Додгоҳе дар Маскав вазири собиқи иқтисоди Русия Алексей Улюкаевро аз рӯи як парвандаи иттиҳоми “гирифтани пора” гунаҳгор ва ӯро ба 8 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард.
Дар ин бора хабарнигори Радио Свобода аз дохили додгоҳи Замоскворетскии шаҳри Маскав хабар дод. Аз ин пеш вакили дифои Улюкаев ба матбуот гуфт, ки зерҳимояаш аз болои ҳукми додгоҳ шикоят мекунад.
Ҳукми додгоҳ
Раиси мурофиа Лариса Семёнова қироати ҳукмро рӯзи 15 декабр бо таъхири якунимсоатааш шурӯъ кард. Ҳанӯз қироати матни пурраи ҳукм анҷом нашуда, наворбардорҳоро аз дохили додгоҳ берун карданд.
Алексей Улюкаев баландтарин мақомдори рус аз замони баъди марги
Дар таърихи Русия, танҳо Лаврентий Берия, як узви баландпояи Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки дар ҷараёни иҷрои вазифааш ва баъди марги Иосиф Сталин дар соли 1953 боздошт ва ба марг маҳкум шуд.
Сталин аст, ки ба муҳокимаи додгоҳӣ кашида шуда, барои гирифтани 2 миллион доллар пора аз раиси ширкати нафтии “Роснефт” Игор Сечин гунаҳгор мешавад. Ин пора, ба қавли тафтишот, ба хотири ризоияти вазир ба фурӯши ширкати нафтии “Башнефт” ба “Роснефт” дода шудааст.
Дар остонаи қироати ҳукми додгоҳ Улюкаев ба журналистони ҷамъомада гуфт, ки умедвор аст додгоҳи Замоскворетский ҳукми одилона содир мекунад. Додситонҳо аз додрас хостанд, ки Улюкаевро ба 10 соли зиндони низомаш сангин ва ҳам ҷарима ба андозаи 8,5 миллион доллар маҳкум кунад.
Улюкаеви 61-сола ҳамаи иттиҳомотро рад карда гуфтааст, ки ӯ қурбонии як саҳнаи сохтакоришуда гардид.
Вай дар додгоҳ гуфт, ки “ин қазия дар додгоҳ собит кард, ки ӯ ҳеҷ ҷинояте содир накардааст. Ман як қурбонии тавтеаи даҳшатнок шудам”, гуфт ӯ. Улюкаев иддао кард, ки Сечин ӯро фиреб карда як бастаи пур аз пулро ба ӯ дод, дар ҳоле, ки худи Улюкаев гӯё фикр кардааст, ки дар дохили ин халта навъҳои хеле қадимаву нодири вино мебошад.
Сечин як шарики қадимаву пурнуфузи президент Владимир Путин мебошад. Рӯзи 7 декабр, дар сухани охирини худ дар додгоҳ, додситон Павел Филипчук гуфт, ки шаҳодати қабули пул аз ҷониби Улюкаев вуҷуд дорад ва ин созиш сари сарнавишти ширкати “Башнефт” ҳосил шудааст.
Улюкаев ҳамаи ин иттиҳомотро ҳамчун бепояву асос рад карда гуфт, ки ин қазия сохтакории Сечин ва ФСБ ё Бюрои Федеролии Амнияти Русия аст. Улюкаев як узви тими либерали элитаи ҳукмрони Русия буда, Сечин, собиқ муовини раиси ситоди Кремлин, як шахси тундрав ва аз наздикони Путин ба ҳисоб меравад.
Улюкаев дар қароргоҳи “Роснефт” рӯзи 15 ноябри соил 2016 баъди чанд соати мулоқот бо Сечин боздошт шуд. Рӯзи дигар Путин ӯро аз мақом барканор кард. Дар таърихи Русия, танҳо Лаврентий Берия, як узви баландпояи Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки дар ҷараёни иҷрои вазифааш ва баъди марги Иосиф Сталин дар соли 1953 боздошт ва ба марг маҳкум шуд. Берия яке аз муттафиқони наздики диктатор Сталин буд.
Зимнан, рӯзи 14 декабр дар нишасти матбуотии президент Путин бо журналистон ба саволи ин ки чаро худи Сечин аз чор мавриди даъват ҳеҷ гоҳ дар додгоҳ ҳозир нашуд, то ки ба унвони шоҳид баёнот диҳад, президенти Русия зоҳиран аз ин савол нороҳат шуд. Вай гуфт, раҳбари “Роснефт” метавонист ба ин мурофиа ҳозир шавад.