Муҳиба, як сокини Душанбе, мегӯяд бо тақозои пешааш, аксари вақти худро дар ин шабу рӯзи гарми тобистон дар берун аз идора сипарӣ мекунад ва аз шиддати гармо оби зиёд менӯшад. Вай бо лабханд мегӯяд, дар як рӯз беш аз панҷ шишаро холӣ мекунад ва муҳим нест, ки оби куҷосту нӯшобаи кадом ширкат, муҳим ташнагияш шиканад. «Сифати онро акнун мо муайян карда наметавонем бе ин ҳам. Ҳарчанд медонам, ки имрӯз дар мағозаҳои шаҳр обҳои бесифату худсохт ҳам хеле зиёданд, аммо мо аз куҷо донем, ки даруни он шиша чӣ корҳост, ин кори муттахассисон аст ва мо дигар дониста-надониста мехарему менӯшем»- мегӯяд Муҳиба.
Дар шабу рӯзе, ки обу шарбатҳо аз серхаридортарин моланд, оҷонсии “Тоҷикстандарт” дар як амалиёти вижа дар авоили моҳи равон, беш аз 4 тоннаи танҳо як навъи нӯшобаро, ки бо барчаспи «Пико» аз Қирғизистон вориди бозорҳои Душанбе шудааст, бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи санитарӣ аз фурӯш гирифт ва нобуд кард. Дар пайи санҷиши ахири ин ниҳод ҳамчунин, дар вилояти Суғд як коргоҳи хурди нӯшобаҳо ҳам ошкор шудааст, ки бидуни риояи меъёрҳои зарурӣ дар он панҷ навъи нӯшокӣ бо тамғаҳои «Яблоко» «Лимонад» «Тасним» ва «Колаву» «Персик» тавлид мешудааст. Мақомот наздик ба 5 ҳазор литр нӯшобаҳои худсохти ин коргоҳро аз бозор гирифтанд. Маҳкамбой Каримов, яке аз масъулони маркази «Тоҷикстандарт» дар вилояти Суғд мегӯяд, нӯшокиҳое, ки дар Хуҷанд ошкор шуданд дар як сохтмони нотамом ва дур аз талаботи беҳдоштӣ ва бидуни иҷозат тавлид мешуданд.
«Тоҷикстандарт» мегӯяд, аз оғози мавсими гармо дар бозорҳои кишвар ҷамъан беш аз 300 тонна нӯшоба ва шарбатҳои ташнагишикан ошкору мусодира шуданд, ки ба талабот ҷавобгӯ набуданд. Дар ин миён ҳудуди 200 000 шиша нӯшобаҳои маъруф дар Тоҷикистон «Кока кола», «Фанта», «Спрайт» -и истеҳсоли Қазоқистон ҳам ғайристандарӣ дониста шуда, аз фурӯш гирифа шудааст. Масъуоини «Тоҷикстандарт» ширкати «Кока кола -- нӯшокиҳои Тоҷикистон»-ро, ки ин обҳоро аз Қазоқистон ворид месозад, ба он айбдор кард, ки санаи истеъмоли нӯшобаҳоро 6 моҳ тағйир дода, ба фурӯш гузоштааст.
Аммо як намояндаи ширкати «Кока кола - Нӯшокиҳои Тоҷикистон», ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, ин иддаоро рад намуд ва гуфт: «Мо корро нав сар кардагӣ будем, барои ҳамин камтар ҳисобамон хато шудагӣ ва мӯҳлати истеъмолӣ ду ҳафта гузашт. Ва он ҳам фақат мӯҳлати як намуд нӯшокиамон. Аммо “Тоҷикстандарт” ҳамаро яксон омехӣта кард, мӯҳлати ягон маводи мо 6 моҳ нагузаштааст, онҳо ҳамаро кӯҳна гуфта, ҳама ҷоба овоза карданд, номи ширкат бад шуд. Баъд аз он чанд фурӯдшгоҳ ҳамкориро бо мо бас кард. Ҳоло муомилотро аз сар гирифтем.»
Ин ҳам дар ҳоле, ки бархе аз масъулон мегӯянд, соҳибкорон ба хотири даромади бештар, аз ширкатҳои тавлидотии хориҷӣ маҳсулотеро, ки мӯҳлати истифодабариаш кам мондааст, бо нархи арзон харида, ба кишвар меоранд, аммо табъан ҳамаи онро дар муддати боқимонда фурӯхта наметавонанд.
Баҳром Абдуллоев, як масъули оҷонсии «Тоҷикстандарт» гуфт, дар ҳоли ҳозир бозори об серрақобат аст ва тавлидкунандагон ҳам ҳавасманданд, ки маҳсулоти хушсифат бароранд, аммо аксаран тоҷирон гунаҳгоранд, чун обҳоро дар шароити номусоид, зери офтоби сӯзон нигаҳдорӣ мекунанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар зимн дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофии он беш аз 30 корхона ва дар вилояти Суғд ҳудуди 7 корхонаи тавлиди обу нӯшокиҳои ғайриспиртӣ фаъолият доранд. Аксари ин корхонаҳо мавсимӣ буда, бо фарорасии фасли гармо обу нӯшокиҳоро вориди бозор мекунанд.
Садриддин, як фурӯшандаи обу ғизо дар Душанбе, мегӯяд, онҳо ғолибан нӯшобаҳои ширкатҳои номдорро қабул мекунанд. Аммо мегӯяд, ҳоло афроде ҳам кам нестанд, ки бо истифода аз номи ширкатҳои маъруф обҳои худсохту бесифатро вориди бозор мекунанд, бинобарин Садриддин мегӯяд, онҳо қабл аз қабули нӯшокиҳо ба сифату ҳуҷҷатҳои ширкатҳо диққати ҷиддӣ медиҳанд, «нафароне ҳам зиёданд, ки муҳим барояшон на арзиш балки сифати нӯшокӣ аст, бинобарин мо ҳам кӯшиш мекунем аз обҳои босифатро харидуфурӯш кунем, то дар корамон мушкиле пеш наояд.»
Нурулло Бояков, як масъули Маркази санитарӣ ва эпидемиологии Тоҷикистон мегӯяд, маводи бесифат ва аз ҷумла нӯшобае, ки ба талаботи беҳдорӣ ҷавобгӯ нестанд ё мӯҳлати масрафашон гузаштааст ба саломатии инсон хатар дошта, метавонад дар ин мавсими гарм боиси паҳн шудани бемориҳои вогири меъдаву рӯда гардад. Ӯ мегӯяд, аксари тоҷикроне, ки ба фурӯши маҳсулоти ғизоӣ даст мезананд, мутахассиси соҳа нестанд ва мӯҳлати истифодабариро дар маҳсулоти худ зикр намекунанд, харидорон низ ба ин нуктаи муҳим аҳамият намедиҳанд. "Харидор ҳақ дорад ва бояд зимни хариди ҳамагуна мавод санади сифати онро аз савдогар талаб кунад, бубинад ва бояд ин корро кунад» - мегӯяд Нурулло Бояков.
Бо ин ҳол мақомоти «Тоҷикстандарт» аз харидорон даъват мекунанд, ки барои ошкор кардани маҳсулоти бесифат ва нӯшокиҳои худсохт, ба ин ниҳод кӯмак кунанд. Кормандони ин ниҳод мегӯянд, сокинони кишвар дар ин маврид бо онҳо чандон ҳамкорӣ намекунанд ва фаъол нестанд. Дар як сол ҳамагӣ 103 нафар бо шикоятҳои мухталиф дар робита ба сифати маҳсулоти бозор ба ин ниҳод муроҷиат кардааст.