. Маъмурияти Трамп гуфт, ки қарори додгоҳи олӣ сафари танҳо онҳоеро иҷоза медиҳад, ки дар хоки ИМА хеши наздики мисли падару модар, ҳамсар, фарзанд ва бародару хоҳар доранд, дигар хешу табор аз назари онҳо хеши наздик ва узви оила ҳисоб намешаванд. Додгоҳи Ҳонолулу бо як қарори худ ин тасмимро манъ кард.
Вотсон гуфт, ки маъмурияти Трамп мафҳуми хешутабори наздикро нодуруст шарҳ ва маънидод мекунад. Вай гуфт, ки падару модаркалон асоси оила ҳастанд.
Аммаву холи ҳисоб не?
Матбуоти амрикоӣ хабар дод, ки шурӯъ аз 29 июн мусофирони шаш кишвари асосан мусалмоннишин метавонанд танҳо дар сурати доштани волидон ваё бародари хуниашон дар ИМА вориди ин кишвар шаванд, вале хешутабори дигари мисли модаркалон ё аммаву хола ба ҳисоб гирифта намешавад.
Ин дастур, ки рӯзи 28 июн содир шуд, дар паи қарори Додгоҳи олии ИМА қабул шуд, ки вуруди муваққатии шаҳрвандони шаш кишвари Ховари Миёна ва Африқои Шимолиро ба ИМА манъ мекунад. Ин шаҳрвандон танҳо дар сурати доштани хешу табори амрикоӣ ваё иртиботи корӣ бо ширкатҳои амрикоӣ ба ИМА роҳ дода мешаванд. Оҷонсиҳои Reuters ва AP бо такя ба шабакаҳои дипломатии Департаменти давлатӣ навиштанд, ки "хешу табори наздик"-ро волидон, ҳамсарон, фарзандон, писару духтарҳо, домоду арӯсҳо ва ба фарзандӣ хондашудаҳо ташкил медиҳанд.
Модаркалону набераҳо, аммаву амакҳо, хоҳару додарзодаҳо, додарарӯсу хоҳарарӯсҳо ва хешу “табори дигари дур” наметавонанд ба категорияи аъзои оила шомил шаванд. Ин маҳдудият марбут ба шаҳрвандони Эрон, Сурия, Яман, Судон, Сомалӣ ва Либия мебошад, ки дар давоми 90 рӯзи баъдӣ барои гирифтани визаи ИМА ариза медиҳанд. Ҳама гуна иртибот бо созмонҳои амрикоӣ “бояд расмӣ ва бо санад тасдиқшуда” бошад.