Меҳмони вижаи Намоишгоҳи китоби Теҳрон. Тоҷикистон ё Уммон?

Шӯрои сиёсатгузории Намоишгоҳи китоби Теҳрон, Тоҷикистон ва Уммонро ба унвони меҳмонони вижа интихоб кардааст.

Хабаргузории "Тасним"-и эронӣ аз қавли масъулин дар Шӯрои сиёсатгузории Намоишгоҳи китоби Теҳрон иттилоъ додааст, ки Тоҷикистон ва Уммон ба унвони меҳмонони вижаи ин намоишгоҳ интихоб шудаанд. Дар намоишгоҳи соли гузашта, Афғонистон ба унвони меҳмони вижа ширкат карда буд.

Масъулони баргузории ин намоишгоҳ гуфтаанд, ки ҳоло бо раванди барномарезӣ барои баргузории бисту ҳаштумин давраи ин рӯйдоди бузурги фарҳангӣ, боз баҳси меҳмони вижа боз шудааст. Қарор аст ин намоишгоҳ дар моҳи майи соли ҷорӣ баргузор шавад.

Шӯрои сиёсатгузории Намоишгоҳи китоби Теҳрон пеш аз ин аз Тоҷикистон ба унвони гузинаи пешниҳодӣ барои меҳмони вижа шудан дар Намоишгоҳи китоби Теҳрон ёд карда буд, ки ба гуфтаи сухангӯи ин шӯро Маҳмуд Омӯзгор, барномаи Тоҷикистон барои ҳузур дар намоишгоҳи китоби Эрон ироа нашудааст.

Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, Шӯрои сиёсатгузорӣ дар охирин нишасти худ, ки ҳафтаи гузашта баргузор шуд, як гузинаи дигар низ ба унвони меҳмони вижа матраҳ кардааст ва он кишвари Уммон аст. Пешниҳоде, ки аз сӯи Уммон мавриди истиқбол қарор гирифта ва аз ҳамин рӯ фурсати бештаре барои интихоб ба унвони меҳмони вижаи Намоишгоҳи китоби Теҳронро дорад. Уммон аз кишварҳои подшоҳи дар ҳошияи Халиҷи Форс мебошад ва фаъолиятҳои фарҳангӣ ва нашр китоб дар ин кишвар ба таври густурад анҷом мешавад. Ҳар сол дар ин кишвар намоишгоҳи байналмилалии китоб доир мешавад.

Аммо мақомоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯянд, ки даъватнома аз ҷониби Эронро дарёфт кардаанд ва раёсати табъу нашри вазорат масъули омодагӣ ба ин намоишгоҳро мебинад. Ба гуфтаи вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ин масъала ду маротиба дар ҷаласаи вазорат мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон, намоишгоҳе аст, ки дар моҳи майи ҳар сол дар Теҳрон баргузор мешавад. Ин намоишгоҳ аз бузургтарин рӯйдодҳои фарҳангии Эрон ба шумор меравад ва дар он ноширони китоб аз бисёре аз кишварҳои дунё ширкат мекунанд.