Трамп: Мулоқот бо раҳбари Кореяи Шимолӣ шояд барпо шавад

Президенти ИМА Доналд Трамп баъди бекор шудани мулоқоти ӯ бо раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ун, ки қарор буд рӯзи 12 июн барпо шавад, гуфт, Вашингтон боз ҳам гуфтугӯро бо ӯ идома медиҳад.

Трамп рӯзи 25 май дар Вашингтон ба хабарнигорон гуфт, «ҳама бозӣ мекунанд». Ба саволи хабарнигорон дар бораи он ки мулоқот баргузор мешавад ё на, ӯ гуфт: «Мебинем, ки чӣ мешавад. Эҳтимолан мулоқот рӯзи 12 июн барпо шавад».

Муовини вазири хориҷаи Кореяи Шимолӣ Ким Ке Гван дар вокуниш ба изҳороти Трамп гуфт, ки Пхенян ҳамоно омода аст, ки масоили эҷодшаванда бо Вашингтонро “дар ҳар фурсат ва бо ҳар гуна роҳ” баррасӣ кунад.

Трамп дар Кохи Сафед гуфт, ки ҳарду ҷониб ҳам хостори баргузор шудани ин музокирот мебошад. Вай гуфт: «Онҳо бисёр мехоҳанд, ки ин мулоқот баргузор шавад. Мо ҳам инро мехоҳем».

Трамп мулоқот бо раҳбари Кореяи Шимолиро лағв кард

Изҳороти тозаи Трамп дар ҳоле садо дод, ки рӯзи 24 май ӯ ногаҳон хабар дод, ки мулоқоташ бо раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Унро, ки қарор буд дар Сингапур баргузор шавад, лағв мекунад. Чанд рӯз пеш аз ин Кореяи Шимолӣ эълон кард, ки ба таври якҷониба аз силоҳи ҳастаии худ даст нахоҳад кашид ва мумкин аст ин мулоқот баргузор нашавад. Раиси ҷумҳури Амрико сабаби лағви ин мулоқотро "душмании ошкор" дар мавқеъгирии ахири ҳукумати Кореяи Шимолӣ гуфт.

Доналд Трамп дар номае ба раҳбари Кореяи Шимолӣ, ки Кохи Сафед мунташир кард, гуфт, ба хотири мавқеъгириҳои ахири Кореяи Шимолӣ, "дар ҳоли ҳозир чунин нишасти аз пеш барномарезишудае муносиб нест."

Фурсат аз даст рафт?

Раиси ҷумҳури Амрико дар номаи худ хитоб ба Ким Чен Ун бо зикри ин, ки "бисёр чашминтизори ин дидор будам", афзудааст, ки "мутаассифона ба хотири хашми бузург ва душмании ошкоре, ки дар тозатарин баёнияи шумо дида мешавад, ҳис мекунам муносиб нест дар ин марҳила ин нишастро, ки аз қабл барномарезӣ шуда буд, баргузор кунем."

Доналд Трамп ин амрро "аз даст рафтани як фурсат" хонд ва ибрози умедворӣ кард, ки баъдҳо бо раҳбари Кореяи Шимолӣ мулоқот кунад. Президенти Амрико дар ин нома гуфтааст, Кореяи Шимолӣ дар бораи тавоноии ҳастаии худ сухан мегӯяд, "аммо (тавоноии ҳастаии мо) чунон бузург ва қудратманд аст, ки дуо мекунам ҳаргиз мавриди истифода қарор нагирад."

Ким Чен Ун

Ҷанги лафзӣ байни Пхенян ва Вашингтон низ дар рӯзҳои ахир ба хусус пас аз изҳороти Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии Доналд Трамп афзоиш ёфтааст. Ҷон Болтон чанд рӯз қабл дар як мусоҳибаи телевизионӣ гуфт, ки модели халъи силоҳи Кореяи Шимолӣ метавонад монанди "намунаи Либия" дар соли 2003 бошад.

Сарҳанг Қаззофӣ дар соли 2003 довталабона барномаи ибтидоии ҳастаии худро мутаваққиф кард ва аз таҳримҳо озод шуд. Ҳукумати сарҳанг Қаззофӣ дар соли 2011 ҳадафи ҳамлаи эътилофи НАТО қарор гирифт ва вай саранҷом аз сӯи мухолифонаш кушта шуд.

Таассуфи Кореяи Шимолӣ аз бекор шудани мулоқот

Муовини вазири умури хориҷии Кореяи Шимолӣ дар вокуниш ба ин изҳороти Ҷон Болтон изҳори "нохушнудӣ" карда буд. Ҷон Болтон дар моҳи феврали соли ҷорӣ низ дар мақолае таҳти унвони "Парвандаи қонунӣ дар мавриди ҳамлаи пешдастона ба Кореяи Шимолӣ" дар бораи зарурати ҳамлаи Амрико ба Кореяи Шимолӣ далелҳо оварда буд.

Субҳи 25 май як мақоми баландпояи Кореяи Шимолӣ гуфт, ки кишвараш ҳамоно хоҳишманди барпо шудани мулоқот бо президенти ИМА Доналд Трамп аст. Муовини вазири хориҷаи Кореяи Шимолӣ Ким Ке Гван дар вокуниш ба изҳороти Трамп гуфт, ки Пхенян ҳамоно омода аст, ки масоили эҷодшаванда бо Вашингтонро “дар ҳар фурсат ва бо ҳар гуна роҳ” баррасӣ кунад.

Гван гуфт, ки қарори Трамп “ғайримунтазира” ва “хеле таассуфовар” аст. Вай гуфт, бекор шудани ташкили музокирот баёнгари “амиқ будани таърихи адовати Кореяи Шимолӣ ва ИМА ва бо ҳамин сабаб зарурати ба таври сареъ ташкил кардани ҳамоиш ба хотири беҳбуди равобитро намоиш медиҳад”.